|
Ишқ - балои осмонӣ ё ҳукми Худо?!
| |
gulijon | Дата: Вторник, 2012.11.13, 14:08 | Сообщение # 1 |
 Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус: 
| Шеъру ғазалҳои бузургон дар боби ишқ.
Сардафтари олами ҷавонӣ ишқ аст, Сарбайти қасидаи ҷавонӣ ишқ аст. Эй он, ки хабар надорӣ аз олами ишқ, Ин нукта бидон, ки зиндагонӣ ишқ аст!
Бале, ҷавонию зиндагониро бидуни ишқ тасаввур кардан ғайри имкон аст. Ишқ бо бузургиаш натанҳо қалб, балки тамоми вуҷуди инсониятро иваз менамояд. Агар барои шарҳи он тамоми калимаҳоро истифода кунем ҳам, аз васфи пурраи он оҷизем. Чун ин як мӯъҷизаест илоҳӣ ва муаммоест сарбаста. Шоирону бузургони мо чӣ васфҳое накардаанд дар ин бора. Дар ҳама давру замон васфи ишқ дар эҷодиёти шоирон мавқеи аввалиндараҷаро соҳиб буд. Чӣ мадҳу тавсифҳое, ки накардаанд ишқро. Гоҳе маънии зиндагӣ гуфтаанду гоҳе балои осмонӣ, ҷое меҳмони нохондаи дил ва ҷое ганҷинаи бебаҳои дил. Аммо то ба ҳол ба асли маънии он сарфаҳм нарафтаем...
Дарнагунҷад ишқ дар гуфтушунид, Ишқ дарёест қалбаш нопадид, Қатраҳои баҳрро натвон шумурд, Ҳафт дарё пеши ин баҳр аст хурд.
Гирифторони ишқро ягон табибе табобат карда наметавонад. Ӯ ногаҳону ғайриихтиёр меояд ва аз сину солу мартаба ҳеҷ вобастагие надорад...
Нест аз ошиқ касе девонатар, Ишқ аз савдои ӯ кур асту кар. Гар табиберо расад з-ин гун ҷунун, Дафтари тибро фурӯ шӯяд ба хун.
Ишқ бо омаданаш дунёи рангину тамоман дигареро пеши чашмон мекушояд... Лекин ишқро аз булҳавасӣ фарқ бояд намуд. Мутаассифона, имрӯз бархе аз ҷавонони мо зери ин мафҳум дигар чизҳоро мефаҳманд, аз дарки маънои асосии он фарсахҳо дуранд. Ба қадри ишқ бояд расид, чунки ишқи поку самимӣ дар ҳайёт як бор насиби кас мегардад. Ва мо сарсупурдагони мӯъҷизаи бо ном “Ишқ” мегӯем: Биё ай ишқ! Биё, ки бе ту зиндагии ошиқ сарду торик ва бенур аст. Туӣ, ки ба ин зиндагии пур аз таззоду печдарпечи мо нуру зиё мебахшӣ. Туӣ, ки қалби моро гармӣ ато мекунӣ. Агар ту қудсӣ намебудӣ, аз куҷо тавони онро доштӣ, ки бо омаданат қалбҳоро тағйир бидиҳӣ. Туӣ, ки банди дилҳоро мекушоӣ ва чун баҳор ҷаҳонро бо ҳама рангҳояш инъикос менамоӣ. Ҳар чизе ва ҳар навъе бошӣ, боз ҳам туро бо сад забон васф мекунему мехоҳем, чунки ту сафобахшандаи дилҳоӣ...
Биё, эй дарди ишқ, эй дарди олӣ, Ки мебошӣ сазои марди олӣ. Ту он дарёи нопайдоканорӣ, Ки мепаймод дарёгарди олӣ.Добавлено (2012.11.13, 11:51) --------------------------------------------- Ишқ аст ганҷи бебаҳо, Як бор пайдо мешавад. Ин зиндагӣ баҳри шумо, Бо ишқ зебо мешавад. Добавлено (2012.11.13, 14:08) --------------------------------------------- Алами олами дерин ишқ аст, Лаззати қисмати ширин ишқ аст.
