Душанбе

Шеъру суханҳои бузургон дар васфи дӯстӣ - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, ДушанбеШеъру суханҳои бузургон дар васфи дӯстӣ - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе 2012 - Душанбе мой любимый город! Таджикистан, Таджик
Меню сайта
Сделать стартовой

[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
  • Страница 1 из 1
  • 1
Шеъру суханҳои бузургон дар васфи дӯстӣ
gulijonДата: Среда, 2013.02.27, 08:55 | Сообщение # 1
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Зинда шавад ҳар ки пеши дӯст бимирад,
Мурдадил аст он ки ҳеҷ дӯст нагирад!

Добавлено (2013.02.26, 16:28)
--------------------------------------------
Ҷамъият ҳар қадар тағйир ёбаду пеш равад ҳам, чизҳои муқаддасе ҳастанд, ки новобаста аз синну сол, миллат ва ҷинсият дар ҳама давру замон аҳамият ва қадру қимати худро гум намекунанд. Яке аз чунин чизҳои муқаддас дӯстӣ аст. Дӯсти ҳақиқӣ ин пеш аз ҳама шахсест, ки дар ғаму шодии инсон шарик аст ва омода аст, ки дар ҳама ҳолат дасти ёрӣ дароз кунад. Чуноне, ки шоир гуфтааст:

Дӯст  машмор, он ки дар неъмат занад,
Лофи ёрию бародархондагӣ.
Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст
Дар парешонҳолию дармондагӣ.
САЪДӢ

Мақоли машҳури русие аст, ки “Дустонро вақти мусибат метавон шинохт”. Лекин гоҳо мешавад, ки дустони ҳақиқиро  дар ҳолати хурсандӣ хубтар мешиносӣ. Чаро ки дар рӯзҳои хурсандӣ, масалан агар шахс ба ягон комёбии бузург ноил шавад, ҳатто баъзе аз дӯстон ҳасад мебаранд. Танҳо ҳамоне баробарат хурсанд мешавад, ки дӯсти ҳақиқиат ҳаст. Ва барои ин гуна дустон ҷони худро нисор кунӣ ҳам, меарзад....

Дӯстон се навъанд, ар бидонӣ,
Нониянду забониянду ҷонӣ.
Ба нонӣ нон бидеҳ, аз дар биронаш,
Ситоиш кун ту ёрони забонӣ.
Вале чун дӯсти ҷониро ба даст орӣ
Ба ҷонаш ҷон бидеҳ, гар метавонӣ.

Дӯсти ҳақиқӣ онест, ки ҳангоме, ки бо ӯ рӯ ба рӯ мешавӣ, беихтиёр ғамҳоятро фаромӯш мекунӣ ва дар лабонат табассум пайдо мешавад. Онест, ки дар ҳама ҳолат дар паҳлӯят аст, бидуни он ки бар ивазаш чизе бихоҳад... Бузургони мо оиди дустӣ шеъру суханҳои бешуморе гуфтаанд ва хоҳанд гуфт.
---------------------------------------------
Касеро марди оқил дӯст хонад,
Ки ӯ бо неку бад бо дӯст монад.
Куҷо бар дӯст рози дил бипӯшад,
Ба кори дӯстон то ҷон бикушад.
Фурӯ бандад камар дар меҳрубонӣ,
Барои дӯст хоҳад зиндагонӣ.
Ҷудо аз худ надорад дӯстонро,
Кунад якранг дилрову забонро...
Набошад дӯст ҷуз ойинаи дӯст,
Ба ҷону дил ҳам он ину ҳам ин ӯст.


Худованд собиронро дуст дорад

Сообщение отредактировал gulijon - Среда, 2013.02.27, 09:21
 
imomov_rДата: Среда, 2013.02.27, 11:52 | Сообщение # 2
Лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 87
Награды: 3
Репутация: 3
Статус:
Дуст  он бошад ки айби ёрашро,
Хамчу оина ру ба ру гуяд,
На ин ки чун шона бо хазор забон,
Пушти сар рафта му ба му гуяд.
 
SumayaДата: Среда, 2013.02.27, 12:48 | Сообщение # 3
Майор
Группа: Почетные
Сообщений: 108
Награды: 4
Репутация: 4
Статус:
Касе пушти дасти дӯст набӯсад чу остин,
То зери пои халқ насояд чу остон.
Аз қисаи касон ситаду доди худ макун,
Дар ишқ баҳр бош, ба маънӣ на новадон.


