|
МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
| |
Bonu | Дата: Суббота, 2008.08.30, 08:02 | Сообщение # 1 |
 Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус: 
| Муборакбодии рамазонӣ Рӯзи якуми сентябр моҳи шарифи рамазон оғоз мегардад ва дар давоми 30 рӯз мусулмонони кишвар бо анҷом додани як рукни асосии дини мубини Ислом паёпай рӯзадор хоҳанд буд. Аҳли эҷоди ҳафтаномаи "Миллат" якояки мусулмонони кишварро бо фарорасии моҳи хушнудии парвардгор муборакбод мегӯянд ва таманнои онро доранд, ки моҳи рӯзадорӣ чун ҳамеша файзбору пурбаракат бошад ва ояндаи ҳаёти мардум бо файзу баракати он идома ёбад. Ба муносибати фарорасии моҳи шарифи рамазон идораи ҳафтаномаи "Миллат" барои хонандагони азизу гиромиқадри хеш сафаҳоти рамазониро ба нашр мерасонад, ки муҳтавои он марбут ба моҳи мубораки рамазон ва аҳкоми рӯзадорӣ мебошад. Рамазон ва солшумории ҳиҷрӣ Рамазон аз ҷумлаи моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарист. Дар тақвими ҳиҷрии қамарӣ, ки дар байни мардуми мусулмони тоҷик бо номи тақвими мусулмонӣ маълуму машҳур аст, рамазон пас аз моҳи шаъбон ва пеш аз моҳи шаввол меояд. Солшумории ҳиҷрии қамарӣ аз замони ҳиҷрати паёмбари Ислом Муҳаммад (с) аз Макка ба Ясриб (Мадинаи имрӯзӣ) дар соли 622-и мелодӣ оғоз шуда, имсол санаи 1429-и ҳиҷрии қамарӣ мебошад. Калимаи "ҳиҷрӣ" мансуб ба ҳиҷрати паёмбари Ислом ва "қамарӣ" мансуб ба қамар, яъне моҳтоб аст. Дар маҷмӯъ, ин солшуморӣ аз соли ҳиҷрат шурӯъ гашта, моҳҳои он мутобиқи гашти моҳтоб ҳисоб карда мешаванд. Дар ин солшуморӣ 6 моҳ 30-рӯзӣ ва 6 моҳи дигар 29-рӯзӣ мебошанд ва ҳамагӣ 354 рӯзро ташкил медиҳанд. Ба моҳи охирони солҳои 2, 5, 7, 10, 13, 15, 18, 21, 24, 26 ва 29-и давраи 30 сол як рӯз афзуда мешавад ва ҳамин тавр 32 соли гоҳшумории мелодӣ (ки аз рӯйи гашти офтоб ҳисоб карда мешавад) баробар ба 33 соли тақвими ҳиҷрии қамарӣ мешавад. Суоле ки бештар дар ин бора матраҳ мешавад он аст, ки чаро рамазон ҳар сол қафо меояд. Хонандаи закӣ алакай дарк намуд, ки соли қамарӣ 354 шабу рӯз дорад ва солшумории офтобии маъмул дар кишвари мо иборат аз 364 ё 365 шабу рӯз аст. Ба ҳамин хотир аст, ки рамазон ҳар сол 10 ё 11 рӯз қафо меояд. Шояд дар ин солшуморӣ ҳикмате дигар ҳам бошад, ки рамазон ҳар сол дар рӯзҳои дароз ё кӯтоҳи сол не, балки ҳарсола тағйир меёбад. Феълан мӯйсафедону кампирҳои муборакқадамеро ёфтан имкон дорад, ки фарзи рӯзадориро дар ҳама фаслҳои сол адо кардаанд. Хушо ба ҳоли онон, ки хушбахтанду растагор! Бигзарем сари маънои рамазону рӯзадорӣ. Рамазон калимаи арабӣ буда, бо шаклҳои рамазонот, рамозин, армизо ва армиза ҷамъбандӣ мешавад. Рамазон аз масдари арабии "рамаз" сохта шудааст, ки ба маънои шиддати гармо ва тобиши офтоб бар регистон омадааст. Он моҳи нуҳум дар соли қамарист ва теъдоди рӯзҳояш 30-тост. Рамазон моҳи рӯзадории мусулмонҳост ва 30 шабу рӯзи он бо зикри Худову тиловату қироати Қуръони карим гиромӣ дошта мешавад. Гуфтем, ки маънои рамазон шиддати гармо ва тобиши офтоб бар рег аст. Интихоби чунин вожа аз диққати назар ва салосати забонии хоссе бархӯрдор аст. Зеро сухан аз гудохта шудан аст ва шояд ба таъбире дигаргун шудан дар зери офтоби гарму сӯзони нафс ва зарбаҳои беамони он аст. Рамазон моҳи таҳаммули сахтиҳову ташнагии нафс мебошад. Ташнагие аз офтоби сӯзон ё гармои шадиди рӯзҳои дарози тобистон ва ташнагие аз нафси саркаш, ки паёпай мегудозад ва сӯзиши он ҷуброннопазир аст. Дар қиёси ин ду сӯзиш дақиқан робитаи акс барқарор мебошад. Ба ин маъно ки нафси саркаш бо чашидани об ташнатар мегардад ва ҳаргиз ба нӯшидани як ҷуръа кифоят намекунаду пайваста одамиро дар талоши хастагинопазир чиҳати розӣ кардани тамоюлоти худ вомедорад. Дар бастагӣ ба ҳамин Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо лутфи калом чунин ташбеҳе волоро зикр карда мегӯяд: Оби кам ҷӯ, ташнагӣ овар ба даст, То биҷӯшад обат аз болову паст. То "сақоҳум раббуҳум" ояд ҷавоб, Ташна бош, "Аллоҳу аълам биссавоб". З-ин талаб банда ба кӯйи ҳақ расид, Дард Марямро ба хурмобун кашид. Аз дигар ҷониб ташнагие, ки аз таъсири офтоб мешавад, серипазиру қонеъшаванда аст. Рӯза ва рӯзадорӣ Рӯза доштан маъмулан ба маънои худдорӣ кардан аз хӯрдану нӯшидану ҳамбистарист. Рӯзаро дар забони арабӣ савм мегӯянд ва ин вожа барои бештари мусулмонҳои таҳсилдида ошност. Калимаи арабии "савм" мутлақо ба маънои худдорӣ кардан аст. Рӯзадорӣ дар Ислом Дар шариати исломӣ рӯзадорӣ худдорӣ аз хӯрдану нӯшидану ҳамбистарӣ аз дамидани субҳ то ғуруби офтоб бо ният аст. Ё он худдории махсус аз шахси хос дар вақти муайян мебошад. Мутобиқи иттилои кутуби муътабари исломӣ, Офаридгор рӯзаи рамазонро дар моҳи шаъбони соли дуввуми ҳиҷрӣ бар мардону занони мусулмон фарз гардонид. Рӯзаи моҳи рамазон ва амр бар адои он дар Қуръон Дар ояти 183-уми сураи "Бақара" омадааст: "Ай касоне, ки имон оварданд, лозим карда шуд бар шумо рӯза доштан, чунончи лозим карда шуд бар касоне, ки пеш аз шумо буданд. То бошад ки парҳезгорӣ кунед." Яъне, ай касоне, ки вуҷуди Худо ва паёмбари ӯ будани Муҳаммадро аз сидқи дил бовар дореду тибқи фармудаи ӯ кор мекунед, монанди қавмҳои пештара рӯзадорӣ бар шумо фарз шуд. Шояд шумо аз парвардгоратон битарсед ва бо тоату парастиши ӯ аз маъсияту нофармонӣ дурӣ кунед. Аз ояти мазкур бардошт мешавад, ки рӯзадорӣ таърихе дароз дорад ва танҳо хосси гурӯҳе аз мардум нест, балки дар тӯли таърихи башарият бо фитрати башар омезиш ёфтааст. Ояти 187-уми сураи "Бақара" аҳкоми рӯзадориро баён мекунад. Дар он омадааст: "Ҳалол карда шуд барои шумо дар шаби рӯза мухолитат кардан бо занони худ. Онҳо ба манзалаи пӯшишанд шуморо ва шумо онҳоро ба ҷойи пӯшишед. Худо донист, ки шумо дар ҳаққи хештан хиёнат мекардед, пас ба меҳрубонӣ бозгашт бар шумо ва даргузашт аз шумо. Пас алҳол мухолитат кунед бо занон ва талаб кунед ончиро ки Худо барои шумо муқаддар кардааст, яъне авлод. Ва бихӯреду бинӯшед то онки рӯшан шавад барои шумо риштаи сафед аз риштаи сиёҳ (мурод аз риштаи сафед фаҷр аст). Пас аз он тамом кунед