Даст бар даст задан кафкўбист, Сина бар сина задан – ин ишқ аст. Худ ба худ даҳр надорад ранге, Даҳр бо ҷилваи рангин ишқ аст.
Кист пирўз шуд андар ҳама ҳол Бар ҳама мазҳабу оин? Ишқ аст!
Хўшачинии замин дарвешист, Чидани хўшаи Парвин ишқ аст!
Худованд собиронро дуст дорад
Сообщение отредактировал gulijon - Вторник, 2012.11.13, 11:50 |
|
| |
Sumaya | Дата: Пятница, 2012.11.16, 08:47 | Сообщение # 2 |
 Майор
Группа: Почетные
Сообщений: 108
Награды: 4
Репутация: 4
Статус: 
| Ишки нав омад, худоё, чони нав бахшо маро, Ташналаб харгиз мабар аз сохили дарё маро.
То бидидам чашми ў, дунё ба чашмам хеч шуд, Ё ду чашмам пўш ё дунёи нав бикшо маро.
Ман, ки имрўзам, варо имрўз бо ман васл кун, Эй фалак, кисмат мадех имрўзи бефардо маро.
Осмон, дар оси ту бас устухонам орд шуд, Хакки навбат дех даме бо ишки чонфарсо маро.
Гар ту худ парвои бешу кам надорӣ, эй замин, Соате парво бикун бо ёри бепарво маро.
Ман, к-аз ин дунё наям дар мазхаби ишку чунун, Ё дар ин дунё бимон ё бар аз ин дунё маро.
Ман барои ишк аз модар ба дунё омадам, Модари гетӣ, макун дар ошикӣ расво маро!
Аз Аллох бубин, хар он чи меояд ба сар...
|
|
| |
gulijon | Дата: Пятница, 2012.11.16, 10:18 | Сообщение # 3 |
 Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус: 
| Иллоҳо ишқ бошад дар дили ту, Иллоҳо ханда бошад дар лаби ту. Иллоҳо ҳар касеро дўст дорӣ, Иллоҳо шод бошад дар бари ту.
Худованд собиронро дуст дорад
|
|
| |
Sumaya | Дата: Пятница, 2012.11.16, 12:26 | Сообщение # 4 |
 Майор
Группа: Почетные
Сообщений: 108
Награды: 4
Репутация: 4
Статус: 
| Ишқ нодир бувад чу истеъдод, Дар дили ҳар ки дар намегирад, Ҳар ки бо сар нарафт андар ишқ, Ишқи ў ҳеҷ сар намегирад.
Аз Аллох бубин, хар он чи меояд ба сар...
|
|
| |
gulijon | Дата: Вторник, 2012.11.20, 12:34 | Сообщение # 5 |
 Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус: 
| Қавме, ки наёмаданд дар ишқ тамом, Хонанд ҳавои нафсро ишқ ба ном. Кай шоядашон дар ҳарами ишқ мақом, Худ ҳаст бар эшон сухани ишқ ҳаром.Добавлено (2012.11.20, 12:34) --------------------------------------------- Ишқ дорад оташе дар мағзи ҷон, Шеваи ишқ аст дар оташ ниҳон. Ҳар ки худ инро надорад дар замир, Дар вуҷудаш нест аз мардӣ ниҳон.
Худованд собиронро дуст дорад
|
|
| |
Sumaya | Дата: Вторник, 2012.11.20, 14:07 | Сообщение # 6 |
 Майор
Группа: Почетные
Сообщений: 108
Награды: 4
Репутация: 4
Статус: 
| Ишқ гарчи зи бози огозад, Охири ў хамеша ҷонбозист. Аз хама бурду бохтхои ишқ Ошиқ он аст, ки зи дил розист.Добавлено (2012.11.20, 14:07) --------------------------------------------- ОШИҚ
Ҳазорон ҷон ба қурбон дора(д) ошиқ, Фидокорест, паймон дора(д) ошиқ, Фарози ҳафтгунбад кай писандад? Макон дар кўи ҷонон дора(д) ошиқ.
