Душанбе

ШЕЪРҲО ДАР МАВЗӮОТИ ДИНӢ - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, ДушанбеШЕЪРҲО ДАР МАВЗӮОТИ ДИНӢ - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе 2012 - Душанбе мой любимый город! Таджикистан, Таджик
Меню сайта
Сделать стартовой

[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
  • Страница 1 из 1
  • 1
ШЕЪРҲО ДАР МАВЗӮОТИ ДИНӢ
BonuДата: Среда, 2008.06.11, 07:51 | Сообщение # 1
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
ВУЗӮ
Чу баҳри намозе ба по хостӣ,
Вузӯ гир, некӯву бе костӣ.
Вузӯ гир, баҳри адои намоз,
Ки то сӯи Аллоҳ орӣ ниёз.
Барӣ сӯи ӯ рози қалбу дуо,
Ҳақи бандагиро намоӣ адо.
Вузӯ нури муъмин бувад рӯзи ҳашр,
Ҳамон рӯзи ҳавлафгани сахти нашр.
Шиносад Паямбар, ба он умматаш,
Диҳад Эзиди пок офийяташ.
Миёни дигар умматон нурпош,
Зи оринҷи дасту кафу дасту по-ш
Нахуст аз ҳама нийят овар ба дил,
Ки пои намозат намонад ба гил.
Ба ҷуз он нагардад дурустат салот,
Ибодоти дигар чу ҳаҷҷу закот.
Барои вузӯву намози Худой,
Сабук сӯи оби покиза ой!
Аз он пас, ту номи Худованд гӯй,
Сипас, панҷаҳоро ту се бор шӯй.
Зи як гар ба се бор шӯӣ, равост,
Ҳар андомро, кардаи Мустафост.
Маяфзо зи се бор, дар шустанаш,
Ки зишт асту зулм аст, афзуданаш.
Дуруст ин сухан кори Пайғамбар аст,
Ба чандин кутуби ҳадис андар аст.
Насоиву Бӯдовуд овардаанд,
Ҳамин қавли Пайғамбари арҷманд.
Бигир об, баҳри даҳонат ба рост,
Ки бо чап ҳамин кор кардан хатост.
Бидеҳ обро гардиш андар даҳон,
Ба бинӣ бикаш, об аз баъди он.
Зи бинӣ, биафшон ба чап обро,
Фиристода омӯхт асҳобро.
Сипас, об бар чеҳраи худ бизан,
Зи рустангаҳи мӯи сар то зақан ,
Бишӯ, рӯи худ пок, онгаҳ, се бор
Чунин ҳаст фармудаи Кирдигор .
Дигар, дастҳо то ба оринҷ шӯй,
Бад-он сон ки покиза гардад накӯй.
Ба сар масҳ каш, пой се бор шӯй,
Сипас, зикрҳои вузӯро бигӯй!

Добавлено (2008.06.09, 07:39)
---------------------------------------------
Аксари шоирони форсу тоҷик, ки дар шеърнависӣ ШОЯД ҳамтое надоштанд ва ё надоранд, дар шеърҳои эҷодкардаашон баъзе суханҳое ҷой кардаанд, ки дар мизони Ислом ченаш кунӣ, дорои ширку куфр ва баъзеашон суханҳоеро дар бар мегиранд, ки онҳо ба ақидаи суфиҳои ин замона рост меояд. Барои мисол метавон Умари Хаём, Ҷалолуддини Румӣ (Балхӣ), Шамсиддини Табрезӣ ва якчантои дигарашро, ном бурд. Баъзе касоне иддаои инро мекунанд, ки шоирони мазкур дар шеърҳояшон сиррҳоеро истифода кардаанд, ки онҳоро ғайр аз худашон каси дигар намедонад. Пас, агар чунин бошад онҳоро метавон инсон нею чизи дигаре ном гирифт, чаро ки илмашонро инсонҳо намедонанд. Агар инсонҳо навистаи шоирони мазкурро надонанд, пас киҳо медонанд? Ё шояд онҳо чунон илме доштанд, ки инсонҳои ин замона аз он гуна илм бебаҳраанд ва ё илми инсонҳои ин замона барои дарк кардани ашъори онҳо намерасад. Албатта ин гуна фикрҳо ба ақл рост намеояд.