Аз Аллох бубин, хар он чи меояд ба сар...
 
gulijonДата: Среда, 2013.02.27, 14:58 | Сообщение # 4
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Дӯстон иборат аз хонаводае ҳастанд, ки инсон аъзоёни онро ба ихтиёри худ интихоб мекунад. Алфонс Карр

Добавлено (2013.02.27, 14:55)
---------------------------------------------
Не дружи с теми, что тебе не равен и не бойся исправлять свои ошибки. Конфуций

Добавлено (2013.02.27, 14:57)
---------------------------------------------
В бедности и других жизненных несчастьях настоящие друзья – это надежное прибежище. Аристотель

Добавлено (2013.02.27, 14:58)
---------------------------------------------
В дружбе нет никаких иных расчетов и соображений, кроме нее самой. Мишель де Монтень


Худованд собиронро дуст дорад
 
BonuДата: Вторник, 2013.03.12, 21:35 | Сообщение # 5
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Маро бо хеш агар лутфе наояд, 
Хамоно дил сухан аз дуст ронад.


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
gulijonДата: Среда, 2013.03.13, 14:13 | Сообщение # 6
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Ду дӯст бо ҳам агар якдиланд дар ҳама дар ҳама ҳол,
Ҳазор таънаи душман ба ними ҷав нахаранд.
В-ар иттифоқ намоянду азми ҷазм кунанд,
Сазад, ки пардаи афлокиён зи ҳам бидаранд,
Мисоли ин бинамоям туро зи мӯҳраи нақд,
Ягон-ягон ба сӯи хона роҳ менабаранд.
Вале ду мӯҳра чу ҳампушти якдигар гарданд,
Дигар тапончаи душман ба ҳеҷ рӯ нах (в) аранд,
Бикӯш, Ибни Ямин, дӯсте ба даст овар.
Ки душманон сӯи як тан ба сад кажӣ нигаранд.


Худованд собиронро дуст дорад
 
webmastДата: Среда, 2013.03.13, 23:27 | Сообщение # 7
Сержант
Группа: Почетные
Сообщений: 54
Награды: 4
Репутация: 2
Статус:
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.
Чу меҳмони хароботӣ, ба иззат бош бо риндон,
Ки дарди сар кашӣ, ҷоно гарат мастӣ хумор орад.
Шаби сӯҳбат ғанимат дон, ки баъд аз рӯзгори мо,
Басе гардиш кунад гардун, басе лайлу наҳор орад.
Иморидори Лайлиро, ки маҳди моҳ дар ҳукм аст,
Худоро дар дил андозаш, ки бар маҷнун гузар орад.
Баҳори умр хоҳ эй дил, вагарна ин чаман ҳар сол,
Чу насрин сад гул орад бору чун булбул ҳазор орад.
Худоро, чун дили решам қароре баст бо зулфат,
Бифармо лаъли нӯшинро, ки зудаш бо қарор орад.
Дар ин боғ аз Худо хоҳад дар ин пиронасар Ҳофиз,
Нишинад дар лаби ҷӯеву сарве дар канор орад.


www.TojAdabiyot.com - Сомонаи Адабиёти Тоҷик
www.DonishOmuz.com - Форуми Фанҳои Омӯзишӣ
 
gulijonДата: Пятница, 2013.03.15, 08:38 | Сообщение # 8
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Ду чиз аз дил андўҳ берун барад,
Рухи дўсту овози марди хирад.

***
Бувад дўст мар дўстро чун сипар,
Беҳ аз дўст мардум ки бошад дигар?
Ки мар дўстро ҷовидон панди дўст,
Беҳ аз гавҳар, ар чанд гавар накўст.


Худованд собиронро дуст дорад

Сообщение отредактировал gulijon - Пятница, 2013.03.15, 09:42
 
BonuДата: Суббота, 2013.03.16, 07:00 | Сообщение # 9
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
</i>

<i>
Чист давлат?-Сухбати сохибдилон дарёфтанд,
[i]Ё хузури дустони мехрубон дар ёфтанд.
[b]Сояхои бед бар оби равон фасли бахор,
Дар миёни бустон бо дустон дарёфтанд
Аз мухаббат боз чонро куввати парвоз бахш,
То бар у осон намояд ошён дарёфтанд...
Руи чононро замину осмон оинаанд,
Ку назар, то акси руяшро тавон дарёфтан?
Эй Хумом, аз нури руи у агар бино шави,
Олами чонро тавони з-ин чахон дарёфтан[/b][/i]


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.