Ҳамеша ёди ҷонон аст ўро, Ҳамин як давру даврон аст ўро. Ба навмеди нишаста оҳ гуфтан Беҳ аз тахти Сулаймон аст ўро.
Нишинад, ёд созад, ёд созад, Ба ёде хотири худ шод созад. Ба пиндору хаёлу орзуҳо Ҳаёти хешро обод созад.
Ба дидан рўи хандон дора(д) ошиқ, Ба пинҳон чашми гирён дора(д) ошиқ, Ба мисли ашки модар софу сўзон Ба сина ишқи пинҳон дора(д) ошиқ.
Зи дунё номи нек уммедвор аст, Зи фардо қисмати нек интизор аст. Ба чашми ёр санҷад кори худро, Ба ёди ёр ҳар ҷо раҳсипор аст.
Агар ҷонона аҳволаш наҷўяд, Ба ў аз меҳр як ҳарфе нагўяд, Ба дўши ў бияфтад бори олам, Надорад чора, танҳо оҳ гўяд:
Дили шабзинидадоре дора(д) ошиқ, Гуруре, ифтихоре дора(д) ошиқ, Ҷавони, ошиқи, ҳиҷрону дидор... Ҳаминҳо ёдгори дора(д) ошиқ.
Аз Аллох бубин, хар он чи меояд ба сар...
|
|
| |
gulijon | Дата: Понедельник, 2012.12.03, 11:32 | Сообщение # 7 |
 Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус: 
| Чун дарди ошиқӣ ба ҷаҳон ҳеҷ дард нест, То дарди ошиқӣ начашад мард, мард нест. Оғози ишқ як назараш боҳаловат аст, Анқоми ишқ ҷуз ғаму ҷуз оҳи сард нест. Ишқ оташест дар дилу обест дар ду чашм, Бо ҳар кй ишқ ҷуфтаст, з-ин ҳар ду фард нест, Шаҳдест бо шарангу нишотест бо тараб, Доруи дарднок аст онро ки дард нест. Он кас ки ишқ бозаду ҷон бозаду ҷаҳон, Бинмой ошиқе, ки рух аз ишқ зард нест.Добавлено (2012.11.27, 15:35) --------------------------------------------- Кай баста кунад ақл саропардаи ишқ, Кай боз орад хирад зи раҳбурдаи ишқ. Бисёр зи зинда беҳ бувад мурдаи ишқ, Эй хоҷа чӣ воқифӣ ту аз хурдаи ишқ. Добавлено (2012.12.03, 10:48) --------------------------------------------- Ишқ дар ҷону насаб дар пайкар аст, Риштаи ишқ аз насаб маҳкамтар аст. Ишқ варзӣ, аз насаб бояд гузашт, Ҳам зи Эрону Араб бояд гузашт... Добавлено (2012.12.03, 11:32) --------------------------------------------- Гӯянд, ки ҳар чиз ба ҳангом бувад хуш, Эй ишқ, чӣ чизӣ, ки хушӣ дар ҳама ҳангом?!
Худованд собиронро дуст дорад
|
|
| |
Sumaya | Дата: Вторник, 2012.12.04, 13:06 | Сообщение # 8 |
 Майор
Группа: Почетные
Сообщений: 108
Награды: 4
Репутация: 4
Статус: 
| Аз садои сухани ишк надидам хуштар, Ёдгоре, ки дар ин гунбади даввор бимонд.
Аз Аллох бубин, хар он чи меояд ба сар...
|
|
| |
gulijon | Дата: Вторник, 2012.12.04, 14:52 | Сообщение # 9 |
 Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус: 
| Дарди ман ишқ асту дармонаш ба ғайр аз сабр нест, Чун кунам, к-аз дард мушкилтар бувад дармони ман.
Худованд собиронро дуст дорад
|
|
| |
Sumaya | Дата: Вторник, 2012.12.04, 15:17 | Сообщение # 10 |
 Майор
Группа: Почетные
Сообщений: 108
Награды: 4
Репутация: 4
Статус: 
| Ошиќ набудам, чї гуна имсол шудам, Бо навданињоли боѓ гирифтор шудам. Эй навданињолу навнињоли лаби љў, Аз холи лабат бўса талабгор шудам.
