Душанбе

Ruboi - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, ДушанбеRuboi - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе 2012 - Душанбе мой любимый город! Таджикистан, Таджик
Меню сайта
Сделать стартовой

[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
  • Страница 1 из 1
  • 1
Ruboi
BAYATIДата: Понедельник, 2012.09.03, 15:18 | Сообщение # 1
Группа: Гости





Гул гуфт агар дастгухар доштаме,
Бигрехтаме агар рахе доштаме.
Бо бегунахи маро чунин месузанд,
Эй вой ба ман агар гунах доштаме.

ХОФИЗ

Дар орзуи бусу канорат мурдам,
В-аз хасрати лаъли обдорат мурдам.
Кисса чи кунам,дарозу кутох кунам,
Боз о,боз о,дар интизорат мурдам.

ХОФИЗ

Харгиз накуни ёд маро шамъи чигил,
Назди ман агарчи хаст кори мушкил.
Дарде,ки ман аз гами ту дорам бар дил,
Дил донаду ман донаму ман донаму дил.

ХОФИЗ

Рузе ки фирок аз ту дурам созад,
В-аз бахри рухи ту носабурам созад.
Гар чашм ба руйи дигаре боз кунам,
Хакки намаки чашми ту курам созад.

ХОФИЗ

Баргир шароб,тарабангез биё,
Пинхон зи ракиби сифла бистез биё.
Машнав сухани хашм,биншину
марав,
Бишнав зи ман эй нигор,бархезу биё

ХОФИЗ

Рўи точиконаат бинмой, то доги хабаш,
Осмон бар чехраи туркони ягмои.

САЪДИ
 
gulijonДата: Четверг, 2013.02.28, 13:52 | Сообщение # 2
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Эй дил, чу замона мекунад ғамнокат,
Ногаҳ биравад зи тан равони покат.
Бар сабза нишин ба коми дил рӯзе чанд,
З-он пеш, ки сабза бардамад аз хокат.

Умари Хайём

Добавлено (2013.02.28, 13:52)
---------------------------------------------
Эй марди хирад, ҳадиси фардо ҳавас аст,
Дар даҳр задан лофи суханҳо ҳавас аст.
Имрӯз чунин ҳар ки хирадманд кас аст,
Донад, ки ҳама ҷаҳон ҳамин як нафас аст.

Умари Хайём


Худованд собиронро дуст дорад

Сообщение отредактировал gulijon - Четверг, 2013.02.28, 13:47
 
BonuДата: Вторник, 2013.03.05, 15:03 | Сообщение # 3
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Ҳаргиз дили ман зи илм маҳрум нашуд, 
Кам монд зи асрор, ки маълум нашуд. 
Ҳафтоду ду сол кардам шабу рӯз, 
Маълумам шуд, ки ҳеҷ маълум нашуд.


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
gulijonДата: Вторник, 2013.03.05, 16:25 | Сообщение # 4
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Дареғо, аспи қисмат зин надорад,
Сари савдоиён болин надорад.
Ҳама хоҳанд вазни худ бидонанд,
Тарозуи касе шоҳин надорад.


Худованд собиронро дуст дорад
 
BonuДата: Вторник, 2013.03.12, 21:32 | Сообщение # 5
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Бубахш,Модар маро хобат надодам.
Шаби торик махтобат надодам.
Зи дасти ман гами бисёр кашиди.
Вале ман косаи обат надодам.


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
webmastДата: Среда, 2013.03.13, 12:27 | Сообщение # 6
Сержант
Группа: Почетные
Сообщений: 54
Награды: 4
Репутация: 2
Статус:
Ишқе ки маҷозӣ бувад, обаш набувад,
Чун оташи ниммурда тобаш набувад.
Ошиқ бояд, ки солу моҳу шабу рӯз.
Орому қарору хӯрду хобаш набувад.


www.TojAdabiyot.com - Сомонаи Адабиёти Тоҷик
www.DonishOmuz.com - Форуми Фанҳои Омӯзишӣ
 
gulijonДата: Среда, 2013.03.13, 15:09 | Сообщение # 7
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Дар ишқ қарор беқарорист,
Бадномии ишқ номдорист.
Чун нест шумори ишқ пайдо,
Машмар, ки шумори бешуморист.


Худованд собиронро дуст дорад
 
webmastДата: Среда, 2013.03.13, 23:17 | Сообщение # 8
Сержант
Группа: Почетные
Сообщений: 54
Награды: 4
Репутация: 2
Статус:
Ошиқ ҳама сола масту шайдо бодо,
Девонаву шӯридаву расво бодо.
Дар ҳушёрӣ ғуссаи ҳарчиз хӯрем,
Чун маст шудем, ҳар чи бодо, бодо.


www.TojAdabiyot.com - Сомонаи Адабиёти Тоҷик
www.DonishOmuz.com - Форуми Фанҳои Омӯзишӣ
 
BonuДата: Суббота, 2013.03.30, 12:58 | Сообщение # 9
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Дилам аз ишки ту афгор гашта.
Чу кохе бар тани девор гашта.
Зи сели ашки ман девори богат.
Фитода дар замин хамвор гашта.


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
gulijonДата: Суббота, 2013.03.30, 13:05 | Сообщение # 10
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Ларзон-ларзон барги наистон дилам,
Озурда шудаст аз ин кӯҳистон дилам.
Ман гуфта будам, сарам бигирам, биравам,
Побанд шудаст ба номусулмон дилам.


Худованд собиронро дуст дорад
 
BonuДата: Суббота, 2013.03.30, 13:35 | Сообщение # 11
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Мерасад рузе маро ёдам куни.
Хар кучо биншаста фарёдам куни.
Бо ду се байте, ки гуфтам бахри ту,
Хар замоне хонию шодам куни.


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
gulijonДата: Понедельник, 2013.04.01, 09:07 | Сообщение # 12
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Ин модари даҳр оқилон кам зояд,
Ҳар лаҳза шумори нокасон афзояд.
Аз ҷумлаи Фирдавсӣ кам ояд ба ҷаҳон,
Аз ҷумлаи Маҳмуд ҳазорон ояд.


Худованд собиронро дуст дорад

Сообщение отредактировал gulijon - Понедельник, 2013.04.01, 09:08
 
  • Страница 1 из 1
  • 1
Поиск:

Приветствую Вас Гость


Кнопка сайта



Друзья сайта
Статистика
Powered by Султанов Баходур Анварович © 2025