рӯзаро то шаб. Ва мисос накунед занонро дар ҳоле, ки муътакиф бошед дар масҷидҳо. Инҳо манҳиёти Худо аст. Пас наздик нашавед ба онҳо. Ҳамчунин баён мекунад Худо оятҳои худро барои мардумон, то парҳезгорӣ кунанд." Аз маънои ин оят бармеояд, ки Худованд дар шабҳои моҳи рамазон ҳамбистар шудану муҷомаатро раво донистааст. Дар баробари ин ба таъкид расонда, ки зану марди мусулмон пӯшиш ва ҳифзи ҳамдигаранд. Худованд вақти рӯзадориро аз дамидани субҳ то ҳийни шом муайян карда, мегӯяд, ки шояд бо иҷрои ин амр мардум парҳезгор шаванд. Рӯза ва рамазон дар аҳодиси паёмбар Дар бораи Рамазону рӯзадорӣ дар ҳадисҳои паёмбари гиромии ислом (с) бисёр омадааст. Ҳеч китобе оид ба ҳадис вуҷуд надорад, ки бахше аз он дар боби рӯзаи моҳи рамазон набошад. Ҳадиси машҳуре, ки дар бештари китобҳои ҳадис ворид шудааст, ба минволи зайл аст: "Аз Абӯҳурайра (р) омадааст, ки расули Худо (с) гуфт: Рӯза сипарест намешиканаду вайрон намешавад, агарчанде марде бо он биҷангаду хораш кунад, пас бояд ду бор бигӯяд: ман рӯзадорам. Қасам ба номи ҳамоне ки ҷони ман дар дасти ӯст, бӯйи даҳони рӯзадор назди Худойи таоло аз бӯйи мушк хуштар аст. Таому шаробу шаҳваташро барои ман тарк мекунад. Рӯза барои ман аст ва барои ҳар некӣ даҳ баробари он подоши онро худам медиҳам". Саҳл (р) аз паёмбар (с) мегӯяд, ки гуфтааст: Дар биҳишт даре ҳаст, ки онро райён мегӯянд.Бо он дар дар қиёмат танҳо рӯзадорон медароянд. Он ҳангом гуфта мешавад: Рӯзадорон куҷо ҳастанд? Онон ки дар Дунё рӯзаро адо мекарданд, бармехезанд ва ба ҷуз онҳо кассе дигар аз он дар дохил намешавад. Вақте ки вориди биҳишт мешаванд, дар пӯшида мегардаду дигар касе бо он роҳ намеёбад. Шиканандаҳои рӯза Мутобиқ ба Қуръону суннат донишмандон аъмоли шиканандаи рӯзаро муайян кардаанд. Агар рӯзадоре аз дамидани субҳи содиқ то ғуруби офтоб яке аз онро анҷом бидиҳад, рӯзааш фосид мешавад. Бо содир кардани баъзеи ин аъмол қазо кардан ва каффорати гуноҳ воҷиб мегардад. Масалан, агар рӯзадоре қасдан чизе бихӯрад, биошомад ё ҷимоъ (алоқаи ҷинсӣ) анҷом диҳад, ҳам қазо ва ҳам каффорат бар ӯ воҷиб мегардад. Дигар корҳое, ки рӯзаро фосид мекунанд, ба қарори зайланд: Бӯса кардану ламс намудане, ки боиси баромадани оби манӣ шавад; сангрезаву чизе ки хӯрданӣ нест ё фурӯ бурдани донаи себ; чакондани даво бар гӯшу бинӣ ё димоғ; қай кардан бо пурии даҳон.
Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
|
|
| |
DeamonShan | Дата: Понедельник, 2008.09.01, 00:58 | Сообщение # 2 |
 Сержант
Группа: Почетные
Сообщений: 70
Награды: 0
Репутация: 4
Статус: 
| Як суол дорам. Гар касе дар тамоми умри худ рузе руза надошта бошад, чи ходиса хохад шуд?
новости
|
|
| |
Bonu | Дата: Понедельник, 2008.09.01, 07:39 | Сообщение # 3 |
 Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус: 
| DeamonShan, Salom barodar! Agar shumo dar borai dini islom tasavurot medoshtedu khudro musalmon hisob mekarded boyad ruza medoshted,chunki ruza nadaoshtan in gunohi azim ast. Va yake az rukunhoi islom ruza doshtan da mohi sharifi Ramazon meboshd. Yo inki shumo az in hama bekhabar budedu hozir khud dar khijolat hasted v niyti ruza giriftan dar dilaton hast in yagon shubhe nadorad ,Khudovand bakhshanday mehrubon ast. Asosash inki shumo dar dilaton boshadu az dili sof ruza dored. Nokarda gunah dar in jahon kist, bigu, On kas,ki gunah nakard,chun zist, bigu, Man bad kunamu tu bad mukofot dihi. Pas fark miyoni manu tu chist, bigu. Be ilmu amal bihishti rizvon natalab, Be ruzay be namoz imon matalab. Khohi,ki puli Sirot oson guzari, Ozori dili hej musulmon matalab. Добавлено (2008.09.01, 07:39) --------------------------------------------- МОХИ РАМАЗОН ОМАД АЗ СУИ БИХИШТ. ОМАД БА МАШОМИ МУЪМИНОН БУИ БИХИШТ. ХАР КАС КИ ДАР ИН МОХ ДИЛОЗОРИ КАРД. НА РУИ БИХИШТ БИНАДУ НА БУИ БИХИШТ
Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
|
|
| |
DeamonShan | Дата: Понедельник, 2008.09.01, 09:21 | Сообщение # 4 |
 Сержант
Группа: Почетные
Сообщений: 70
Награды: 0
Репутация: 4
Статус: 
| Аз хамаи ин ман бохабар, яъне ба ман гуфтаанд. Лекин ман руза нахохам дошт, чун ки саломатии худро нигох медорам
новости
Сообщение отредактировал DeamonShan - Понедельник, 2008.09.01, 09:36 |
|
| |
Lolaz | Дата: Понедельник, 2008.09.01, 12:31 | Сообщение # 5 |
 Подполковник
Группа: Почетные
Сообщений: 214
Награды: 0
Репутация: 8
Статус: 
| DeamonShan, Esli u tebya problemi so zdorovyem ruzu derjat ne nado,no est para nyuansov kotorie nado uchitivat pri etom.....
Dobro vsegda vozvroshyaetsya dobrom
|
|
| |
DeamonShan | Дата: Понедельник, 2008.09.01, 12:37 | Сообщение # 6 |
 Сержант
Группа: Почетные
Сообщений: 70
Награды: 0
Репутация: 4
Статус: 
| Lolaz, ))) не хочу казаться грубым, но эти нюансы меня не интересуют... как-то держав два дня я чуть ли в больницу не попал...извенитЕ... такое искупление грехов мне не надо... да и не искупить их нам никогда.......
новости
|
|
| |
Lolaz | Дата: Понедельник, 2008.09.01, 12:43 | Сообщение # 7 |
 Подполковник
Группа: Почетные
Сообщений: 214
Награды: 0
Репутация: 8
Статус: 
| Poetomu ya ih srazu i ne pisala, no i oni ne kasaetsya tvoego sostoyaniya zdorovya,a prosto to chto ti esli v sostoyanie doljen pomoch nujdayushimsya iftarom(ujinom ramazana) i vsyo.
Dobro vsegda vozvroshyaetsya dobrom
|
|
| |
DeamonShan | Дата: Понедельник, 2008.09.01, 13:29 | Сообщение # 8 |
 Сержант
Группа: Почетные
Сообщений: 70
Награды: 0
Репутация: 4
Статус: 
| Lolaz, в москве???
новости
|
|
| |
Lolaz | Дата: Вторник, 2008.09.02, 07:56 | Сообщение # 9 |
 Подполковник
Группа: Почетные
Сообщений: 214
Награды: 0
Репутация: 8
Статус: 
| Ih gde zahochesh naidyosh k sojaleniyu.
Dobro vsegda vozvroshyaetsya dobrom
|
|
| |
Bonu | Дата: Вторник, 2008.09.02, 21:54 | Сообщение # 10 |
 Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус: 
| DeamonShan, DeamonShan, Esli u tebya problemi so zdorovyem ruzu derjat ne nado,no est para nyuansov kotorie nado uchitivat pri etom..... Da pravda govorit Lolaz,.
Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
|
|
| |
Гость | Дата: Воскресенье, 2008.09.07, 18:22 | Сообщение # 11 |
Группа: Гости
| Ман хурсандам,ки Худо ба мо хаминхел рузи нагзро офаридааст.
|
|
| |
Bonu | Дата: Понедельник, 2008.09.08, 07:19 | Сообщение # 12 |
 Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус: 
| Гость, Balle az savobu samarash khudovand hami moy shumoro bo nasib gardonad.
Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
|
|
| |
Гость | Дата: Понедельник, 2008.09.08, 16:05 | Сообщение # 13 |
Группа: Гости
| DeamonShan, есть такое место чтоб тебя не было!!!!
|
|
| |
Добрая | Дата: Вторник, 2008.09.09, 11:23 | Сообщение # 14 |
 Администрация
Группа: Администраторы
Сообщений: 2629
Награды: 24
Репутация: 44
Статус: 
| Рамадан (араб.) или Рамазан – девятый месяц мусульманского календаря. Этот месяц является самым важным и почетным для мусульман. В течение всего месяца соблюдается строгий пост («ураза»), который подразумевает под собой отказ от воды, еды и интимных отношений в светлое время суток. «О те, которые уверовали! Пост является для вас таким же обязательным предписанием, как и для тех, кто был до вас. Возможно, вы будете богобоязненными [выполнив это божественное предписание]» (Священный Коран, 2:183)«О те, которые уверовали! Пост является для вас таким же обязательным предписанием, как и для тех, кто был до вас. Возможно, вы будете богобоязненными [выполнив это божественное предписание]» (Священный Коран, 2:183) Отказ от приема пищи от того времени когда «черная нитка начинает отличаться от белой» до полного захода солнца не является самоцелью поста. Смыслом воздержания и поста вообще является укрепление веры, духовный рост, переосмысление своего образа жизни, приоритетов. Пост для мусульман это в первую очередь возможность удалиться от запретного, определить для себя истинные жизненные ценности. Пост предписывается всем половозрелым мусульманам и является одним из пяти столпов Ислама. Особо отмечается, что от поста освобождаются те, кто не имеет возможности его соблюдать: пожилые люди или мусульмане, имеющие хронические заболевания. Но тогда мусульманин должен за каждый день поста накормить неимущего или оказать помощь нуждающемуся (в размере не менее той суммы, которую от тратит в день на пищу). Также от поста освобождаются те, кого Рамадан застал в пути или при других обстоятельствах не позволяющих держать пост. В этом случае пропущенные дни поста восполняются в дни следующего месяца. Завершается месяц Рамазан и пост вторым по значению мусульманским праздником Ид уль-фитр (Рамазан байрам), начинающегося с заходом солнца в последний день Рамазана и продолжающегося 1-го и 2-го числа следующего месяца Шавваль. После завершения коллективной молитвы в мечети в 1-й день месяца Шавваль мусульмане отправляются на праздничную трапезу, в ходе которой принято угощать не только родных и близких, но и соседей, знакомых (независимо от их вероисповедания). Раздача милостыни (садака) является обязательным условием празднования. Также в праздничные дни принято посещать могилы родственников.
Нести добро людям!!!!
|
|
| |
Добрая | Дата: Среда, 2008.09.10, 13:15 | Сообщение # 15 |
 Администрация
Группа: Администраторы
Сообщений: 2629
Награды: 24
Репутация: 44
Статус: 
| Расписание времени начала и завершения поста для Москвы (2008 г.) 1 сентября = 1 Рамадан : рассвет 04:53 - закат 20:25 2 сентября = 2 Рамадан : рассвет 04:55 - закат 20:22 3 сентября = 3 Рамадан : рассвет 04:57 - закат 20:19 4 сентября = 4 Рамадан : рассвет 04:59 - закат 20:17 5 сентября = 5 Рамадан : рассвет 05:01 - закат 20:14 6 сентября = 6 Рамадан : рассвет 05:02 - закат 20:12 7 сентября = 7 Рамадан : рассвет 05:04 - закат 20:09 8 сентября = 8 Рамадан : рассвет 05:06 - закат 20:07 9 сентября = 9 Рамадан : рассвет 05:08 - закат 20:04 10 сентября = 10 Рамадан : рассвет 05:10 - закат 20:01 11 сентября = 11 Рамадан : рассвет 05:12 - закат 19:59 12 сентября = 12 Рамадан : рассвет 05:14 - закат 19:56 13 сентября = 13 Рамадан : рассвет 05:16 - закат 19:53 14 сентября = 14 Рамадан : рассвет 05:18 - закат 19:51 15 сентября = 15 Рамадан : рассвет 05:20 - закат 19:48 16 сентября = 16 Рамадан : рассвет 05:22 - закат 19:45 17 сентября = 17 Рамадан : рассвет 05:24 - закат 19:43 18 сентября = 18 Рамадан : рассвет 05:26 - закат 19:40 19 сентября = 19 Рамадан : рассвет 05:28 - закат 19:38 20 сентября = 20 Рамадан : рассвет 05:30 - закат 19:35 21 сентября = 21 Рамадан : рассвет 05:32 - закат 19:32 22 сентября = 22 Рамадан : рассвет 05:35 - закат 19:30 23 сентября = 23 Рамадан : рассвет 05:37 - закат 19:27 24 сентября = 24 Рамадан : рассвет 05:39 - закат 19:24 25 сентября = 25 Рамадан : рассвет 05:41 - закат 19:22 26 сентября = 26 Рамадан : рассвет 05:43 - закат 19:19 27 сентября = 27 Рамадан : рассвет 05:45 - закат 19:16 28 сентября = 28 Рамадан : рассвет 05:47 - закат 19:14 29 сентября = 29 Рамадан : рассвет 05:49 - закат 19:11 31 августа (вечер 1 рамадана)– первый таравих-намаз 1 сентября (1 Рамадана) – первый день поста 26-27 сентября (26-27 Рамадана) - Ночь предопределения (Лейлят уль–Кадр) 29 сентября (29 Рамадана) – последний таравих-намаз 30 сентября (1 шавваля) - Праздник разговенья – (Ид уль-фитр, Ураза-Байрам) Время начала дневного поста наступает с рассветом. Принятие пищи и воды следует завершить до этого времени (желательно за 15-20 минут - сухур). Например, если рассвет в 04:57, то кушать надо прекратить до 04:37. С наступлением времени заката следует завершать пост и начинать прием пищи и воды (ифтар). Слова мольбы во время разговения: "Аллахума лякя сумту, ва бикя аманту ва ‘алейкя тавакульту ва ‘аля ризкыкя афтарту" (О Аллах, ради Тебя я постился, в Тебя уверовал, на Тебя уповаю и дарованным Тобой разговелся!).
Нести добро людям!!!!
