Душанбе

Унсурии Балхӣ - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, ДушанбеУнсурии Балхӣ - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе 2012 - Душанбе мой любимый город! Таджикистан, Таджик
Меню сайта
Сделать стартовой

[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
  • Страница 1 из 1
  • 1
Унсурии Балхӣ
gulijonДата: Среда, 2013.04.03, 13:48 | Сообщение # 1
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Унсурии Балхӣ
Унсурии Балхӣ аз бузургтарин суханварони доираи адабии Ғазнин дар нимаи аввали қарни ёздаҳуми милодӣ ба ҳисоб меравад. Унсурӣ маликушшуъарои дарбори Султон Маҳмуди Ғазнавӣ буда, ба қавли Муҳаммад Авфӣ: «устоди шуъаро ва муқаддами арбоби ин шева аст». Соли таваллуди вайро маъхазҳои адабӣ ва таърихӣ ба таври аниқ зикр накардаанд. Муҳаммад Авфии Бухороӣ  дар тазкираи худ исми пурраи вайро чунин гуфтааст: «Устодраис Абулқосим Ҳасан ибни Аҳмадал-Унсурӣ». Шогирди рашиди ў – Манучеҳрии Домғонӣ дар қасидаи мадҳияи худ номи устоди хешро зикр намуда, дар васфаш барҳақ фармуда:

Ту ҳаметобиву бар ту ҳамехонам меҳр,
Ҳар шабе то рўз девони Абулқосим Ҳасан.

Устоди устодони замона Унсурӣ,
Унсураш  беайбу дил беғашшу динаш бефитан.

Шеъри ў чун табъи ў ҳам бетакаллуф, ҳам бадеъ,
Табъи ў чун шеъри ў ҳам бо малоҳат ҳам ҳасан.

Неъмати фирдавс як лафзи матинашро самар,
«Ганҷи бодовард» як байти мадеҳашро саман…

Добавлено (2013.04.03, 13:41)
---------------------------------------------
Тибқи гуфтаи муаллифони сарчашмаҳои адабӣ ва таърихӣ Абулқосим кунияти шоир, Ҳасан номи ў, Аҳмад номи падараш ва Унсурӣ тахаллуси адабиаш мебошад. Устод Унсурӣ тахаллуси адабиашро дар баъзе ашъори хеш зикр кардааст, ки намунае аз он дар қасидаи ба вазири аъзами Султон Маҳмуди Ғазнавӣ  - Хоҷа Абулқосими Маймандӣ бахшидашуда мебошад:

Хоҷа Булқосим - амиди сайид, он к-аз наъти ў,
Шеърҳои Унсурӣ пурлўълўъу  марҷон кунӣ.

Зодгоҳи Абулқосим Ҳасани Унсурӣ Балх аст. Дар ин шаҳри бостонӣ – маркази бузурги тамаддуни исломӣ овони кўдакӣ ва навҷавонии вай гузаштааст ва дар мадрасаҳои зодгоҳаш таҳсили илм намуда, ба камол расидааст. Ў хидмати худро дар дарбори бародари Султон Маҳмуди Ғазнавӣ – амир Наср
ибни Сабуктегин шурўъ намуда, соҳиби  мақоми баланд ва шўҳрат мегардад. Ба қавли муҳаққиқи тоҷик, профессор Аҳмад Абдуллоев: «Дар давраи хизмати Унсурӣ дар дарбори Наср, албатта, овозаи ў то ба гўши Султон Маҳмуд, ки дар дарбори худ доираи адабии бузурге ташкил карда буд, расида буд. Эҳтимол аст, ки Унсурӣ дар ин байн чандин бор бо Маҳмуд вохўрдааст. Вай шояд аз дарбориНаср истода, дар мадҳиМаҳмуд баъзан қасидаҳо навиштааст. Ба ин ҷиҳат эҳтимол меравад, ки Маҳмуд Унсуриро ба дарбор даъват кардабошад»
Бояд гуфт, ки Султон Маҳмуди Ғазанавӣ суннати неку наҷиби давлатдории Сомониёнро бомуваффақият идома дода, дар дарбори худ доираи адабии бошукўҳеро таъсис карда буд, ки беҳтарин ва номвартарин суханварони Хуросону Мовароуннаҳрро гирд оварда, барои эшон шароити мусоиди зиндагӣ ва эҷодӣ фароҳам сохта буд. Дар ин бора Давлатшоҳи Самарқандӣ дар тазкираи хеш чунин иттилоъ додааст: «Чунин гўянд, ки дар рикоби Султон Маҳмуд ҳамвора чаҳорсад шоир мулозим будандӣ ва пешвою муқаддами шуъаро устод Унсурӣ буд… ва ўро дар маҷлиси султон мансаби надимӣбо шоирӣ зам будава дар охир Султон Маҳмудустод Унсуриро маликушшуъарои қаламравихуд арзонӣ дошт ваҳукм фармуд, кидар атрофи мамолик ҳар куҷо шоире ва хушгўе бошад, сухани худ бар устод арза дорад, то устод ғассу самини онро мунаққаҳ карда, дар ҳазрати аъло ба арз расонад ва ҳама рўз дар маҷлиси устод Унсурӣ шуъароро мақсаде муайян буда»

Добавлено (2013.04.03, 13:48)
---------------------------------------------
Баъзе муаллифони сарчашмаҳои адабӣ қайд кардаанд, ки устодАбулқосимиУнсурӣ ба ғайр аз надим ва малиушшуъаро буданаш,  боз
амирулумарои дарбори Султон Маҳмуди Ғазнавӣ низ будааст.  Бархе аз муҳаққиқон, аз ҷумла муҳаққиқи тоҷик Аҳмад Абдуллоев роҷеъ ба ин масъала чунин нуқтаи назар  дорад: - «Ин гуфтор то чӣ дараҷа ба ҳақиқат наздикаст, намедонем. Унсурӣ дар дарбор мисли амирон обрўву эътибор дошт ва дар назди Маҳмуд мўҳтарам буд.. Аз ин ҷиҳат амирони вай ба ў итоат мекарданд ё не, равшан нест. Дар ин гуфтаҳои тазкиранависон шояд муболиға роҳ ёфтабошад».


Худованд собиронро дуст дорад

Сообщение отредактировал gulijon - Среда, 2013.04.03, 13:49
 
  • Страница 1 из 1
  • 1
Поиск:

Приветствую Вас Гость


Кнопка сайта



Друзья сайта
Статистика
Powered by Султанов Баходур Анварович © 2025