Сообщение отредактировал Bonu - Суббота, 2013.03.16, 07:02
 
gulijonДата: Суббота, 2013.03.16, 08:34 | Сообщение # 10
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Зи баски ранҷи ту бурдам ба интизор, эй дӯст,
Дилам зи сӯзи ту гардида беқарор, эй дӯст.
Зи баски сӯхтаам аз нигоҳи ҷонсӯзат,
Гирифта ҳар раги ҷони маро шарор, эй дӯст.
Маро таъаллуқи хотир ба ғайри ту набувад,
Биё, ки ғайри туам нест ғамгусор, эй дӯст.
Даруни сина бисӯзад ба печу тоб ҳавас,
Диле, ки ғайри туро хост дар канор, эй дӯст.
Кунун, ки дар раҳи ишқи ту ҷонфидо гаштам,
Чи ҳоҷат аст, ки созӣ дилам фигор, эй дӯст.
Биё, ки мурғи дилам боз дона мехоҳад,
Ту дом неҳу бубин лаззати шикор, эй дӯст.


Худованд собиронро дуст дорад
 
BonuДата: Суббота, 2013.03.16, 11:22 | Сообщение # 11
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Бо хам бисозед эй дустдорон
Хазон мерезад аз шохсорон


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
gulijonДата: Суббота, 2013.03.16, 13:18 | Сообщение # 12
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Рафиқ аз каф мадеҳ, душман агар хоҳӣ забун гардад,
Туро сӯзан ба даст афтод, хор аз по бурун афтад.


Худованд собиронро дуст дорад
 
BonuДата: Понедельник, 2013.03.25, 11:06 | Сообщение # 13
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Дӯст ва душман будани касро фаҳмидан душвор аст. Баъзан аз пуштат дасте мезанад, ки дар вақташ ҳамон дастро гирифтаӣ.

Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
webmastДата: Четверг, 2013.03.28, 10:23 | Сообщение # 14
Сержант
Группа: Почетные
Сообщений: 54
Награды: 4
Репутация: 2
Статус:
Цитата BonuБаъзан аз пуштат дасте мезанад, ки дар вақташ ҳамон дастро гирифтаӣ.

Не беспокойтесь, и не думайте о плохом. Бог сам разбирается с такими курнамаками.


www.TojAdabiyot.com - Сомонаи Адабиёти Тоҷик
www.DonishOmuz.com - Форуми Фанҳои Омӯзишӣ
 
gulijonДата: Четверг, 2013.03.28, 14:24 | Сообщение # 15
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Рав касе ҷў, ки туро ў ҳаст дўст,
Дўст баҳри дўст, лошак хайрҷўст.
Ҳар ки бошад ҳамнишини дўстон,
Ҳаст дар гулхан миёни бўстон.


Худованд собиронро дуст дорад
 
BonuДата: Четверг, 2013.03.28, 17:58 | Сообщение # 16
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Ҳар кӣ  андар роҳи мо хоре фиканд  аз душманӣ,    
                          Ҳар гуле к-аз  боғи  васлаш  бишкуфад,  бехор  бод.    
                          Дар    ду  олам  нест  моро  бо касе  гарду губор,      
                          Ҳар кӣ моро ранҷа дорад  рохаташ бисёр  бод.    

 Мир Сайид  Алии  Ҳамадонӣ )


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
gulijonДата: Пятница, 2013.03.29, 09:23 | Сообщение # 17
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Дўст медорад дилам ҷабру ҷафои дўстро,
Дўсттар аз ҷону сар дарду балои дўстро.
Заҳмати худ бо табиби муддаӣ хоҳам намуд,
То бисозад чораи дарду давои дўстро.
Чун муроди дўст ҷон афшондан аст аз дўстон,
Зудтар дарёб, ҷони ман, ризои дўстро.
Дар ҳавои ў тавонад дод ошиқ сар ба бод,
Лек натвонад ниҳод аз сар ҳавоидўстро.
Гар бадал кардӣ ба сад Фирдавс гарди кўи дўст,
Ройгон аз даст додӣ хоки пои дўстро.
Дастбўси дўст мехоҳӣ, бишў даст аз ду кавн,
Дастолуда нашояд марҳабои дўстро.
Дўстиҳои ҳама олам бирўб аз дил, Камол,
Пок бояд доштан хилватсарои дўстро.


Худованд собиронро дуст дорад

Сообщение отредактировал gulijon - Пятница, 2013.03.29, 09:24
 
  • Страница 1 из 1
  • 1
Поиск:

Приветствую Вас Гость


Кнопка сайта



Друзья сайта
Статистика
Powered by Султанов Баходур Анварович © 2025