Душанбе

САЛОМ КАЛИДЕСТ, КИ ДАРИ ДИЛҲОРО МЕКУШОЯД - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, ДушанбеСАЛОМ КАЛИДЕСТ, КИ ДАРИ ДИЛҲОРО МЕКУШОЯД - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе 2012 - Душанбе мой любимый город! Таджикистан, Таджик
Меню сайта
Сделать стартовой

[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
  • Страница 1 из 1
  • 1
САЛОМ КАЛИДЕСТ, КИ ДАРИ ДИЛҲОРО МЕКУШОЯД
BonuДата: Пятница, 2012.03.09, 20:14 | Сообщение # 1
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Худованд каломашро ҳамчун дастури ҳаёт ба ҳабибаш нозил кардааст, ки он пур аз одобу ахлоқ аст. Ва омилу шореҳи ин каломи илоҳӣ паёмбар (саллаллоху алайхи вассалам) худ дар ҳаёти пурмазмунашон ва гуфтору суханҳояшон, инчунин афъоли ҳамидаашон намунаи беҳтарини оламиён гаштаанд.
Вақте ки сухан дар боби салом меравад, яке аз оятҳои Худовандро, ки дар сураи "Нисо" мавҷуд аст, ёдовар мешавем. Он ояти 86 буда, Ҷалла Ҷалолуҳу чунин мегӯяд: "Ҳар вақте, ки (яке аз шумоён) салом дода шавад, ба беҳтари он (яъне ба калимаи беҳтарин) ҷавоб гардонед. Ё ин ки ба мислаш (ҷавоб гардонед). Ин ки Худованд ҳар як чизро меҳисобад. Дар ин ҷо Парвардигор ба салом ҷавоб гардониданро амр мекунад. Пас, маълум мегардад, ки салом додан суннат ва ҷавоби ӯ воҷиб мегардад.
Одати неки Паёмбар (саллаллоху алайхи вассалам) ин буд, ки ҳангоме саломаш медоданд, ӯ беҳтарин ҷавоб мегардонданд. Ҳар кӣ "Ассалому алайкум ё Расулаллоҳ!" мегуфт, "Ва алайкум ассалому ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳу!" гӯён ҷавоб мегардонданд.
Салом калидест, ки дари дилҳоро ба истиқболи якдигар мекушояду наздик месозад, мӯъминонро сарҷамъ менамояд, муҳаббати ҳамдигариро мепайвандад. Салом дар ислом беҳтарин одобест, ки Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) ҳамеша ба каси пеш омада аввал салом медоданд.
Ин зоти шариф дар бораи салом чунин марҳамат карда буданд: "Қасам бар он зоте, ки насли ман дар дасти ӯст, бар ҷаннат дохил намешавед то имон наоваред, имони шумо дуруст набошад, то якдигарро дӯст надоред. Оё роҳеро далолат накунам, ки ҳамеша ба ҷо оред, муҳаббат пайдо мекунед".
Сабоҳаҳо гуфтанд:
- Оре ё Расулуллоҳ
Паёмбар (саллаллоху алайхи вассалам) гуфтанд:
- Саломро дар байнатон ифшо намоед, яъне ошкоро ва паҳн кунед.