Аз Аллох бубин, хар он чи меояд ба сар...
|
|
| |
gulijon | Дата: Среда, 2012.12.05, 16:00 | Сообщение # 11 |
 Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус: 
| Во фарьёдо, зи ишқ, во фарьёдо, Корам ба яке турфанигор афтодо, Гар доди мани шикаста додо, додо В-арна ману ишқ, ҳар чи бодо, бодо! Гар бар дари дайр менишонӣ моро, Гар дар раҳи Каъба медавонӣ моро. Инҳо ҳама лозимаи ҳастии мост, Хуш он ки зи хеш вораҳонӣ моро. Пурсидам аз ӯ воситаи ҳиҷронро, Гуфто: сабабе ҳаст, бигӯям онро. Ман чашми туам, тарам набинӣ, чӣ аҷаб? Ман ҷони туам касе набинад ҷонро.Добавлено (2012.12.05, 16:00) --------------------------------------------- Дар ишқи ту дар маломатам нанге нест, Бо бехабарон ин сухан чанге нест. Ин шарбати ишқ доруи мардон аст, Номардонро аз ин қадаҳ ранге нест.
Худованд собиронро дуст дорад
|
|
| |
alensika | Дата: Пятница, 2012.12.21, 20:53 | Сообщение # 12 |
 Полковник
Группа: Почетные
Сообщений: 330
Награды: 6
Репутация: 3
Статус: 
| Дигар ишку вафоятро нахохам ман, начуям ман. Гули бебуи богатро нахохам ман, набуям ман, Сухан гуфтам зи бахри ту, аз ишки навчавониям, Бароят шеъри ишкамро, нахохам ман, нагуям ман.
ОДАМ АЗ ГУЛ НОЗУКУ АЗ САНГ САХТ АСТ
|
|
| |
gulijon | Дата: Вторник, 2013.02.05, 15:14 | Сообщение # 13 |
 Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус: 
| Саъдиё, аз рӯзи азал ҳусн ба туркон доданд, Сипару найзаву шамшер ба афғон доданд, Ишваву нозу карашма, ҳама бар мардуми Ҳинд, Ишқ ба тоҷики бечораву сарсон доданд.Добавлено (2013.02.05, 15:14) --------------------------------------------- Ин оташи ишқ пазонад моро, Ҳар шаб ба харобот кашонад моро. Бо аҳли харобот нишонад моро, То ғайри харобот надонад моро.
Худованд собиронро дуст дорад
|
|
| |
alensika | Дата: Вторник, 2013.02.05, 21:48 | Сообщение # 14 |
 Полковник
Группа: Почетные
Сообщений: 330
Награды: 6
Репутация: 3
Статус: 
| Мухаббат ин кадар хорам намуди. Бо як дидори у зорам намуди. Надонисти муносиб ишки уро. Чаро бар калби зорам чо намуди?
ОДАМ АЗ ГУЛ НОЗУКУ АЗ САНГ САХТ АСТ
|
|
| |
gulijon | Дата: Четверг, 2013.02.07, 13:30 | Сообщение # 15 |
 Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус: 
| Басо нафси хирадмандон, ки дар банди ҳаво монад, Дар он сурат, ки ишқ ояд, хирадмандӣ куҷо монад. Қазое лозим аст онро, ки бо хуршед ишқ орад, Ки ҳамчун зарра дар меҳраш гирифтори ҳаво монад. Таҳаммул чораи ишқ аст, агар тоқат барӣ варна, Ки бори нозанин бурдан ба ҷаври подшо монад. Ҳаводори накурўён наандешад зи бадгўён, Биё, гар раъи он дорӣ, ки таънат дар қафо монад. Ту дар лаҳви тамошоӣ, куҷо бар ман бубахшоӣ Набахшояд магар ёре, ки аз ёре ҷудо мoнад... Дари дигар намедонам, ки рўй аз ту бигардонам, Махўр зинҳор бар ҷонам, ки дардам бедаво монад... Ҷамоли маҳфилу маҷлис имоми шаръ Рукниддин, Ки дин аз қуввати раъёш ба аҳди Мустафо монад... Ҳама олам дуо гуянду Саъдӣ камтарин қоил, Дар ин давлат, ки боқӣ бод, то даври бақо монад.