|
|
| |
Bonu | Дата: Суббота, 2008.09.13, 11:18 | Сообщение # 16 |
 Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус: 
| САВОЛУ ҶАВОБҲОИ РАМАЗОНӢ Бо шурӯъи моҳи шарифи "Рамазон" саволу ҷавобҳо оид ба ин моҳи пурбаракат, рӯза, шиканандаҳои рӯза, намози таровиҳ, садақаи фитр, намози иди фитр, ва ….. авҷ мегиранд. Ин амри табиъӣ ҳаст, зеро моҳи шарифи Рамазон дастархони илоҳист, ки ҳар сол барои як муддати кутоҳ назди мо паҳн карда мешаваду зуд бардошта мешавад, ба таъбири қуръонӣ "айёман маъдудот - чанд рузе". Ба сабаби машғулиятҳо ва гирифториҳои ҳаёту зиндагӣ мардум хеле аз маълумотро то соли дигар аз ёд мебароранд ва боз донистан мехоҳанд, ки аҳкоми ибодоти рамазонӣ чӣ гуна аст. Аз ин хотир мо тасмим гирифтем бо такя ба манобеъи дар дастрасбуда то қадри имкон баъзе пурсишҳову посухҳоро дар шакли саволу ҷавоб ба хонандаи азизи худ пешкаш намоем. Ва ҳамчунон хонандаи азиз агар саволу мушкиле дорӣ ва мехоҳӣ ҷавоби онро пайдо намоӣ метавонӣ бо суроғаи нашрияи "Миллат" ё бо е-майли millat@mail.ru ба мо муроҷиъа намоӣ. 1.Оё моҳи шарифи "Рамазон" асосан як рӯз аст? Ин, ки моҳи шарифи Рамазон асосан як рӯз аст, як ривояте ҳаст, ки дар байни мардуми мо паҳн шудааст ва мутобиқи ин ривоят гӯё моҳи Рамазон асосан як рӯз аст, вале чун кадом рӯз буданаш аниқ нест, барои ин як моҳ пурра рӯза дошта мешавад. Ин ривоят комилан хурофотӣ ва нодуруст буда, асоси динӣ надорад. Худованд мефармояд: "шаҳру рамазон аллази унзила фиҳил қуръон моҳи рамазоне, ки дар он Қуръон нозил карда шуд" ва дар ояти дигар мегуяд " …фаман шаҳида минкумушшаҳра фалясумҳ ҳар касе аз шумо шоҳиди моҳ (моҳи рамазон) шуд, пас онро рӯза бидорад" ва дар ҳадиси шариф омадааст, ки рамазон "аввалаш раҳмат, миёнааш мағфират ва охираш озодӣ аз оташи ҷаҳаннам аст" яъне агар рамазон як рӯз мебуд, онро Пайғамбар саллалоҳу алайҳи ва салам ба се даҳа ҷудо намекард. 2. Оё доштани рӯза бар мусофир ва бемор ҳам фарз аст? Аз раҳмату шафқат ва осониҳои шариати Ислом якеаш инаст, ки шахси мусофир ва ё бемор метавонад рӯзаро ифтор намояд ва баъди тансиҳат шудан ва ё аз сафар баргаштан рӯзаро адо намояд. Худованди карим дар Қуръонаш мефармояд "..фаман кона маризан ав ъало сафарин фаъиддатун мин айёмин ухар. - Пас ҳар касе, ки бемор буд ва ё дар сафар дар айёми дигарӣ рӯзаро адо намояд (ва ин рӯзаро метавонад ифтор намояд". Вале уламои Ҳанафия муътақиданд, ки рухсати ифторе, ки дар ин ояти карима омадааст танҳо барои бемороне ҳаст, ки аз гирифтани рӯза ҳолашон вазнинтар мешавад ва бемориашон авҷ мегирад ва ё ба сабаби гирифтани рӯза муолиҷаашон ба таъхир меуфтад ва ҳам барои мусофире, ки бо рӯза доштан дар азобу машаққат гирифтор мешавад. 3. Сафаре, ки дар он ифтор кардан ҷоиз аст, кадом аст? Уламои Ҳанафия мегӯянд сафаре, ки дар он ифтори рӯза ҷоиз аст, сафаре мебошад, ки масофаи сешабонарӯзӣ бошад ва миқдорашро 24 фарсах гуфтаанд. 4. Агар бемор ва мусофир тоқати рӯза гирифтанро дошта бошанд оё рӯза доштанашон ҳатмист ва ё ихтиёрӣ? Гирифтани рӯза барои мусофир ва беморе, ки тоқати рӯза гирифтанро дорад ихтиёрӣ аст, агар бихоҳад бигирад ва агар бихоҳад ифтор намояд. Ба қавли имоми Аъзам Абу Ҳанифа барои касе, ки тоқати рӯзадориро дорад, беҳтар аст, рӯза бигирад, мисдоқи фармудаи илоҳӣ (ва ан тасуму хайрун лакум - ва агар рӯза бидоред барои шумо хубтар аст) ва барои касе, ки тоқат надорад, ифтор авлотар аст. Мутобиқи ояти каримаи - юридуллоҳу бикумулюср ва ло юриду бикумул ъуср -Худованд барои шумо осонӣ мехоҳад ва намехоҳад барои шумо душворӣ. 5. Ҳукми ширдеҳ ва ҳомила чи гуна аст? Фуқаҳои Ислом иттифоқ доранд, ки зани ҳомила ва ширдеҳ агар аз саломатии худу аз саломатии кӯдаки худ хавф баранд, онгоҳ ҷоиз аст, ки ифтор намоянд. Аз Ҳасани Басрӣ дар бораи ҳукми ҳомила ва ширдеҳ пурсида шуд, ӯ фармуд: кадом беморӣ аз ҳамл шадидтар аст? Ифтор кунад ва баъд қазои онро адо намояд. 6. Фарорасии моҳи Рамазон чӣ гуна муайян карда мешавад? Бо дидани ҳилол, ҳатто агар як нафари одил бинад ё бо пурра намудани иддаи моҳи шаъбон, ки он сӣ рӯз мебошад. Яъне агар дар рӯзи 29 моҳи шаъбон як нафар ё як гурӯҳ аз мусулмонон ҳилол (моҳи нави нопурра)-ро бинанд, онгоҳ моҳи Рамазон ва рӯза доштан оғоз мешавад дар ғайри ин бояд шаъбон пурра, яъне 30 рӯза шавад, баъди он рӯзаро оғоз мекунанд. Ҳазрати Рисолатпаноҳ саллалоҳу алайҳи ва салам фармудаанд, ки -суму лируйятиҳи ва афтиру лируятиҳ - бо дидани моҳ ё худ ҳилол рӯза бигиред ва бо диданаш ифтор намоед. Мусулмонон дар тамоми дунё аз ин фармудаи Пайғамбар (с) кор мегиранд, вале мутаассифона гоҳе тақвимҳо як ё ду рӯз аз ин давлат то давлати дигар фарқ мекунанд. Имсол дар кишвари арабизабони Либиё рӯзи якшанберо рӯзи аввали моҳи рамазон эълон намуданд ва дар Ирон ва манотиқи шиъанишини Ироқ рӯзи сешанберо дар Тоҷикистон, дигар кишварҳои Осиёи Миёна, Арабистони Саъудӣ ва дигар кишварҳо рӯзи душанберо рӯзи аввали Рамазон эълон намуданд. Асосан бояд ҳамаи мусулмонҳо дар як рӯз рӯза дошта ва дар як рӯз ифтор намоянд, зеро хитобе, ки дар ҳадиси дар боло зикр шуда омадааст, ба қавли уламо хитоби ом аст ва он ҳамаи мусулмонҳоро дар бар мегирад. 7.Ҳукми хато дар Рамазон чи гуна аст? Уламои Ҳанафӣ муътақиданд, ки агар касе фикр кунад, ки офтоб ғуруб намудааст ва ифтор кунад ё хуру нӯши саҳариро ба фикри он, ки ҳанӯз субҳ тулӯъ накардааст, анҷом диҳад ва баъдтар маълум шавад, ки ҳақиқат бар хилофи он аст, рӯзаи гирифтаи ӯ дуруст нест ва қазои рӯза бар вай воҷиб мешавад. Зеро бар рӯзадор зарур аст, масъалаи вақти саҳару ифторро аниқ намояд, мисдоқи фармудаи Худованд ҷалла шаънуҳу - ҳатто ятабаййана лакумул хайтул абяз минал хайтил асвад- то фарқи риштаи сафед аз сиёҳ бар шумо маълум шавад. Албатта мурод аз риштаи сафеду сиёҳ шабу рӯз аст. 8. Оё ҷанобат (ҳолати баъди алоқаи ҷинсӣ) рӯзаро аз байн мебарад? Ояти каримаи (фал-она бошируҳунна вабтағу мо катабаллоҳу лакум…- пас ҳоло бо онҳо (занон) робитаи ҷинсӣ намоед ва аз пайи фаризаи худовандӣ (яъне рӯза) шавед) далолат бар он дорад, ки хуру нушу робитаи ҷинсӣ аз аввали шаб то охири шаб дуруст аст. Агар касе бо тулуъи субҳ аз алоқаи ҷинсӣ боз истад пас ӯ бо ҷанобат рӯзро истиқбол мегирад ва Худованд амр намудааст, ки рӯзаро то шаб идома диҳад (сумма атиммус сиёма илал лайл - пас рузаро то шаб ба итмом расонед (яъне то вақти ифтор) ва рӯзаи ӯ дуруст аст ва агар дуруст намебуд Худованд намефармуд, ки рузаро ба итмом расонад. 9. Оё қазои рӯзаи нофила баъди фосид шуданаш воҷиб аст? Уламои ҳанафӣ муътақиданд, ки воҷиб аст, чун вақте оғоз намуд, ба итмом расониданаш бар ӯ воҷиб мешавад. Дар ҳадис аст, ки ҳазрати Муҳаммад (с) Оиша ва Ҳафса разияллоҳу анҳуморо амр намуд, то ба ҷойи рӯзаи нофилаи гирифтаашон, ки фосид шуда буд, рӯза доранд. 10. Эътикоф чист ва он дар кадом масҷид гузаронида мешавад? Дар масҷид ба нияти ибодат нишастанро эътикоф мегӯянд ва эътикоф аз ибодатҳои қадима ҳаст. Худованд мефармояд - ва антум окифуна фил масоҷӣд ..-…ва шумо эътикоф нишастаед дар масоҷид. Бино ба ин оят эътикоф, ки одатан дар даҳ рӯзи ахири моҳи рамазон ба ҷо оварда мешавад, дар ҳар масҷиде мешавад, онро адо намуд, ба хотири умумияти ояти карима, ки ҳеҷ масҷидеро мушаххас накардааст. Вале барои занҳо дуруст аст, дар хона эътикоф бинишинанд. 11. Муддати эътикоф чанд аст ва оё барои эътикоф рӯзадорӣ шарт аст? Уламо дар таъйини муддати эътикоф ихтилоф доранд, ба қавли мазҳаби ҳанафӣ камтарини эътикоф як шабонарузӣ ҳаст ва он бе рӯза доштан ҷоиз нест. Далели донишмандони ҳанафӣ ҳадисе аз Пайғамбар (с) аст, ки модарамон Оиша онро ривоят кардааст - ло эътикофа илла биссиём- эътикоф бе рӯза вуҷуд надорад). 12. Оё ифтор додан дар моҳи Рамазон зарур аст? Ифтор додан дар моҳи Рамазон амали пураҷру савоб буда, суннати ҳазрати Расули Акрам саллалоҳу алайҳи ва салам мебошад. Пайғамбар алайҳиссалом дар Рамазон ҳам дар тоъату ибодат мекушид ва ҳам ифтор медод. 13. Оё хурдани оби даҳон рӯзаро вайрон мекунад? Пайдо шудани оби даҳон ҳангоми рӯзадорӣ як масъалаи табиъӣ буда фурӯ бурдани он рӯзаро фосид намекунад.
Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
|
|
| |
Гость | Дата: Воскресенье, 2008.09.21, 02:54 | Сообщение # 17 |
Группа: Гости
| Ассалом Бону Суоле дорам ман дар шахри Москов мебошам инчо мохи Рамазонро 29-руз эълон кардаанд намедонам.
|
|
| |
Bonu | Дата: Воскресенье, 2008.09.21, 08:55 | Сообщение # 18 |
 Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус: 
| Гость, Barodar man ham dar borai chad ruz budan mohi Ramazon dar Maskav namedonam,lekin hukmi Qoziyot boshad vojib ast chun,ki onho medonand. Jazakavllohu khayran. Assalomu alaykum.
Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
|
|
| |
Lolaz | Дата: Воскресенье, 2008.09.21, 15:50 | Сообщение # 19 |
 Подполковник
Группа: Почетные
Сообщений: 214
Награды: 0
Репутация: 8
Статус: 
| Quote (Гость) 29-руз эълон кардаанд намедонам Voobshe-to nado derjat s obshestvom(bolshestvom),t.e. esli obshestvo v kotorom vi jivyote i derjite ruzu obyavilo 29 dnei ,znachit i vi derjite stolko je.
Dobro vsegda vozvroshyaetsya dobrom
|
|
| |
Bonu | Дата: Четверг, 2008.09.25, 07:30 | Сообщение # 20 |
 Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус: 
| Ramazon omad duston,Ramazoni boshed, Fayzgiru az pai Fayzbori boshed, Ramazon mohi KHudo ast,doim bo toat boshed, Bo namozu bo taroveh ham ruzador boshed In mohi buzurgham tamom shuda istodaast....
Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
|
|
| |
SPaM | Дата: Четверг, 2008.09.25, 18:39 | Сообщение # 21 |
 Полковник
Группа: Почетные
Сообщений: 475
Награды: 0
Репутация: 10
Статус: 
| Добрая, огромнейшее спасибо за расписание поста! я потеряла свое расписание,а в инете не находила. Добавлено (2008.09.25, 18:39) --------------------------------------------- завтра ночь Лейлят уль–Кадра!!! классно)))))))))
|
|
| |
Bonu | Дата: Четверг, 2008.09.25, 19:16 | Сообщение # 22 |
 Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус: 
| SPaM, Da zaftra nochyu nada do utra sidet i molitzhy bogu v etom svetom dne Leylaytul Kadra.
Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
|
|
| |
SPaM | Дата: Суббота, 2008.09.27, 17:51 | Сообщение # 23 |
 Полковник
Группа: Почетные
Сообщений: 475
Награды: 0
Репутация: 10
Статус: 
| Так, признавайтесь - кто сидел до утра? и было ли какое-нить чудо?)
|
|
| |
Bonu | Дата: Воскресенье, 2008.09.28, 10:14 | Сообщение # 24 |
 Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус: 
| SPaM, Так, признавайтесь - кто сидел до утра? и было ли какое-нить чудо?) -------------------------------------------------------------------------------- Mi sidel do utra chitali malitvu,knigi. Chud nebivaet daragaya , eto kto vam sksal chto chuda budet? Eto bil svitoy noch dlya vsekh musulmanin, chtobi oni vse molilis ves moguchemo Allahu.
Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
|
|
| |
jona-jona | Дата: Воскресенье, 2008.09.28, 14:22 | Сообщение # 25 |
Группа: Гости
| SPaM, Я ТОЖЕ СИДЕЛА А ПОТОМ УТРОМ ПРОСНУЛАСЬ в 11 часов хахахахаха (а ты сама сидела до утро????)
|
|
| |
Добрая | Дата: Воскресенье, 2008.09.28, 16:20 | Сообщение # 26 |
 Администрация
Группа: Администраторы
Сообщений: 2629
Награды: 24
Репутация: 44
Статус: 
| Я сидела до утра и произошло чудо, я видела своего покойного сына и он мне улыбался!
Нести добро людям!!!!
|
|
| |
SPaM | Дата: Воскресенье, 2008.09.28, 16:34 | Сообщение # 27 |
 Полковник
Группа: Почетные
Сообщений: 475
Награды: 0
Репутация: 10
Статус: 
| Quote (Bonu) eto kto vam sksal chto chuda budet? старшее поколение. Но говоря о чуде я сильно преувеличила конечно, просто Фариштахо как то должны были заявить о себе.... кажется так. jona-jona, мы с мамой сидели =) до 3:30 я ее все время будила( она у меня слегка простудилась и поэтому ее клонило ко сну) каждые 10 мин. будила=)) , а после она меня будила)) и так до 6 утра просидели))) Quote (Добрая) я видела своего покойного сына и он мне улыбался! а я,кстати, сегодня во сне своих умерших бабушку и дедушку видела во сне..к чему бы это?
|
|
| |
Добрая | Дата: Понедельник, 2008.09.29, 14:31 | Сообщение # 28 |
 Администрация
Группа: Администраторы
Сообщений: 2629
Награды: 24
Репутация: 44
Статус: 
| SPaM, Они хотят, чтобы ты за них помолилась.
Нести добро людям!!!!
|
|
| |
Bonu | Дата: Понедельник, 2008.09.29, 18:00 | Сообщение # 29 |
 Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус: 
| SPaM, SPaM, Они хотят, чтобы ты за них помолилась. -------------------------------------------------------------------------------- Da uzh eto tochna.Nada pomoliltsya za nikh budet ochen khorosho v dni idi Fitr. Be ilmu amal bihishti rizvon natalab, Be ruzay be namoz imon matalab. Khohi,ki puli Sirot oson guzari, Ozori dili hej musulmon matalab.
Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
|
|
| |
SPaM | Дата: Понедельник, 2008.09.29, 20:16 | Сообщение # 30 |
 Полковник
Группа: Почетные
Сообщений: 475
Награды: 0
Репутация: 10
Статус: 
| Quote (Добрая) SPaM, Они хотят, чтобы ты за них помолилась. помолюсь, обязательно. мама удивляется. как я могла видеть их во сне,когда я их совсем не помню....
|
|
| |
Bonu | Дата: Пятница, 2009.08.21, 18:56 | Сообщение # 31 |
 Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус: 
| Бо номи Худо ва Дуруд бар Паёмбари Сулҳу Сафо, Ҳазрати Мустафо Салаллох алайхи ва Салам. МОҲИ МУБОРАКИ РАМАЗОН БАР ҲАММАИ МУСУЛМОНОНИ ЧАҲОН БА ХУСУС МАРДУМИ ТОЧИКИСТОН МУБОРАК БОД! 
Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
|
|
| |
BiG_aka_PeRs | Дата: Вторник, 2009.08.25, 19:11 | Сообщение # 32 |
 Рядовой
Группа: Почетные
Сообщений: 37
Награды: 0
Репутация: 5
Статус: 
| Машаллах !