Добавлено (2008.06.09, 07:42)
---------------------------------------------
Ба даргоҳи Худо пеш аз аҷал ой,
Гузашт умри азизат дар амал ой.
Ба ғафлат сарфа шуд умрат маҳу сол,
Биё бедор шав аз хоб имсол.
Замин рузе кунад се бор фарёд,
Чаро ту ғофили эй одамизод?
Машав бар фурсати дуруза мағрур,
Туро бошад дили ман хонаи гур.
Ба ҳасратхо дарои дар дили ман,
Ғариби оқибат дар манзили ман.
Ду чашмони чаҳонбинат хурад мур,
Мачоле нест то онро куни дур.
Шави пусида мушти устухони,
Бикун коре ки ончо дар намони!
Магу ҳарфи Ӌунуни аз забон аст,
Ҳама чун шир аз пистони ҷон аст.

Добавлено (2008.06.11, 07:51)
---------------------------------------------
Ahli imonro sharaf az khondani-Quron buvad.
Munis az Quron guzidan harkiro imon buvad.
Hast-Quron bahri ilmu koni fazlu nuri pok.
Ilmaz -Quron talab, zeroki dur dar kon buvad.

Fardo ki kunad jilva ba bozori qiyomat,
Mahshar shavad on ruz ba tamoshoi MUHAMmAD.
Az bahri shafoat ba hama ummati osi,
Bandad kamari himati aloi MUHAMmAD..


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
ДобраяДата: Суббота, 2008.08.16, 15:14 | Сообщение # 2
Администрация
Группа: Администраторы
Сообщений: 2629
Награды: 24
Репутация: 44
Статус:
ДИҲАД ИНСОФ ХУДО ШОҲУ ГАДОРО!
Ба номи Худованди ч,ону хирад
Санову ҳамд мегӯям Худоро,
Дуруд бодо Муҳаммад Мустафоро.
Зи мову аҳли кишвар, эй азизон,
Салом бод чор ёри босафоро!
Дуову сад дуруд гӯям, бародар,
Зи ҷон аҳли Бақиъу муъаллоро!
Ҳамехоҳам зи даргоҳи Илоҳӣ,
Наҷоти аҳли тақвову вафоро!
Дуогӯям дар ин авроқи рангин,
Диҳад инсоф Худо шоҳу гадоро!
Барори кору комёбӣ ҳамеша,
Насиб гардад раису вузароро!
Тани пӯшидаву серӣ, Худоё,
Насиб гардон тамоми фуқароро!
Мисоли Макка серу тинҷ гардон,
Худоё, ин замину ин диёрро!
Худовандо, ба деҳқонони тоҷик,
Намо рӯзӣ барори кишту корро!
Насиҳат гӯш созед, эй рафиқон,
Бидонед қадри нон, обу ҳаворо!
Агар бошед ватанхоҳу ватандӯст,
Бидонед қадри сулҳу ҳам салоро!
Ба ҳаққи Аршу Курсият, Илоҳо,
Қабул фармо зи моён ин дуоро!


Нести добро людям!!!!
 
BonuДата: Среда, 2008.08.20, 16:08 | Сообщение # 3
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
U manii dini Mustaforo dorad,
Rozguii odamu Khudoro dorad,
Har oyati u buvad pur az pandu masal,
Ham hast shifo baroi harguna kasal

Har kaski Quron tilovat sozad,
Guyo,ki ba janat ishorat sizad.


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
kokiДата: Суббота, 2009.02.21, 21:47 | Сообщение # 4
Рядовой
Группа: Почетные
Сообщений: 24
Награды: 2
Репутация: 6
Статус:
Bonu, salom aleikum ? Bonu ba man helo maykum sheri shymo rahmati kalon salomat boshed va chi niyat dored hudovand ba maksadaton rasonad hudo amin, helo hursand meshudam bo shinosoi bo shumo

Добавлено (2009.02.21, 21:47)
---------------------------------------------
copy karda ba hud giriftam ))


Majnun
http://amrkhaled.net
http://www.qaradawi.net
http://www.revivingtheislamicspirit.net/


Сообщение отредактировал koki - Суббота, 2009.02.21, 13:17
 
BonuДата: Пятница, 2009.03.13, 06:26 | Сообщение # 5
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
koki, Воалекум ассалом бародар! Сипосгузарам аз шумо .Худованд хамаи моро ба нуру имони илохи бонасиб гардонад.