Худованд собиронро дуст дорад
Сообщение отредактировал gulijon - Четверг, 2013.02.07, 13:38 |
|
| |
imomov_r | Дата: Среда, 2013.02.13, 08:20 | Сообщение # 16 |
 Лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 87
Награды: 3
Репутация: 3
Статус: 
| Эй дарси ишқат ҳар шабам то рўз такрор омада, В-эй рўзи ман бе рўйи ту ҳамчун шаби тор омада. Эй маҳ ғуломи рўйи ту, гашта Зуҳал ҳиндуи ту, Вэй ҳур зи акси рўйи ту чун зарра дар кор омада. Эй дар сарам савдои ту, ҷону дилам шайдои ту, Гардун ба зери пойи ту, чун хоки раҳ хор омада. Ҷон банда шуд рои туро, рўйи дилорои туро, Хоки кафи пойи туро, чашмам ба дидор омада. Чун бар бӣисоти дилбарӣ, шатранҷи ишқам мебарӣ, Гаштам зи ҷону дил барӣ, эй ёри айёр омад. То нарди ишқат бохтам, шашро зи як нашнохтам, Чун ҷону дил дарбохтам, ҳастам ба зинҳор омада. Эй ҷазъи ту шаккарфурўш, эй лаъли ту гавҳарфурўш, Эй зулфи ту анбарфурўш аз пеши Аттор омада.
|
|
| |
gulijon | Дата: Среда, 2013.02.13, 08:55 | Сообщение # 17 |
 Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус: 
| Ман шарбати ишқ аз дилу ҷон хурдаам имрӯз, Танро ба дари дуст гарав бурдаам имрӯз, Лаззоти ҷаҳон ҷумлагӣ афшурдаам имрӯз, Бархез табибо, ки дилозурдаам имрӯз, Бигзор маро, к-аз ғами ӯ мурдаам имрӯз. Ранҷи мани бечора фузун гашт ба ҳар дам, Набвад ба ҷуз дарди ту ҳам мунису ҳамдам, Аз кулфати айëм бо сад дидаи пурнам, Чун барги хазон чеҳраи ман зард шуд аз ғам, Ку он гули сероб, ки пажмурдаам имрӯз. Ëро мани маҷрӯҳ зи савдои ту ҳайрон, Аз оташи ишқи ту ба дил рехта чандон, Доим бо саги кӯи туам даст ба домон, Эй қиблаи мақсуд зи ман руй магардон, К-аз ҷаври фалак тири ҷафо хурдаам имрӯз.
Худованд собиронро дуст дорад
|
|
| |
imomov_r | Дата: Среда, 2013.02.13, 12:40 | Сообщение # 18 |
 Лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 87
Награды: 3
Репутация: 3
Статус: 
| Ишк дар дил шуълаи субхи саодат будааст, Ошики эхсоси бахшишхои кисмат будааст. Дар чавони ишк буду давлати дунё набуд, Ин хама бедавлатихо хуб давлат будааст. Баски аз пои равон мондем хасрат мекунем, Аз паи хубон давидан хам ганимат будааст...
Сообщение отредактировал imomov_r - Четверг, 2013.02.14, 09:40 |
|
| |
gulijon | Дата: Среда, 2013.02.13, 13:13 | Сообщение # 19 |
 Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус: 
| Ишқ чун гармӣ талаб созад сари пуршурро, Шӯълаи афсурда пиндорад чароғи Турро... Аз фалак бе нола коми дил намеояд ба даст, Шаҳд хоҳӣ, оташе зан хонаи занбурро. Орзуманди туро сайри гулистон офат аст, Накҳати гул теғ бошад соҳиби носурро. Сухтан дар ҳар сифат манзури ишқ афтодааст, Машраби парвона аз оташ надонад нурро... Гар диле дорӣ, ту ҳам хун созу соҳибнашъа бош, Май шудан махсус набвад донаи ангурро. Бар умеди васл мушкил нест қатъи зиндагӣ, Шавқи манзил мекунад наздик роҳи дурро..