Моему сари маънии "салом" додану ҷавоби саломро гардондан. Вақте ки нафаре ба дигаре "салом" гуфта, дар ҷавоб низ "салом" шунавад, аз ин ягон маънӣ ҳосил намегардад. Вақто, ки "Ассалому алайкум", мегӯем, мувофиқи илми наҳв ва дигар илмҳои арабӣ "Тинҷию саломатӣ аз ҷониби Худованд бар шумо бод!" гӯён бо як дуои нек ба рафиқамон мулоқӣ мешавем. Ва бар саломдиҳанда "Ва алайкум ассалом" гӯён ҷавоб мегардонем, ин дуо ва орзуи хайрро барои саломдиҳанда таманно мекунад. Ё ин ки дар ҷавоб "Ва Раҳматуллоҳ ва баракатуҳу"" - ро илова намоем, яъне: "Раҳмат ва баракати Худованд бар шумо бод" гӯён одоби беҳтаринро нишон медиҳем.
Паёмбари Худо дар як ҳадисашон "Ба саломдиҳанда як савобу ба ҷавобдиҳанда даҳ савоб мерасад", гӯён марҳамат карда буданд.
Мувофиқи одобу ахлоқи исломӣ бояд то ба ҳамаи бандагони Худо, новобаста ба дину забонашон бояд ба салом бошем. Ибни Аббос Розияллоҳу анҳу мегӯяд: "Касе аз бандагони Худо бар шумо салом диҳад, ба ӯ ҷавоб гардонед, агарчи вай бутпараст аст".
Дар одоби салом низ чанд сухан гуфтан ҷоиз аст. Дар ҳаммом, бар касе, ки қазои ҳоҷат машғул бошад, ба қуръонхон, ба намозгузор, ба занони номаҳрам салом набояд кард. Одоби салом кардан инҳоянд: савора бар пиёда, истода бар нишаста, нишаста ба такязада, хурд ба калон, аққал бар аксар. Ҳангоми ба хона ворид шудан ба аҳли оила салом додан савоб аст. Агарчи дар хона касе набошад ҳам, бо салом дароед, ҷавоби онро фариштагон медиҳанд. Ҳангоми салом додан ду дастро ба пеши бар бурдан, андаке сарро хам намуда,чеҳраро кушод гирифтан одоби хуб аст.
Вале сад афсӯс, ки вақтҳои охир одоби салом коҳидааст. Масалан, ба ҷои "Ассалому алайкум" танҳо "Салом" - ро истифода бурдан ба ҳамагон одат шудааст. Бо мурури замон маданияти саломдиҳӣ низ ҷомаи дигар пӯшид. Баъзе мансабдорон ба минбар баромада, одоби мулоқоти аҳли маҷлисро бо "салом" риоя намекунанд. Дар роҳу кӯча низ мушоҳида мешавад, ки фақат шинос бо шинос салом медиҳад, халос. Ҳол он ки Паёмбари Худо таъкид кардаанд: "Салом деҳ касеро шиносӣ ӯро ва ё нашиносӣ ҳам".
Аз баъзеҳо дар ҷавоби "Ассалому алайкум" танҳо "Салом" - ро мешунавед. Ду дасти бародарона дароз мекунед, як дасти такаббурона бар шумо дароз мекунад. Аз тариқи телефонӣ низ ҷавобҳои нопурраро мешунавед. Ислоҳи ин норасоиҳо одоби моро боз ғанибтар гардонад.
Шукри Худо, ки барои барқарор намудани одобу анъанаҳои аҷдодӣ дигар баҳонае надорем. Зеро давлати мо давлати соҳибистиқлол, мустақилу ҳуқуқбунёд ва демокративу дунявӣ мебошад. 99 фисади мардумаш мусулмон аст. Дар қатори ба ҷо овардани аҷзои тамаддуни бисёрсолаи худ ба одоби салому алейк, мулоқоти хешу ақрабо, бегонагон, дарёфти илму маърифат низ эътибори ҷиддӣ бояд дод... \