Хуш дор,ки марг тири сузон дорад,
Кун тавба зи чурмхо,ки зиндон дорад.
Дарё чу арус агарчи хандад имруз.
Фардо ба ситам халоки дандон доард.
Рав суи хамушон бипурс аз хок,
аз тири ачал хазор пайкар дорад.

Добавлено (2009.03.13, 06:26)
---------------------------------------------
БА ҶУЗ Ӯ КАСЕ ОЛИМИ ҒАЙБ НЕСТ

Ба номи Худое, ки Субҳон бувад,
Бурун аз маконҳову имкон бувад.
Аввалу Охиру Зоҳиру Ботин аст,
Кариму Самад, Ҷомиъу Мӯҳсин аст.
Замин дар тайи Арш ҷо кардааст,
Ду зидро ба ҳам ҷо ба ҷо кардааст.
Худое, ки ҷонро азиз офарид,
Зи ночиз ҳазорон чиз офарид.
Худое, ки аз нор нур мекунад,
Зи хок одам, аз ғам сурур мекунад.
Баландию пастинамо ӯ бувад,
Ҳамеша Рабби Кибриё ӯ бувад.
Падид орад аз хок хору гиёҳ,
Кунад гавҳар аз сангу в-аз занг моҳ.
Ӯ бинҳод ба мардум қазову қадар,
Ба ҳар лаҳзае мекунад ӯ назар.
Чу дил пок бошад, набинад дар он,
Ба покӣ дили пок бояд, бидон!
Диле ҷӯ, ки он дил назар оварад,
На он дил, ки бар ту зарар оварад.
На ҳар дил бувад дил, на ҳар роҳ сабил,
На ҳар сабр аст, чу сабран ҷамил.
Набошад ба ҳар шох бору самар,
Садафҳо на ҳар як биёрад гуҳар.
На ҳар қавл қавли накӯ равшан аст,
На ҳар сина ҷойи бузурги фан аст.
Ба ҷуз он Худо пок аз айб нест,
Ба ҷуз Ӯ касе олими ғайб нест.
Ту то бошӣ зикри Худованд кун,
Ҳама роҳи ғафлат ба худ банд кун.
Фасона махон аз дурӯғу ғурур,
Ту биноӣ, худро макун шахси кӯр.


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
kokiДата: Пятница, 2009.03.13, 06:38 | Сообщение # 6
Рядовой
Группа: Почетные
Сообщений: 24
Награды: 2
Репутация: 6
Статус:
Bonu,helo minatdoram az inhel syhanhoi behtarin

Majnun
http://amrkhaled.net
http://www.qaradawi.net
http://www.revivingtheislamicspirit.net/
 
BonuДата: Среда, 2009.03.18, 05:56 | Сообщение # 7
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Ҳар лукма ки мухури бигу Бисмиллоҳ
Ҳар як нафасе фуру бари ё Аллоҳ
Ҳар кор ки мекуни Худо хоҳаду гуй
Корат ба ривоч меравад, Иншооллоҳ


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
1902Дата: Воскресенье, 2009.03.22, 14:06 | Сообщение # 8
Группа: Удаленные





Ганчина дар ин олами вайрона намоз аст,
Тавх,ид бувад бодаву,паймона намоз аст,
Бе сачда ба даргох,и худо рох натавон бурд,
Гар каъба равони дари он хона намоз аст.
 