мое искусство это жизнь,а жизнь всего лишь искусство! СЛОВА ПРОРОКА «Умри прежде смерти!» - пророк говорит, Не каждый поймет… что за смертью бежит… http://sharebox.tj/cabs.php?list=Quran ۞. لا اله الا الله محمد رسول الله ۞
|
|
| |
Bonu | Дата: Понедельник, 2013.07.08, 11:02 | Сообщение # 33 |
 Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус: 
| РАМАЗОН ОН МАХИ БО КИММАТУ МИКДОР ОМАД, ОН ЗИ ХАК МУНИСИ ПИРОНИ ГУНАХГОР ОМАД. ЭЙ ЧАВОНОНИ ГУНАХГОР,МАХИ ТАВБА РАСИД, В- АНДАР У МАХФИРАТИ ХАЗРАТИ ЧАББОР ОМАД. НАЪРАВУ ВАЛВАЛАИ МАСТИ ХАРОБАТ НАМУД, НОЛАВУ ЗИКРИ ГУНАХГОРИ ДИЛОЗОР ОМАД. ДУШ ДАР АЙНИ САХАР БУД,КИ АЗ ХОСТАИ ВАЙ, НОЛАИ СУХТАИЕ СУИ МАНИ ЗОР ОМАД. ЗОР-ЗОРЕДУ БИГУЕД,КИ; ИН МОХ РАСИД КИ АЗ У МУЖДА НАЧОТИ МАНИ ГАМХОР ОМАД.Добавлено (2012.07.19, 21:30) --------------------------------------------- Ба номи Худои Ҳақ Cалому салавот бар Mуҳаммад Расули Худо ва Оли пок ва асҳоби некаш. Ин моҳ моҳи сабр аст ва сабр подошаш Биҳишт, моҳи баробари аст, моҳе ки ризқи муъминон зиёд мешавад. Моҳи Рамазон моҳе аст, ки аввалаш Раҳмат, Васат -миёнаш- Мағфирату бахшиш ва охираш озоди ва начот аз оташи дузах аст. Ин моҳ барои Муъмин ғанимату фоида, барои Мунофиқ зарару зиён аст Мохи шариф ба кулли мусалмонхо муборак бошад! Добавлено (2013.07.08, 11:01) --------------------------------------------- Пас аз чанде моҳи мубораки Рамазон ба кошонаи мо меҳмон мешавад. Фарорасии ин моҳи шариф барои ҳар мусалмон шодиву фараҳ аст ва муддатҳост мунтазираш ҳастем, то аз меваҳои лазизу шаҳдбораш коми худ ширин намоем. Рӯза рубъи имон аст. Бори Таъоло дар он чи Пайғомбар алайҳиссалом аз вай ҳикоят кардааст, мефармояд:- Ҳар некӯиро даҳ савоб аст то ҳафтсад, магар рӯзаро, ки махсус марост ва ҷазои он ман диҳам. Ва Ҳақтаъоло гуфтааст:- Касоне, ки аз шаҳватҳо сабр кунанд, музди ишон аз ҳисобу андоза берун бошад ва рӯза нимаи сабр аст, пас савоби ӯ беандоза бувад. Пайғомбар (а) мефармояд:- қасам ба Худое, ки нафси ман дар дасти ӯст, ки бӯйи даҳани рӯзадор назди Ҳақтаъоло аз бӯйи мушк хуштар аст ва Ҳақтаъоло мефармояд, ки шаҳвати таъом ва шароби хеш намегузорад магар аз барои ман, пас, рӯза марост ва подоши он ман диҳам. (сураи Зуммар, ояи 10,29.) Ва Пайғомбар (а) гуфтааст:- Рӯзадорро ду шодӣ аст: -Яке вақти ифтор ва дигаре вақти дидани Парвардигор. Рӯза гирифтан ибодатест, ки дар динҳои пеш аз ислом низ маълум будааст. Чунончӣ Худованд дар сураи "Бақара", ояти 183 мефармояд "Эй мӯъминон, рӯза бар шумоён фарз гардид, ҳамон гуна, ки бар пешиниёни шумо воҷиб гашта буд. Бошад, ки тақво (парҳезкорӣ) пеша кунед". Рӯзаи ислом аз рӯзаи қавмҳои пешин фарқ дорад. Рӯза ин боздоштани нафс аст аз он чӣ металабад. Мӯъмин ба хотири ёфтани ризои Худованд, тӯли рӯз нафсашро аз хӯрдану ошомидан ва алоқаи ҷинсӣ бозмедорад. Худованд барои рӯзаи мусулмонон моҳи мубораки Рамазонро махсус гардонидааст. Моҳе, ки дар он аввалин оёти Қуръон тавассути Ҷибриил алайҳиссалом ба қалби Расули Акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам нозил гардид. Рӯза рӯҳи инсонро қувват медиҳад. Маълум аст, ки инсон аз рӯҳ ва бадан таркиб ёфтааст. Агар инсон майлҳои рӯҳи худро зери султаи гароишҳои баданӣ (хоҳишоти нафсонӣ) қарор диҳад, аз шакли инсони соҳибихтиёр ба бандаи нафс (танпараст, шаҳватпараст,шикампараст, майпараст...) табдил меёбад. Чунончӣ Аттори Нишопурӣ фармудааст:Хобу хӯр ҷуз пешаи анъом нест, Хуфтагонро баҳра аз инъом нест. З-обу нон то лаб шикамро пур масоз, Ҳамчу ҳайвон баҳри худ охур масоз!Дар рӯза се сабр ҷамъ мешавад: а) Сабр намудану тоб овардан ба тоати илоҳӣ. б) Даст кашидан аз нофармонии Худованд. в) Таҳаммул ва ризоият ба тақдири илоҳӣ. Худованд дар сураи «Зумар», ояти 10 мефармояд, ки «Ба сабркунандагон аҷри беҳисоб дода хоҳад шуд». Рамазон қалъаи маҳкам ва устуворест, ки мусулмононро аз оташи ҷаҳаннам эмин нигоҳ медорад, Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи вассалам) дар ин хусус мефармоянд: «Рӯза сипаре аст дар муқобили оташи ҷаҳаннам». Барои рӯзадорон дар ҷаннат дарвозаи алоҳида аст. Чунончи, дар ҳадиси муборак омадааст: «Дар биҳишт дарест, ки онро Райён мегӯянд. Рӯзи қиёмат аз он дар танҳо рӯзадорони моҳи шарифи Рамазон ворид мешаванд». Рӯзи қиёмат рӯза боиси шафоати рӯзадор мегардад. Дар ин хусус Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи вассалам) фармудаанд: «Рӯза ва Қуръон ҳар ду рӯзи қиёмат барои банда шафоат мекунанд. Рӯза мегӯяд, ки «Худоё ман ӯро рӯзона аз хӯрдану хоҳишоти ҷинсӣ боздоштам. Пас шафоати маро дар бораи ӯ сабук кун». Қуръон мегӯяд: «Парвардигоро, ман ӯро шабона аз хобидан боздоштам. Аз ин рӯ шафоати маро дар ҳаққи ӯ қабул намо». Пас шафоати ҳар ду қабул мешавад». Моҳи Рамазон воситаест барои мағфирати гуноҳон. Дар ин ҳадиси муборак таъкид шудааст: «Ҳар кас моҳи Рамазонро бо эътиқод ва нияти савоб рӯза гирад гуноҳон гузаштаи ӯ мағфират хоҳад шуд». Рамазон моҳи иҷобати дуоҳост. Тавре Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи вассалам) мефармоянд: «Бегумон барои рӯзадор ҳангоми ифтор як дуояш ҳатман иҷобат мегардад». Ҳар гоҳ мӯъмини содиқ ба маънои ҳақиқӣ рӯза гирад, нафсаш ба ӯ ром шуда, қалбаш дар пешгоҳи Худованд фурӯтан (мутавозеъ) мегардад, хоҳишоту ҳавои нафси ӯ идорашаванда гашта, ӯ ба Худованд наздик мешавад. Аз он рӯ дуояш мустаҷоб хоҳад шуд». Рӯза як давраи имтиҳони маънавӣ ва шигифтангез