Зимни мулоқот салом кардан яке аз асоситарин одоби исломист. Салом гуфтан паёми эминиву масаррат ва саломатиро ба якдигар расонидан мебошад.
Аз ин рӯ ба волидайн, фарзандон, хешовандон ва соири бародарони мусулмон салом гуфтан лозим аст. Зеро салом гуфтан боиси зиёдшавии меҳру муҳаббат мегардад.
Худованд дар Қуръони Маҷид фармудааст: Агар аҳли имон пеши ту биёянд, бар онон салом бигӯ. Худованд раҳмат карданро бар худ фарз гардонидааст. Ҳар кӣ аз шумоён ба нодонӣ гирифтори хато шуда, сипас тавба кунаду некиро пешаи худ созад, мавриди мағфирати Парвардигор қарор хоҳад гирифт. Худованд бахшандаю меҳрубон аст".
Салом гуфтан ба бародари мусулмон лозиму зарурист. Зеро салом кардан нишони мусулмон будан аст. Худованд дар сураи "Нисо", ояти 86 мефармояд: "Вақте ба шумо салом гуфта шавад, посухи ӯро ба беҳтарин ваҷҳ ё ҳадди ақал бо ҳамон калимот салом бидиҳед".
Манзур аз овардани ин оёт ин аст, ки мӯъминон бояд вақти мулоқот якдигарро дуои амну саломатӣ кунанд. Аз ин ҷост, ки суннати салом ривоҷ пайдо кардааст. Равиши суннатӣ дар салом додан ин аст, ки зимни мулоқот "Ассалому алайкум!" бигӯӣ ва шунаванда низ "Ва алайкумуссалом" гӯяд. Ин одати ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) буд. Маънию мафҳуми "Ассалому алайкум" чунин аст: "Шумо дар амону ҳифозати Худованд ва дар паноҳи Ҳақ дохил шуда, аз ҳар гуна ранҷу ғам, андӯҳу парешонӣ дур бошед!" Лафзи "Салом" яке аз номҳои Худованд аст.
Тавре аз гуфтаҳои боло бармеояд, салом гуфтан боиси бедор шудани эҳсосоти ухувват (бародарӣ), муҳаббат ва вафодорӣ мегардад. Дар марказҳои тиҷоратӣ ва шаҳрҳои бузург, ки таҷамӯъ ва издиҳом хеле зиёд аст, ба ҳар касе салом гуфтан мушкил аст. Дар чунин мавридҳо танҳо ба касоне , ки тарафи муомила ҳастанд, яъне бо нафароне, ки додугирифт сурат мегирад, салом додан кифоя мебошад. Салом гуфтан ба ошнову ноошно суннат аст.
Шахсе аз Расули Акрам (саллаллоху алайхи вассалам) пурсид: "Кадом ислом беҳтар аст?" Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) дар ҷавоб гуфтанд: "Меҳмоннавозӣ кардан ва ба хешу бегона салом додан".
Имом Тирмизӣ ривоят мекунад, ки марде ба ҳузури Расули Худо (саллаллоху алайхи вассалам) омаду гуфт: "Ассалому алайкум". Расулуллоҳ (саллаллоху алайхи вассалам) саломи ӯро ҷавоб доданд ва он шахс нишаст. Паёмбар (саллаллоху алайхи вассалам) фармуданд: "Даҳ некӣ дар номаи аъмоли ин мард навишта шуд. Баъд аз муддате нафари дигаре омада гуфт: "Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ" Расули Акрам (саллаллоху алайхи вассалам) каломи ӯро ҷавоб гуфта фармуданд: "Бист некӣ дар номаи аъмоли ӯ навишта шуд. Пас аз фурсате шахси дигар омада гуфт: "Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу". Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) баъд аз ҷавоби саволи ӯ фармуданд: "Сӣ некӣ дар номаи аъмоли ӯ навишта шуд".
Равиши салом гуфтан аз нуқтаи назари ахлоқ дар ислом чунин аст, ки хурд ба бузург, пиёда ба нишаста, савора ба пиёда, фарзандон ба волидайн, шогирдон ба устодон, муқтадӣ (иқтидокунанда) ба имом , роҳбари қавм ба зердастонаш салом гӯяд.
Агар бачаҳои хурдсол дар мактабу боғча машғули омӯзиш бошанд, шахси бузургтаре, ки вориди синфи онҳо мешавад ба онҳо бояд салом гӯяд.Ҳамчунин агар бачаҳо дар хонаву манзил ҳастанд, падар, модар, бародар вақте ки вориди хона мешаванд, лозим аст ба онон салом гӯянд, то ба ин тартиб бачаҳо салом гуфтанро ёд бигиранд.
Бандагони хоси Худо саъю талош мекарданд, ки дар салом гуфтан пешдастӣ кунанд. Шайх Аттор дар ин бобат фармудааст:

Эй писар, гар пештар гӯӣ салом,
Оташи дӯзах шавад бар ту ҳаром.

Дар як ҳадиси ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) омадааст: " Барои ҳеҷ мусулмон раво нест, ки беш аз се рӯз бо бародарони мусулмони худ қатъи рафтуомад намуда, аз якдигар рӯгардон бошанд. Аз ин ду нафар (қаҳришуда) беҳтарин назди Худованд касест, ки дар салом гуфтан пешдастӣ намояд". Пас дар салом гуфтан бахилӣ накунед ва салом дода соҳиби савоб шавед.


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
TajPersBoyДата: Воскресенье, 2012.03.11, 23:52 | Сообщение # 2
Майор
Группа: Модераторы
Сообщений: 145
Награды: 6
Репутация: 5
Статус:
Bonu, дуруд бар Шумо!! бисёр суханони неку ибратомуз...Ташаккур!

Ёрам чу қадаҳ ба даст гирад ,
Бозори бутон шикаст гирад.
 
BonuДата: Четверг, 2012.03.15, 18:36 | Сообщение # 3
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
TajPersBoy, САЛОМ.СИПОСИ БЕНИЁЗ!

Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
gulijonДата: Четверг, 2012.11.01, 14:17 | Сообщение # 4
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Якчанд қоидаи салом додан:
Мувофики одоб, савора ба пиёда, шахси истода бар нишаста ва нишаста ба такязада, шахси хурд ба бузург салом дихад. Бо чехраи , хандону руи кушода салом дихад. Бо ишора салом накарда, ба лутф бигуяд, ки "ассалому алейкум" ё "салому алейк". Дар салом кардан калима ва иборахои аз адаб дурро истеъмол накунад; даст дода вохурй кунад.
Дар чавоб додани салом хар кас бояд як чанд коидаро риоя кунад, яъне чавобдиханда ба тозаруй чавоб дихад;чавоби салом фарз аст. Агар чамоате нишаста бошаду як кас аз номи хама чавоб дихад, раво бошад; чавоби салом ба лафз бошад, на ба ишора; бояд чунон чавоб дихад; ки саломкунанда шунавад; агар саломкунанда кар бошад, баланд салом кунад ва гайра.
Одоби салом кардан ва чавоб гуфтан аз расму оинхои маъмули байни одамон бошанд хам, мутаассифона, хама кас мавзеи салом гуфтану чавоб доданро намедонанд. Хрлатхое мешавад, ки мардум дар чойхое, ки аз руи одоб мамнуъ аст, бо якдигар салом мекунанд.