BonuДата: Четверг, 2009.04.09, 18:09 | Сообщение # 9
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
БА ҶУЗ Ӯ КАСЕ ОЛИМИ ҒАЙБ НЕСТ
Ба номи Худое, ки Субҳон бувад,
Бурун аз маконҳову имкон бувад.
Аввалу Охиру Зоҳиру Ботин аст,
Кариму Самад, Ҷомиъу Мӯҳсин аст.
Замин дар тайи Арш ҷо кардааст,
Ду зидро ба ҳам ҷо ба ҷо кардааст.
Худое, ки ҷонро азиз офарид,
Зи ночиз ҳазорон чиз офарид.
Худое, ки аз нор нур мекунад,
Зи хок одам, аз ғам сурур мекунад.
Баландию пастинамо ӯ бувад,
Ҳамеша Рабби Кибриё ӯ бувад.
Падид орад аз хок хору гиёҳ,
Кунад гавҳар аз сангу в-аз занг моҳ.
Ӯ бинҳод ба мардум қазову қадар,
Ба ҳар лаҳзае мекунад ӯ назар.
Чу дил пок бошад, набинад дар он,
Ба покӣ дили пок бояд, бидон!
Диле ҷӯ, ки он дил назар оварад,
На он дил, ки бар ту зарар оварад.
На ҳар дил бувад дил, на ҳар роҳ сабил,
На ҳар сабр аст, чу сабран ҷамил.
Набошад ба ҳар шох бору самар,
Садафҳо на ҳар як биёрад гуҳар.
На ҳар қавл қавли накӯ равшан аст,
На ҳар сина ҷойи бузурги фан аст.
Ба ҷуз он Худо пок аз айб нест,
Ба ҷуз Ӯ касе олими ғайб нест.
Ту то бошӣ зикри Худованд кун,
Ҳама роҳи ғафлат ба худ банд кун.
Фасона махон аз дурӯғу ғурур,
Ту биноӣ, худро макун шахси кӯр.


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
ГостьДата: Вторник, 2009.11.24, 10:16 | Сообщение # 10
Группа: Гости





Ишки дунёи пур аз шуру щар аст ,
Ишки ёри пок бар мо бехтар аст.
 
BonuДата: Понедельник, 2013.04.15, 21:16 | Сообщение # 11
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Дар чахони бе бако охир парешон мешави,
Умри худ зоеъ макун чоно пушаймон мешави.
Кадри ёру дустонро дон андар зиндаги,
Окибат ай бехабар дар хок пинхон мешави.
Доимо дар зикри хак бошу, Худоро ёд кун,
Хон марав бо рохи шайтон пур зи усён мешави.
Гар биёби давлату, дунёву мулки бехисоб,
Ин хама хайрон бинод, чисми бе чон мешави.
Зан кунад шуи дигар, фарзанд фаромушат кунад,
Хеч ёди ту намеояд, чу дар хок мешави.
Эй, ки дори аклу хуш сарфи худо кун моли худ,
Пеш аз он, ки андар лахад пусида вайрон мешави.
Дар забонат лоилохро, доимо такрор кун,
Дур аз гуфтори бад бош, чунки расво мешави.
Ахли илму толибонро гар тавони даст гир,
Бо хунармандон нишин, окилу доно мешави.
Бо бадон маншин, ки имони ту мегардад хароб,
Дар сарои охират дар нори сузон мешави.
Толибо хохи саодат неки кун, бо мардумон,
Дар бихишти човидон бо хуру гилмон мешави.

Добавлено (2013.04.15, 21:16)
---------------------------------------------
Ҳар лаҳзаи умри мо ҳисоб хоҳад кард,Аз некию бадии мо як китоб хоҳад кард,Вақто ба рӯзи охир хонанд онро,Бар ҳар як гуноҳи мо азоб хоҳад дод!Бе хайру саховати дунё парво накунӣ,Як бор намози худ бар по накунӣ,Дар рӯзи ҳисоб назди холиқи ҷаҳон,Шарманда зи халқи ҷаҳон парво накунӣ!