аст, ки дар он инсон аз майлу ҳавои нафсонӣ пок шуда, барои таҳаммул намудани сахтиҳо ва анҷом додани рисолатҳои муҳим аз қабили даъват, иршод, кушодадастӣ, фидокорӣ ва ғайра омада мешавад. Рӯза доштан ҳисси утуфат (меҳрубонӣ), раҳмат ва шафқат намудан бар мискинонро дар вуҷуди инсон густариш медиҳад ва эҳсоси ҳамбастагиро, ки ҳалқаи иртиботии мусулмонон бо якдигар аст, дар замири ӯ бедор мегардонад ва ҷомеа дар чунин фазое аз муфсидӣ, садамаҳо ва осебҳои фаровоне эмин мемонад. Ҳангоме ки рӯзадор таъми талхи гуруснагиро мечашад, нисбат ба масъулияташ дар муқобили фақиру мӯҳтоҷон пай мебарад. Ӯ ҳис мекунад, ки як моҳ гуруснаву ташна будан чӣ қадар мушкил будааст. Пас касоне ки муддати зиёд азоби гуруснагӣ мекашанд, дар чӣ вазъияте хоҳанд буд? Бо чунин андешаҳо шайтони бухл ( ҳисси хасисӣ) дар вуҷуди ӯ заиф мешавад ва дар муқобили он ангезаи некӣ ва саховат дар ботинаш қувват мегирад. Рӯзе ҳазрати Оишаи Сиддиқа (р) дар ҳоле, ки рӯзадор буд, 180 000 дирҳам дарёфт карда ва бе ягон таъхир онҳоро байни фақирон тақсим намуда худаш бо як бурда нон ифтор кард. Ходимаш гуфт: «Беҳтар мешуд, ки як дирҳам мемондед, то ба он гӯшт мехаридем». Оишаи Сиддиқа (р) гуфт: «Агар ба хотирам мерасондӣ, ҳатман ин корро мекардам». Баъзе бузургони дин гуфтаанд, ки рӯзи ба он хотир машрӯъ шудааст, то сарватманд таъин гуруснагиро бичашад ва гуруснагонро аз ёд набарад. Ба ин тартиб табақаи фуқарову мустамандон аз ҳимоятҳои молии сарватмандон баҳраманд мегарданд ва қадаме дар ҷиҳати беҳбудии вазъи ҷомеа, ки хеле арзишманд аст, бардошта мешавад. Добавлено (2013.07.08, 11:01) --------------------------------------------- АССАЛОМ,ЭЙ МОХИ ОЛИКИМАТ РАМАЗОН, АССАЛОМ,ЭЙ МАНБАЪИ ЧУДУ КАРОМАТ, РАМАЗОН. АССАЛОМ,ЭЙ БОИСИ ХАЙРУ САХОВАТ, РАМАЗОН, АССАЛОМ,ЭЙ МОХИ ПУРЛУТФУ ШАРОФАТ, РАМАЗОН. ШОДМОНИ ОВАРИ, ЭЙ МОХИ БЕХАЧАТ, РАМАЗОН
ИНТИЗОРИ ТУ БУДЕМ.ЭЙ МАХИ РАХМАТНАМО, "ХАЙРА МАКДАМ"-ХОКИ ПОЯАТ ЧАШМИ ЧОНРО ТУТИЁ. АЗ БАРОИ УММАТОН МЕРОСИ АЗ ОН МУСТАФО, АЗ КУДУМАТ ОСИЁНРО МАХФИРАТ СОЗАД ХУДО. ЧУМЛА ОЛАМРО НАМУДИ ГАРКИ РАХМАТ, РАМАЗОН. ШУКРИ АЛЛОХ,ШОД ШУД АЗ ОМАДИ ТУ ХОСУ ОМ, МУЪМИНОН ГАШТАНД ДАР МАСЧИД ХАМА СОХИБКИЁМ. ХАМ ХУЗУЪУ ХАМ ХУШУЪУ ХАМ ТИЛОВАТ АЗ КАЛОМ, НЕЪМАТИ БИСЁР МЕБАХШАНД АНДАР ВАКТИ ШОМ. НЕСТ МОХЕРО ДИГАР ИН ХАЙРУ ВУСЪАТ, РАМАЗОН.
ЭЙ ТУРО БЕХАД БУВАД ИКРОМУ ФАЙЗУ ХОСИЯТ, АВВАЛИ ТУ РАХМАТУ МОБАЙН БОШАД МАГФИРАТ. ОХИРАТ ОЗОДИ ДУЗАХ МЕШАВАД СОХИБНИЯТ, МОХИ ДИГАР НЕСТ БА ИН ГУНА КУРБУ МАНЗАЛАТ. МАКДАМАТ БАР ЧАШМ, ЭЙ МОХИ САОДАТ, РАМАЗОН
ОФАРИДА БАХРИ ЧАННАТ ХАШТ ДАР ПАРВАРДИГОР, ДОДА АЗ РАЙЁНУ ЁКУТАШ ШУЪОИ БЕШУМОР. ЭД ДОРАМ ИН ХАДИС АЗ АХМАДИ РАФРАФСАВОР; "РУЗИ МАХШАР ВО ШАВАД МАХСУС БОБИ РУЗАДОР", ЭЙ МАХИ ХАЙРИЯТИ РУЗИ КИЁМАТ, РАМАЗОН.
ЭЙ БА ХАККИ ХУРМАТИ МОХИ СИЁМИ ПУРФУТУХ, ТАВБАИ МОРО БИКУН МАКБУЛ МОНАНДИ НАСУХ. ХОСА ОН РУЗЕ,КИМЕГАРДАД ЧУДО АЗ ЧИСМ РУХ. ТУ МАКУН ГАРКИ ГАЗАБ МОРО МИСЛИ КАВМИ НУХ, ХОХАМ АНДАР ХОК ХАМ ЛУТФУ ИНОЯТ, РАМАЗОН
Э РАСУЛУЛЛОХ,ДАР МАХШАР ШАФОАТХОХИ МО. ЧОЯАТОН ТАХТИ ШАФОЪАТ,ТОЧ АЗ НУРУ ЗИЁ, АЗ САРИ ШАФКАТ БА ДАРДИ УММАТОН КАРДА ДАВО. ЧАМИ "МО ЗОГ-АЛ-БАСАР"-РО ЧОНИБИ МАХЛАС КУШО, НОМИ МОРО РАД МАКУН ВАКТИ ШАФОЪАТ, РАМАЗОН.  Добавлено (2013.07.08, 11:02) --------------------------------------------- Дар як ҳадиси ҳазрати Муҳаммад салаллоҳу алайҳи ва саллам омадааст: "Ҳар чизро закотест ва закоти бадан рӯза аст. Рӯза нисфи сабр аст". Оре, тавре ки ғизо ба ҷисми инсон қувват мебахшад, рӯза низ ба рӯҳ қувват мебахшад. Ҳамчунон, ки зиндагӣ ба истеъмоли ғизо номумкин аст, рӯҳ низ бе рӯза зиста наметавонад. Рӯҳ бе рӯза сукут намуда, мавриди эҳтиёҷу истифода қарор намегирад, балки шурӯъ ба зиёноварӣ мекунад. Маҷрӯҳи маънавӣ на танҳо аз одамгарӣ хориҷ мешавад, балки хору залил мегардад. Ба таъбири Қуръон "Онҳо мисли ҳайвон, балки аз ҳайвон ҳам бадтар..." мешаванд. Ҷасад маҳсули ин ҷаҳон аст. Рӯҳ бошад маҳсули олами маъност. Ҳама медонанд, ки ҷисми бе рӯҳ ба ҳеҷ чиз кор намеояд. Аз ин рӯ ба рӯҳ бештар эътибор бояд дод. Рӯза бошад ба рӯҳ ғизо дода, сабабгори ривоҷи он мегардад. Агар касе "рӯза инсонро заиф месозад"- гуфта фикр кунад, иштибоҳи бузург мекунад. Шояд рӯза одамро ҷисман заиф гардонад, аммо имону маънавиёти ӯро мустаҳкам месозад ва рӯзадорон ба иҷрои корҳое қодир мешаванд, ки пурқувваттарин баҳодурону паҳлавонон аз содир кардани он оҷизанд. Яке аз саҳобагони гиромӣ Талҳа разияллоҳ анҳу ғайр аз рӯзҳои ид соли дароз рӯза медошт. Дар муҳорибаҳо ҳазрати Талҳа шуҷоатҳои бузурге нишон додааст. Ӯ дар ҷанги Уҳуд дар ҳоле, ки 80-ҷои баданаш захмӣ гашта буд, "Фидока обӣ ва уммӣ, ё Расулуллоҳ!" (Эй Расули Худо, падару модарам фидои ту бод!) - гуфта синаашро ба ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) сипар намуда буд.Чунин фидокорӣ танҳо аз қуввати имон пайдо мешавад, ки ба ин шубҳае нест. Аз ин рӯ ту низ аз рӯза матарс. Бояд на танҳо ҷисм, балки рӯҳи ту низ рӯзадор бошад. Яъне, агар рӯзадор бошӣ, бо ҳар кас ғавғо макун, доду фарёд мазан, касеро маранҷон. Рӯзадор бошӣ бештар ибодат кун. Ба намозҳои нафлӣ, ҳамчун ишроқ, аввобин, таҳаҷҷуд диққати махсус деҳ. Зеро вақт мисли бод ва оби равон босуръат мегузарад. Беҳуда гузаронидани умри худ гуноҳ ва ғафлати бузургест. Рӯза дар қиёмат рӯзадоронро шафоат намуда, мегӯяд: "Парвардигоро, инҳо баҳри ризоияти Ту хӯрдану нӯшидан ва шаҳватро тарк намуда, рӯза доштанд. Ишонро ба ман бахш!" Қуръон низ тиловаткунандагонашро: "Парвардигори ман, инҳо шабона хобро, рӯзона корҳояшонро як сӯ гузошта, ба тиловати китоби ту машғул гардиданд. Инҳоро низ ба мо бубахш!"