Добавлено (2012.11.01, 14:17)
---------------------------------------------
Мувофики меъёрхои ахлоки замони нависанда шахси мизбон хангоми ба назди хонаи шахси ношинос омадан бояд на дар рубаруи хона, балки аз чониби рост ё чапи дар истода "ассалому алайкум" гуяд. Агар касе аз даруни хона чавоб надихад, боз то се маротибаи дигар хак дорад, ки саломи худро такрор кунад. Дар сурати чавоб нашудан бояд гашта равад. Чизе ки дар ин чо чолиби диккат хает, он аст, ки мехмон бояд дар баробари дар наистода, дар чониби рост ё чапи дар истад. Мурод аз ин таъкиди Алии Сафй шояд он бошад, ки мо мабодо дар сурати гоиб будани шахси мард аврате дарро кушояд. Дар чунин вазъият бояд на ба руи аврат, балки ба чониб ё тарафи дигар нигох карда ran занад. Ин албатта, яке аз нозукихои меъёри ахлокй замони нависанда ба шумор мерафт.
Фасли дуюми боб дар одоби салом ном дорад, ки аз дувоздах адаб иборат аст, монанди: пеш аз вохурй кардан, аввал салом намудан; саломро дар шакди пуррааш "Ассалому алайкум рахматуллохи ва баракотух"/ изхор карда, чавоби салом Ваалейкум ассалом ва рахматуллохи ва баракотух" ё "Ва алейкассалом", аз байни гурухи одамон як касро чудо намуда салом накардан; саломкунанда хангоми салом бояд ггушташро хам накунад, ки мамнуъ ва макрух аст; агар чамъе нишаста бошанд, аз чониби рост ё чап рафта салом кунад , рубару наравад; салом карданй савора бар пиёда, раванда бар нишаста, андак бар бисёр; тарки саломи зани хушрую, зебо ва тарки чавоби саломи вай; тарки салом дар чойхо ва мавкехои номуносиб /махалли, казои хочат/ дар вакти мубошират, хоб, дар хаммом, хангоми таомхурй, ки лукма дар дахон аст, либосггушй ва гайра;тарки салом бар кофиру фосик, ва шахси золим; дар чавоби саломи яхудиёну насронихо танхо "алейкум" гуфтан; саломи видоъ /яъне хангоми чудой аз чамъи ёрон/; ба шахсони кару гунг хам ба лафз ва хам ба даст салом додан ва Faйpa.


Худованд собиронро дуст дорад
 
BonuДата: Четверг, 2012.11.01, 14:50 | Сообщение # 5
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
gulijon, Машаллох бехтарин суханхо

Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
gulijonДата: Пятница, 2012.11.16, 12:07 | Сообщение # 6
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Маънии салом ин аст: «Ман мусулмонам ва ҷону молу обрӯи ту аз азияту озори ман дар саломат ва эмин аст».
Аввалин чизе, ки дар бораи салом бояд донист, талаффузи саҳеҳ (дуруст)-и салом додан аст. Он ҳам бо лафзи арабии «Ассалому алайкум» мебошад. Имом Абӯҳанифа (р) далел меорад, ки шаби меъроҷ Худованд ба ҳазрати Муҳаммад (с) чунин фармуд: «Ассалому алайка айюҳан набӣ». Аз ин рӯ ҷавоби салом додан фарз шуд. Дар бораи фазилати салом додан ҳадисҳои бисёре мавҷуданд. Чунончи Расули Худо (с) фармуданд: « Чун ду мусулмон якдигарро мулоқот мекунанду салому мусофиҳа менамоянд ва бар ман салавот мефиристанд, сад раҳмат ба онҳо нозил мешавад».
Бахилтарини мардумон касест, ки дар салом додан бахилӣ мекунад. Ҳазрати Муҳаммад (с) ба кӯдакон салом медоданд, то ки онҳо низ салом доданро таълим гиранд.


Худованд собиронро дуст дорад
 
BonuДата: Понедельник, 2013.01.28, 22:21 | Сообщение # 7
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Салом! Ба дили бедор паём...
Салом! Аз осмони софу бегубор паём...
Салом! Аз кавкабхои Кахкашон паём...
Салом! Аз нури тачаллии бехамто паём..
Аз беназиру нотакрору якто ПАЁМ!!

Добавлено (2013.01.28, 22:21)
---------------------------------------------
Салом! Ба дили бедор паём...
Салом! Аз осмони софу бегубор паём...
Салом! Аз кавкабхои Кахкашон паём...
Салом! Аз нури тачаллии бехамто паём..
Аз беназиру нотакрору якто ПАЁМ!!


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
  • Страница 1 из 1
  • 1
Поиск:

Приветствую Вас Гость


Кнопка сайта



Друзья сайта
Статистика
Powered by Султанов Баходур Анварович © 2025