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
gulijonДата: Четверг, 2013.04.18, 15:29 | Сообщение # 12
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Аз хеш барову бо Худо бош,
Зинҳор зи хештан ҷудо бош.
Бо чашми касони хешдида
Бегонанамову ошно бош.
Бе дард мабош, бе даво ҳам,
Бо дард чу марҳаму даво бош.
Аз кина ҳазар, ки ғам физояд,
Чун ойина софу босафо бош.
Аз саркашй най чу буриё шуд,
Зинҳор, чу хок зери по бош.
Хоҳӣ, ки бақои хеш ёбӣ,
Аз хеш барову чун фано бош.
Рузӣ каму беш аз азал шуд,
Ҳар чиз зи Ҳақ расад, ризо бош.
Бо хонаи кас марав ту зинҳор,
Бар даргаҳи шоҳ чун гадо бош.
Чун хок шудӣ, ту сурма гаштӣ,
Бар чашми касон чу тутиё бош.
Мақбули дили шикастагон шав,
Бар дарди ҳама чу мумиё бош.
Хуш бош, вале зи худ барои
Маҳзун, ту ҳамеша бо Худо бош!


Худованд собиронро дуст дорад
 
BonuДата: Пятница, 2013.04.19, 15:27 | Сообщение # 13
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Дар насиҳати фарзанд 

Биё, эй нури чашму ҷони дида, 
Зи ман бишнав яке панди хамида. 
Зи илму дини обо туша андуз, 
Дигар фанни маъоши аср омуз. 
Аз он илме, ки муътоди замон аст, 
Маъолаш саллаву зеби чапон аст. 
Ҳамон илме, ки динат гардад обод, 
Туро созад зи банди фақр озод. 
Ҳамон илме, ки бошад ҳосилаш ганҷ, 
Бувад бе ганҷ илмат мояи ранҷ. 
Ба таҳсили камолу фазл мекуш, 
Дар ин дег аз барои пухтагӣ ҷуш. 
Намегуям, ки тақлиди қазо кун, 
Футури дин ба ришват иқтизо кун. 
Ба мӯҳре номи худро соз аълам, 
Зи мӯҳрат то физояд меҳри дирҳам. 
Қаламдону давоте чун гирифтӣ, 
Туро ин бас бувад хонанд муфтӣ. 
Зи вазъи саллаи гунбадаломат, 
Бирав бо масчиде мекун имомат. 
Ва ё бар ҷамъи маъдуду мухаввис, 
Ба устодӣ худатро кун мударрис. 
Маъошат з-ин намат гар ҳосил ояд, 
Туро беҳӣ якин мустаъсал ояд. 
Зи ман ин илм омӯзу саноъат, 
Қаноъат кун, қаноъат кун, қаноъат. 
Ба илми дунявӣ кӯшиданат беҳ, 
Аз ин оби бақо нӯшиданат беҳ. 
Асирӣ чун падар додат чунин панд, 
Ба гӯши ҳуш гир онро чу фарзанд! (Асири)


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
gulijonДата: Пятница, 2013.04.19, 16:06 | Сообщение # 14
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Худоро, Хоҷа Абдуллоҳи Ансор,
Мадад кун бо мани ранҷури бемор. 

Ғарибе гар равад дар шаҳри шоҳе,
Ки ў бошад кариму неккирдор. 

Аҷаб набвад, гар аз рўйи тараҳҳум
Бигирад дасти он афтодаи зор. 

Туӣ Пири Ҳироту ман дар ин шаҳр
Ғарибу оҷизам бе ёру ғамхор. 

Бикун раҳме бар аҳволи табоҳам,
Ки шуд рўзам сияҳтар аз шаби тор. 

Ба ҳаққи Мустафову аҳли байташ,
Муродамро бихоҳ аз Ҳайи ғаффор. Маҳҷубаи Ҳиравӣ


Худованд собиронро дуст дорад

Сообщение отредактировал gulijon - Пятница, 2013.04.19, 16:08
 
BonuДата: Пятница, 2013.04.19, 16:24 | Сообщение # 15
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Хуш дор,ки марг тири сузон дорад, 
Кун тавба зи чурмхо,ки зиндон дорад. 
Дарё чу арус агарчи хандад имруз. 
Фардо ба ситам халоки дандон доард. 
Рав суи хамушон бипурс аз хок, 
Аз тири ачал хазор пайкар дорад.


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
gulijonДата: Понедельник, 2013.04.22, 14:59 | Сообщение # 16
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Илоҳӣ, партави нури ҳидоят бахш ҷонамро,
Ба ҳамди зоти поки хеш ҷорӣ кун забонамро.
 