Худованд собиронро дуст дорад
|
|
| |
imomov_r | Дата: Пятница, 2013.02.15, 12:24 | Сообщение # 20 |
 Лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 87
Награды: 3
Репутация: 3
Статус: 
| Чашми занбури асал парвонаеро диду гуфт, Ишки ту рафта рафта моро хонавайрон мекунад.
|
|
| |
gulijon | Дата: Пятница, 2013.02.15, 12:56 | Сообщение # 21 |
 Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус: 
| Дар азал партави ҳуснат за таҷаллӣ дам зад, Ишқ пайдо шуду оташ ба ҳама олам зад.
Худованд собиронро дуст дорад
|
|
| |
imomov_r | Дата: Пятница, 2013.02.15, 13:53 | Сообщение # 22 |
 Лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 87
Награды: 3
Репутация: 3
Статус: 
| Ишқҳои мурдае дар синаам, Гоҳ-гаҳ хомўш исён мекунанд. Гаҳ маро аз хештан розию шод, Гаҳ маро аз худ пушаймон мекунанд.
Андаруни ман чи шўришҳои дард, Андаруни ман чи тўфони балост. Мегурезам аз хатои худ,вале Ин гурезам боз бадтар аз хатост. Ишқҳои мурдаи ман зиндаанд Нест ҳеҷ аз дасташон ҷои гурез Бо ҳама навъе муросо мекунам Андар ин дунёи каҷдорумарез. Ишқҳои мурдаи ман зиндаанд Дар дилу дар дидаву дар хотирам. Ишқҳои мурдаи ман зиндаанд Дар замири шеърҳои дафтарам...
Сообщение отредактировал imomov_r - Пятница, 2013.02.15, 13:55 |
|
| |
gulijon | Дата: Суббота, 2013.02.16, 15:29 | Сообщение # 23 |
 Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус: 
| Дар ишқ қарор беқарорист, Бадномии ишқ номдорист. Чун нест шумори ишқ пайдо, Машмар, ки шумори бешуморист.Добавлено (2013.02.16, 15:27) --------------------------------------------- Дар ишқ зи ихтиёр бигзар, Ошиқ будан на ихтиёрист. Гар дил дорӣ, туро сазад ишқ, Варна ҳама зўҳду сўгворист. Добавлено (2013.02.16, 15:28) --------------------------------------------- Зорӣ мекун, чу дил надодӣ, То дил надиҳанд, кор зорист. Ҷоно, бари ту қарор онрост, К‐аз ишқи ту айни беқарорист. Добавлено (2013.02.16, 15:29) --------------------------------------------- Он аст азиз дар ду олам, К‐аз ишқи ту дар ҳазор хорист. Ҳар бехабаре, ки қадри ишқат, Менашносад, зи хоксорист. Добавлено (2013.02.16, 15:29) --------------------------------------------- В‐он кас, ки шинохт хурдаи ишқ, Ҳар хўрдаи ў бузургворист. Парвонаи туст ҷони Аттор, З‐он аст, ки ғарқи ҷонсупорист.
Худованд собиронро дуст дорад
|
|
| |
imomov_r | Дата: Понедельник, 2013.02.18, 10:41 | Сообщение # 24 |
 Лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 87
Награды: 3
Репутация: 3
Статус: 
| Ишқи ту камтар зи дарёе набуд, То замини хотирам гулзор шуд. То зи фарёду ғиреви мавҷҳош Бахти хоболуди ман бедор шуд. Ишқи ту камтар зи исёне набуд Рў ба рў бо душмани аъмоли ман. Корзоре кард андар синаам Бо ҳама урдуи моҳу соли ман. Ишқи ту камтар зи парвозе набуд Сўи гардун ҳампари маҳвораҳо, То ба ҳам наздик гаштанду қарин Бурҷҳо, истораҳо, сайёраҳо. Ишқи ту камтар набуд аз зилзила Дар замини орзуҳои дилам. То ба як ҷунбиш ба рўи каф ниҳод Он ҳама пинҳону пайдои дилам. Ишқи ту камтар набуд аз тундаре Дар инони осмони зиндагӣ. Як дурахшиду хуморам тоза шуд Бар хушиҳои замони зиндагӣ. Ишқи ту камтар набуд аз бахти нақд То ба чашми дил ба ў кардам назар. Гарчи бепову сару бехуд будам Кард бо ман ў маро наздиктар... Ишқи ту камтар набуд аз шеъри хуб Дар миёни сафҳаи девони дил. Ишқи ту камтар набуд аз инқилоб Дар ҷаҳони бесару сомони дил...