- гӯён шафоат мекунад. Шафоати рӯзаву Қуръон низ мисли шафоати Расулуллоҳ (саллаллоху алайхи вассалам) рад намегардад ва боиси мағфирати илоҳию вориди ҷаннат гаштан хоҳад шуд. Рамазон аслан моҳи маърифат, раҳмат, дигаргунсозии феълу атвор аст. Пиромуни бузургиву шарофати моҳи мубораки Рамазон дар ҳадиси шариф таъкид шудааст: " Ба шумоён моҳи Рамазон соя афканд. Ин моҳ пурбаракат буда, дар он хайри зиёдест. Аллоҳ Таъоло шумоёнро дар раҳмати худ ғарқ месозад ва раҳматашро нозил мекунад. Дар ин моҳ гуноҳон бахшида мешаванд, дуоҳо қабул мегарданд. Ҳақ Таъоло рағбату хайротатонро нисбати ин моҳ дида, дар ҳузури фариштагон аз шумоён фаҳр менамояд. Шумо рӯзаи Рамазони шарифро, ки ҳаққи Худованди Таъолост, бидоред ва корҳои савоб бикунед. Ҳар касе, ки аз раҳмати ин моҳи муборак маҳрум монда бошад, бадбахт аст". Рамазони муборак - султони ёздаҳ моҳи дигар аст. Мо бесаброна мунтазири ин моҳи бузург мегардем. Бо баробари вуруди Рамазон дар хона, кӯчаву хиёбон ва масҷиду маҳаллаҳо аломати файзи илоҳӣ ва тоату ибодат ба назар мерасад... Як худи зикру қуръонхониҳо, пандгӯиву намозҳои таровиҳи масҷидро то чӣ ҳад таърифу тавсиф кунем ҳам, кам аст. Шаби Қадр то субҳ мунтазири раҳмату файзи Худованд гардида, бо умед ба зикру ибодат машғул гаштанро як пеши назар оред. Агар одам дар ин айём холисона ибодат кунад, дараҷааш аз фариштаҳои зиёд мегардад. Ҳамаи ин гувоҳӣ медиҳад, ки Рамазон моҳи пурбаракат аст.Аз китоби "Рӯза-шифои рӯҳ"-и Муҳаммад ЗОҲИД Мохи Рамазон си руза мехмон омад. Аз дини Расули Хак ба Куръон омад. Эй бандаи гофиле,зи хобат бархез. Бахшидани гунохи хар мусалмон омад!
Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
|
|
| |
gulijon | Дата: Вторник, 2013.07.09, 05:46 | Сообщение # 34 |
 Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус: 
| Моҳи шариф ва мубораки Рамазон ба ҳама муъминон ва муштоқони он муборак!
Ганҷинаи нуронии Қуръон Рамазон аст, Оромиши дилҳои парешон Рамазон аст. Маҷмуаи гулҳост шабу рузи азизаш, Яъне ба ҳақиқат, ки гулистон Рамазон аст. Дар домани ин баҳри гиронмоя бубинед, Дарёи гуҳарҳои фаровон Рамазон аст. Бо зикри муноҷоти Худо дар дили шабҳо, Бар ҳастии мо дасти гулафшон Рамазон аст. Тасвири шафақ гашта чу саҷҷодаи Мавло, Оинаи он муҳри фурузон Рамазон аст. Пас он садафи нур ба Қуръон Рамазон аст!!!
Добавлено (2013.07.09, 05:46) --------------------------------------------- Барбанд даҳон аз нон, к-омад шакари рӯза, Дидӣ ҳунари хӯрдан, бингар ҳунари рӯза. Он шоҳи дусад кишвар тоҷет ниҳад бар сар, Барбанд миён зудтар, к-омад камари рӯза. З-ин олами чун сиҷҷин барпар сӯйи иллийин, Бистон назари ҳақбин зуд аз назари рӯза. Эй нуқраи боҳурмат, бар кӯраи ин муддат, Оташ кунадат хидмат андар шарари рӯза. Рӯза нами Замзам шуд, дар Исии Марям шуд, Бар торуми чорум шуд, ӯ дар сафари рӯза. Гар рӯза зарар дорад, сад гуна ҳунар дорад, Савдои дигар дорад, савдои сари рӯза. Ин рӯза дар ин чодар, пинҳон шуда чун дилбар, Аз чодари ӯ бигзар, во ҷӯ хабари рӯза. Сӣ рӯз дар ин дарё по сар куниву сар по, То даррасӣ, эй мавло, андар гӯҳари рӯза. Шайтон ҳама тадбираш в-он ҳиллаву тазвираш, Бишкаст ҳама тираш пеши сипари рӯза. Рӯза карру фарри худ хуштар зи ту баргӯяд, Дарбанд дари гуфтан, бикшой дари рӯза. Шамсулҳаққи Табрезӣ, ҳам сабриву парҳезӣ, Ҳам иди шакаррезӣ, ҳам карру фари рӯза.
Худованд собиронро дуст дорад
Сообщение отредактировал gulijon - Вторник, 2013.07.09, 05:48 |
|
| |
Bonu | Дата: Вторник, 2013.07.09, 17:09 | Сообщение # 35 |
 Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус: 
| Моҳи рамазон омад,он банди даҳон омад, Зад бар даҳани баста то лаззати лаб бинад
Омад қадҳи руза бишикаст қадҳҳоро То мункари ин ишрат бе бодаи тараб бинад.
Эй дуст з заҳмати дил огаҳам деҳ, Дар моҳи дуъо сайри иллаллоҳҳам деҳ.
Моҳи рамазон моҳи меҳмонии туст Дар маҳфили меҳмони худ роҳам деҳ.
Рамазоно ту беҳтарин моҳи Чун ки моҳи зиёфати Аллоҳи
Хуш ъамал ҳар ки буд дар рамазон Тарки мункар намуд дар раамзон
Рамазон шаҳри ишқу урфон аст Рамазон баҳри файзу эҳсон аст
Рамазон моҳи ъитрати қуръон Гоҳ таҷдиди ъаҳду паймон аст
Дар хилвати шаб зи ҳақ садо меояд Аз атри саҳар буи Раҳмат меояд
Бо гуши дигар шунав ғавғои сукут К зи мурғи шаб,овози дуъо меояд
Эй дар ғурури нафс ба сар бурда рузгор Бархез, кор кун,ки кунунаст вақти кор
Эй дуст ! моҳи руза расид ва ту хуфтайи Охир зи хоби ғафлати дерина сар барор
Ҳикмати руза доштан бигзор Боз ҳам гуфта ва шунида шавад
Сабрат омуз ва тасаллути нафс В зи ту шайтони ту рамида шавад
Ё Илоҳал халқ ё рабал фалақ Эй Худои анҷам ва шамсу шафақ
Аз ту мехоҳам дар ин моҳи шариф Чашм пушидан зи ҷурми мо сабақ
Рамазон моҳи муноҷоту дуъо Рамазон пур буд аз шуру сафо
Моҳи холис шудан аз кибру риё Рамазон моҳи расидан ба Худо
Боз ойию дилтанги маро мунис бош Вин сухтаро маҳрами асрори ниҳон бош
Зон бода ки дар майкадаи ишқ фурушанд Моро ду се соғар бидеҳ ва гу рамазон бош
Омадем аз сафари дур ва дарози рамазон Пай набурдем ба зебои рози рамазон
Рамазон чашмаи атои Худо Моҳи ъафву гашту ғуфрон аст
Рамазон роҳнамову роҳ кушо Баҳри гумгаштагон ҳайрон аст.
Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
|
|
| |
|
 | Приветствую Вас Гость
|
|