Ба баҳри назм монанди садаф кун дилнишин назмам,
Чу дар ҷода ба гўши нуктаороён баёнамро.
 
Заъифу хаставу бечора афтодам ба даргоҳат,
Тавоноӣ карам фармоӣ ҷисму ҷонамро.
 
Диламро дар вафо парвонаи базми саъодат кун,
Бигардон шамъи фонусе муҳаббат устухонамро.
 
Ғизоли ваҳшии иқболро сайдикамандам кун,
Расонӣ бар нишони муддаъо тири нишонамро.
 
Зи доноӣ агар аз ҷодаи тоъат бурун тозам,
Бигардон аз раҳи исён зи лутфи худ инонамро.
 
Ту Сатториву Зарғом гунаҳкор асту мехоҳад,
Ки дар маҳшар насозӣ бармало айби ниҳонамро.
 
 
Хони гарме густарид ҳазратиПарвардигор,
Аз сари нав оварид рўйи заминро баҳор.
 
Дод зи тўфони ашк ғуслчаманро зи абр,
Ҷадвали зарин кашид бартарафи ҷўйбор. 
 
Кокули сунбул нигар аз тарафи боди субҳ,
Бехта бар ҷаъдиў наҳфаи мушки татор.                   
 
Карда зи дебои сабз сарв ба худ пираҳан,
Гашта чу атфоли гул маркабини чўбинсавор.
 
Руқъаеовард бод аз тарафи субҳу дод
Булбули ошуфтаро сабру сукуну қарор.
 
Дод ҷаҳонрофароғ аз дами дуди чароғ,
Ҳар тараф афканд боғшамъ ба шохи анор.
 
Баски таҷаллинамостдомани ҳомуну дашт,
Води имон шудаст дашту дару кўҳсор.
 
Баҳритафаккур фурў рафт ба худ шохи бед,
Баҳридуъо карда ба дасти тазарруъ чанор.
 
Булбулу гул ҳарду тан хуфта ба як пираҳан,
Кўтаҳаз он анҷуман дасти пурошўби хор.
 

Добавлено (2013.04.22, 14:59)
---------------------------------------------
Илоҳӣ, партави нури ҳидоят бахш ҷонамро,
Ба ҳамди зоти поки хеш ҷорӣ кун забонамро.
 
Ба баҳри назм монанди садаф кун дилнишин назмам,
Чу дар ҷода ба гўши нуктаороён баёнамро.
 
Заъифу хаставу бечора афтодам ба даргоҳат,
Тавоноӣ карам фармоӣ ҷисму ҷонамро.
 
Диламро дар вафо парвонаи базми саъодат кун,
Бигардон шамъи фонусе муҳаббат устухонамро.
 
Ғизоли ваҳшии иқболро сайдикамандам кун,
Расонӣ бар нишони муддаъо тири нишонамро.
 
Зи доноӣ агар аз ҷодаи тоъат бурун тозам,
Бигардон аз раҳи исён зи лутфи худ инонамро.
 
Ту Сатториву Зарғом гунаҳкор асту мехоҳад,
Ки дар маҳшар насозӣ бармало айби ниҳонамро.
 
 
Хони гарме густарид ҳазратиПарвардигор,
Аз сари нав оварид рўйи заминро баҳор.
 
Дод зи тўфони ашк ғуслчаманро зи абр,
Ҷадвали зарин кашид бартарафи ҷўйбор. 
 
Кокули сунбул нигар аз тарафи боди субҳ,
Бехта бар ҷаъдиў наҳфаи мушки татор.                   
 
Карда зи дебои сабз сарв ба худ пираҳан,
Гашта чу атфоли гул маркабини чўбинсавор.
 
Руқъаеовард бод аз тарафи субҳу дод
Булбули ошуфтаро сабру сукуну қарор.
 
Дод ҷаҳонрофароғ аз дами дуди чароғ,
Ҳар тараф афканд боғшамъ ба шохи анор.
 
Баски таҷаллинамостдомани ҳомуну дашт,
Води имон шудаст дашту дару кўҳсор.
 