Сообщение отредактировал imomov_r - Понедельник, 2013.02.18, 10:45 |
|
| |
gulijon | Дата: Понедельник, 2013.02.18, 12:46 | Сообщение # 25 |
 Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус: 
| Миллати ишқ аз ҳама динҳо ҷудост, Ошиқонро мазҳабу миллат Худост.
Худованд собиронро дуст дорад
|
|
| |
Sumaya | Дата: Понедельник, 2013.02.18, 15:07 | Сообщение # 26 |
 Майор
Группа: Почетные
Сообщений: 108
Награды: 4
Репутация: 4
Статус: 
| Ин ишқ гардон кӯ ба кӯ бар сар ниҳода таблае, Ки ҳар куҷо мурда бувад, зинда кунам беҳилае .Хони равонам аз карам, зинда кунам мурда бадам ,Ку навгадое, то барад аз хони лутфам заллае. Гоҳе туро пурдур кунам, гоҳе зи заҳрат пур кунам, Огоҳ шав охир зи ман, эй дар кафам чун килае. Гар ҳаббае ояд ба ман, сад кони пурзарраш кунам Дарёи ширинаш кунам, ҳар чанд бошад қуллае Аз ту адам в-аз ман карам в-аз ту ризо в-аз ман қасам, Сад атласу иксунниҳам дар пеши кирми пилае .Ранги шакар ҷӯшон кунам андар дили танги нае, Андешаҳои хуш ниҳам андар димоғу каллае. Табрез шуд хулди барин аз акси рӯи Шамсиддин, Ҳар нақш дар вай ҳуриин, ҳар ҷома аз вай ҳуллае.
Аз Аллох бубин, хар он чи меояд ба сар...
Сообщение отредактировал Sumaya - Понедельник, 2013.02.18, 15:09 |
|
| |
gulijon | Дата: Понедельник, 2013.02.18, 16:53 | Сообщение # 27 |
 Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус: 
| Эй дӯст, касе, ки ишқ дар сар дорад, Доим дили ғамдида мунаввар дорад. Осудаи ҳарду олам омад ба яқин, Дар лангари ишқ ҳар ки лангар дорад. Хаёлии Бухороӣ
Худованд собиронро дуст дорад
|
|
| |
imomov_r | Дата: Вторник, 2013.02.19, 08:51 | Сообщение # 28 |
 Лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 87
Награды: 3
Репутация: 3
Статус: 
| Ишкро ошик кунед то дар ошикро бидонад, Шеърро шоир кунед то дарди Лоикро бидонад.
|
|
| |
Sumaya | Дата: Среда, 2013.02.20, 12:54 | Сообщение # 29 |
 Майор
Группа: Почетные
Сообщений: 108
Награды: 4
Репутация: 4
Статус: 
| Ишқи ман ашке шуду аз дида рехт, Ишқи ман оҳу шуду аз ман гурехт. Номае буд ишқи ман садпора шуд, Дар ҳаво чун мурғаки овора шуд.Добавлено (2013.02.20, 12:48) --------------------------------------------- То қиёмат шарҳи ишқат додаме, Гар касе будӣ, ки бовар доштӣ. Добавлено (2013.02.20, 12:54) --------------------------------------------- Дар ишқи ту ҳар замон гирифтортарам, Ғамҳои туро ба ҷон харидортарам. Ҳар чанд ба чашми ман накурӯйтарӣ, Ҳар чанд, ки беш бинамат,зортарам.
