Тибқи иттилоъи Вазорати беҳдошти Тоҷикистон, ҳоло дар ин кишвар 44 кӯдаки мубтало ба вируси Эйч-ой-вӣ (ВИЧ, СПИД) сабт шудааст. Омори дақиқе дар бораи чигунагии сирояти ин афрод дар даст нест, вале гуфта мешавад, бештари ин кӯдакон дар батни модар ва ё аз тариқи сӯзандору ва хунгузаронӣ ба ин мараз гирифтор шудаанд.
Тобистони гузашта Бонки ҷаҳонӣ дар гузорише ҳушдор дода буд, ки вазъияти системҳои хунгузаронӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бағоят ваҳим аст ва имкони густариши ибтило ба СПИД аз ин роҳ вуҷуд дорад.Шамсиддин Қурбонов, раиси Идораи хидматрасонӣ ба модару кӯдаки Вазорати тандурустӣ гуфт, ки барои ҷилавгирӣ аз мавориди сирояти вируси СПИД ба кӯдакон, дар соли ҷорӣ дар ин вазоратхона чаҳор гурӯҳи фаннӣ таъсис шудааст.Масъули вазорати тандурустӣ мегӯяд, баъзан пизишкону ҳамшираҳои шафқат ё парасторон аз сӯзандоруҳое, ки барои як бор истифода дар назар гирифта шудаанд, чанд маротиба истифода мекунанд ва дар чунин шароите хатари сирояти амрози мусрӣ зиёд аст.
Коршиносон мегӯянд, дар ҳоле ки дар кишварҳои ҳамсояи Қирғизистон ва Узбакистон омилҳои чунин ҳаводисе ба додгоҳ кашида шудаанд, вале то ҳол дар Тоҷикистон дар ин замина ҳеч қазияи ҷиноӣ баррасӣ нашудааст.