Баҳритафаккур фурў рафт ба худ шохи бед,
Баҳридуъо карда ба дасти тазарруъ чанор.
 
Булбулу гул ҳарду тан хуфта ба як пираҳан,
Кўтаҳаз он анҷуман дасти пурошўби хор.
 


Худованд собиронро дуст дорад

Сообщение отредактировал gulijon - Понедельник, 2013.04.22, 14:58
 
BonuДата: Вторник, 2013.04.23, 12:17 | Сообщение # 17
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Хушо, ширинии номи Худованд,
Хушо,нуши май аз чоми Худованд.
Хушо,нуши шароби чоми Боки,
Зи дасти соки инъоми Боки.
Хушо, бар бандагон  инъоми омаш,
Хушо,ин лаззати такрори номаш.


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.

Сообщение отредактировал Bonu - Вторник, 2013.04.23, 12:20
 
gulijonДата: Пятница, 2013.04.26, 10:11 | Сообщение # 18
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Эй соҳиби ин масъалаироҳнамо, 
Медон ба яқин, ки Ломакон аст Худой. 
Хоҳӣ, ки туро кашф шавад ин маъно, 
Ҷон дар бадан бин, ки куҷо дораду ҷой?


Худованд собиронро дуст дорад
 
BonuДата: Суббота, 2013.04.27, 15:27 | Сообщение # 19
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Рӯзу шаб парҳез кун аз сӯҳбати он бенамоз, 
Зан махоҳ аз бенамозон, низ вайро зан мадеҳ, 
То нагардӣ дузахӣ аз шумии он бенамоз. 
Лаън шуд бар бенамозон аз Худою аз Расул, 
Ҳам малоик, ҳам замин, ҳам осмон бар бенамоз. 
Бенамозе хаста бошад, ту бар ӯ пурсиш макун, 
Гар бимирад бенамозе, ту макун бар вай намоз.


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
gulijonДата: Суббота, 2013.05.04, 14:24 | Сообщение # 20
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Дар  рӯи ҷаҳон нест зи ислом азизтар.
Дар  пеши Худо нест касе ёвару сарвар.
Дар  рӯи ҷаҳон карда гуноҳ шоҳу гадоён
Гар тавба кунем Худо тавбапазир аст ба моён.


Худованд собиронро дуст дорад

Сообщение отредактировал gulijon - Суббота, 2013.05.04, 15:28
 
BonuДата: Вторник, 2013.05.07, 17:05 | Сообщение # 21
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Толиби дидори Ҳақ бедор шав вақти саҳар, 
Чуяндаи асрори Ҳақ бедор шав вақти саҳар. 
Ҳар зери заҳмат мерасад бисер неъмат мерасад, 
Акнун ки фурсат мерасад бедор шав вақти саҳар. 
Рав ошиқи бечора шав аз хонумон бегона шав, 
Бар руйи Ӯ назора шав бедор шав вақти саҳар. 
Эй Шамси Табрези бие баҳри Худо кун тоъате, 
Ғофил машав як соату бедор шав вақти саҳар

Добавлено (2013.05.07, 17:05)
---------------------------------------------
Ҳар лаҳзаи умри мо ҳисоб хоҳад кард,
Аз некию бадии мо як китоб хоҳад кард,
Вақто ба рӯзи охир хонанд онро,
Бар ҳар як гуноҳи мо азоб хоҳад дод!
Бе хайру саховати дунё парво накунӣ,
Як бор намози худ бар по накунӣ,
Дар рӯзи ҳисоб назди холиқи ҷаҳон,
Шарманда зи халқи ҷаҳон парво накунӣ!


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
gulijonДата: Среда, 2013.05.08, 14:45 | Сообщение # 22
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Саҳар бархезу тоат кун, ки тоат беҳ зи ҳар кор аст,
Саодат он касе бошад, ки пеш аз субҳ бедор аст.
Хурӯсон ҳар саҳар гӯянд: ки “қум ё айюҳал ғофил”
Ту аз масти намедонӣ, касе донад, ки ҳушёр аст.
Танат гӯяд бархезам, ҳаво гӯяд даме андак,
Ҳаворо пеши поят зан, ки вақти амри Ҷаббор аст.
Танат бар тахта андозанд, ҷанозат мардумон хонанд,
Ба гӯри танг андозанд, амал он ҷо туро ёр аст.
Аё эй Шамси Табрезӣ, ту чун марди саҳархезӣ,
Агар сад сол бигрезӣ, ки охир марг даркор аст!