Аз Аллох бубин, хар он чи меояд ба сар...
|
|
| |
gulijon | Дата: Четверг, 2013.02.21, 14:13 | Сообщение # 30 |
 Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус: 
| Аз Каъба калисонишинам кардӣ, Охир дар куфр беқаринам кардӣ! Баъд аз ду ҳазор саҷда дар даргаҳи дӯст, Эй ишқ, чи бегона зи динам кардӣ!
Худованд собиронро дуст дорад
|
|
| |
alensika | Дата: Пятница, 2013.02.22, 22:36 | Сообщение # 31 |
 Полковник
Группа: Почетные
Сообщений: 330
Награды: 6
Репутация: 3
Статус: 
| Эй чонам, як аср тамом шуд. Ишки ман тамом нашуд. Биё ба пешам ки имшаб мемирам, Хохам ки як асри дигар бо ту бошам.
ОДАМ АЗ ГУЛ НОЗУКУ АЗ САНГ САХТ АСТ
Сообщение отредактировал alensika - Пятница, 2013.02.22, 22:39 |
|
| |
gulijon | Дата: Суббота, 2013.02.23, 07:40 | Сообщение # 32 |
 Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус: 
| Он ки бӯи одамӣ дорад, дар ин олам кам аст, Мезанад дар ишқ лоф он ки ба чашмаш нам кам аст. Насли одам гарчи бисёр аст дар рӯйи замин, Бингарӣ бо дидаи таҳқиқ агар, одам кам аст... Андалебони саҳаргоҳӣ фиғонҳо карда кам, Бар дили эшон зи сӯзи ишқ оё ғам кам аст?! Он чи дар миръоти ишқ афтад ба чашми ҷони ман, В-он чи дил дар худ ҳамебинад ба ҷоми Ҷам кам аст..... Абдулҳайи Муҷахарфӣ
Худованд собиронро дуст дорад
|
|
| |
imomov_r | Дата: Суббота, 2013.04.06, 12:47 | Сообщение # 33 |
 Лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 87
Награды: 3
Репутация: 3
Статус: 
| Мо ишқро ба ёдгор овардаем, Бар хоки ту аҷзу ифтихор овардаем. Ногаҳ ғамат ба дили мо кард нузул, Ҷон пеши ғамат баҳри нисор овардаем.
|
|
| |
gulijon | Дата: Понедельник, 2013.04.08, 13:57 | Сообщение # 34 |
 Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус: 
| Агар мурдам, сияҳмўйи вафодор, Ба хокам кун, ба кас мўҳтоҷ магзор. Шаҳиди ишқро гўру кафан нест, Тариқи ошиқӣ ин аст, эй ёр. Добавлено (2013.04.08, 13:57) --------------------------------------------- Чу набвад домани исмат намозӣ, Ҳавасбозист он, на ишқбозӣ!
Худованд собиронро дуст дорад
|
|
| |
imomov_r | Дата: Понедельник, 2013.04.08, 14:28 | Сообщение # 35 |
 Лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 87
Награды: 3
Репутация: 3
Статус: 
| Имрўз бори дигар он моҳи дилбар омад, Шодист ҷону дилро, к-оншоҳи кишвар омад.
Боз омад он қиёмат,он фитнаву аломат, Чун соқиёни маҳрў бо ҷому соғар омад.
Доме ниҳоду дона, он дилбари ягона, Одам ба сад баҳона,дар доми дилбар омад.
Ишқ оташест сўзон, ақл асту масту ҳайрон, Дил дар миёни ҳарду маҳкуму музтар омад.
Раҳбаста нест, ёро, бикшодааст, аммо Ҳастиимо дар ин раҳ Садди Сикандар омад.
Ақл оҳуест ҳайрон, ишқ аст шери ғўррон, Бигрехт ақли тарсон, ишқи ғазанфар омад.
Бо ишқ бош, Қосим, к-аз ишқу шўру мастӣ, Ҳамдил муайяд омад, ҳам ҷон музаффар омад.
Сообщение отредактировал imomov_r - Понедельник, 2013.04.08, 14:31 |
|
| |
|
 | Приветствую Вас Гость
|
|