Худованд собиронро дуст дорад
 
BonuДата: Пятница, 2013.05.10, 15:14 | Сообщение # 23
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Ало эй хирадманди бисёрҳуш,
 Агар ҳушмандӣ, ба ман дор гӯш. 
Баланд осмон зери пой оварӣ,
Агар панди Саъдӣ ба ҷой оварӣ:
Ҷавоно, раҳи тоъат имрӯз гир,
Ки фардо ҷавонӣ наёяд зи пир.
Фароғи дилат ҳасту нерӯи тан,
Чу майдон фарох аст, гӯе бизан.
Қазо рӯзгоре зи ман даррабуд
Ки ҳар рӯз аз вай шаби қадр буд.
Ман он рӯзро қадр нашнохтам,
Бидонистам, акнун, ки дарбохтам.
Чу кӯшиш кунад пири хар зери бор,
Ту мерав, ки бар бодпойӣ савор.
Шикаста қадаҳ в-ар бибанданд чуст,
Наёвард хоҳад баҳои дуруст.
Кунун, к-ӯ фитода ба ғафлат зи даст
,
Тариқе надорад магар бозбаст.
Кӣ гуфтам ба Ҷайҳун-дар андоз тан,
Чу афтод ҳам дасту пое бизан!
Зи ғафлат бидодӣ зи даст оби пок,
Чӣ чора кунун ҷуз таяммум ба хок.
Чу аз чобукон дар давидан гаравНабурдӣ, ҳам афтону хезон  бирав! Саъдии Шерозӣ


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.

Сообщение отредактировал Bonu - Пятница, 2013.05.10, 15:16
 
gulijonДата: Четверг, 2013.07.04, 10:32 | Сообщение # 24
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Марям аз як нисбати Исо азиз,
Аз се нисбат ҳазрати Заҳро азиз.
Нури чашми Раҳматан л-ил-оламин,
Он имоми аввалину охирин.
Он ки ҷон дар пайкари гетӣ дамид,
Рўзгори тозаойин офарид.
Бонуи он тоҷдори ҳалато,
Муртазо, мушкилкушо, шери Худо.
Подшоҳу кулбае айвони ў,
Як ҳусому як зиреҳ сомони ў.

Добавлено (2013.07.04, 10:32)
---------------------------------------------
Нағмахез аз захмаи зансози мард,
Аз ниёзи ў дуболо нози мард.
Пўшиши урёнии мардон зан аст,
Ҳусни дилҷў ишқро пироҳан аст.
Ишқи Ҳақ парвардаи оғўши ў,
Ин наво аз захмаи хомўши ў.
Он ки нозад бар ваҷудаш коинот,
Зикри ў фармуд бо тибу салот.
Муслиме, к-ўро парасторӣ шумурд,
Баҳрае аз ҳикмати Қуръон набурд.
Нек агар бинӣ, умумат раҳмат аст,
3-он ки ўро бо нуббуват нисбат аст.
Шафқати ў шафқати пайғамбар аст,
Сирати ақвомро суратгар аст.
Аз умумат пухтатар таъмири мо,
Дар хати симои ў тақдири мо.
Ҳаст агар фарҳанги ту маънирасе,
Ҳарфи уммат нуктаҳо дорад басе.
Гуфт он максуди ҳарфи "кун факон"
Зери пойи уммаҳот омад ҷинон.
Миллат аз такрими арҳом асту бас,
Варна кори зиндагӣ хом асту бас.
Аз умумат гарм рафтори ҳаёт,
Аз умумат кашфи асрори ҳаёт.


Худованд собиронро дуст дорад
 
  • Страница 1 из 1
  • 1
Поиск:

Приветствую Вас Гость


Кнопка сайта



Друзья сайта
Статистика
Powered by Султанов Баходур Анварович © 2025