Душанбе

Бозор Собир. - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, ДушанбеБозор Собир. - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе 2012 - Душанбе мой любимый город! Таджикистан, Таджик
Меню сайта
Сделать стартовой

[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
  • Страница 1 из 1
  • 1
Бозор Собир.
ДобраяДата: Четверг, 2007.05.10, 11:27 | Сообщение # 1
Администрация
Группа: Администраторы
Сообщений: 2629
Награды: 24
Репутация: 44
Статус:
Забони точики

Харчи у аз моли дуньё дошт, дод
Хитаи Балху Бухоро дошт, дод
Суннати волою девон дошт, дод
Тахти сомон дошт, дод.

Душмани донишгадояш дониши Сино гирифт,
Душмани бесуннаташ девони Мавлоно гирифт,
Душмани санъатфурушаш санъати Бехзод бурд,
Душмани бехонааш дар хонаи у чо гирифт.

Дод у аз даст гурзи Рустаму Сухробро,
Барбарони нотавонеро тавоно кард у.
номи худро хамчу гури Рудаки аз ёд бурд,
Котилони хешро машхури дуньё кард у.

Комати кутохи мангит
Аз манори калъаи ахли Хуросон шуд баланд.
Пастии сахрои Кипчок
Аз баландии Бадахшон шуд баланд.
Халки точик,
Халки ормон
Об дар чашм
Чун ятимон,
Дар лабаш хашм
Чун асирон.

Аз Ватан то бар кафан хар буду нобуде, ки буд
Бар кафанталбу ватанталбандагон бахшиду дод.
Душмани дарвеши худро
Шоху доро карду худ дарвеш шуд.

Лек лафзи модариаш хамчу номи модараш,
Дар дахону дар забонаш монд, монд.
Хар сухан бо шири модар,
Сахт шуд дар устухонаш монд, монд.

Худ ба худ дар гушаи хоки диёр,
Аз чудои, аз гариби
У гиристу гиряхо бар обшорон ёд дод,
Лафзи кухистоние бар боду борон ёд дод.
Рудхоро Рудакидон кард у,
Бодхоро Анварихон кард у.

Рузи ноободиаш точик забон обод кард,
Дар забонаш давлати бедавлати бунёд кард.
Давлате аз харфи вазнин,
Давлате аз шеъри рангин,
Аз чунон шеъре, ки хар як мисрааш,
Чуяе аз хоки сарбозони уст,
Торае нуре аз оташи зардуштони уст.

Гуё чун сайди мачрух
У чарохатхои худро
Гаштаву баргашта лесид,
Бо забони худ даво кард.

Дар сарояш точик аз бахти нагун,
Гарчи бо гарби мусулмон, хамрасо буд.
Хамрасулу хамхудо буд,
Дар забон аммо чудо буд.
Аз сари сад минбар афтоданд нозирхои у,
То наафтанд аз забони хештан.
Дар сари сад дор чон доданд шоирхои у
То наафтад бар замин кадри сухан!

Дар хаду сархадшиносии чахон,
Сархади точик забони точик аст.
То забон дорад ватандор аст у,
То забондо аст бисёр аст у.
Бок не, гар доварй гумкардааст,
Е умеди сарварй гумкардааст.
Захр Бодо шири модар бар касе,
Ки у забони модарй гумкардааст!!!


Нести добро людям!!!!

Сообщение отредактировал Добрая - Четверг, 2007.05.10, 11:28
 
ДобраяДата: Четверг, 2007.05.10, 11:28 | Сообщение # 2
Администрация
Группа: Администраторы
Сообщений: 2629
Награды: 24
Репутация: 44
Статус:
Аз хуни Сиёвушем, хамхуни Сиёвушем
Аз чомасафедонем, хар чома намепушем
Хамсоли Авастоем, хамоташи Зардуштем
Мо оташи Зардушти, нокушта намекуштем

Исмоили Сомони, девори Бухоро буд
Мо хамватани уем, у хамватани мо буд
Мо хам кухи хороем, девори Бухороем
Девори Бухороем, мо хам кухи хороем

Хамшахрии Фирдавси, хамшахрии Икболем
Хамшахри баномусем, хамшахри баномусем...


Нести добро людям!!!!
 
Dilovarsho Ashurov.Дата: Четверг, 2007.08.23, 15:02 | Сообщение # 3
Группа: Гости





GAR DAR YAMANI CHU BOMANI BESHI MANI
VAR PESHI MANI CHU BE MANI DAR YAMANI
MAN BO TU CHUNONAM IY NIGORI YAMANI
KHUD DAR ACHABAM KI TU MANAM YO TU MANI
 
BonuДата: Вторник, 2008.05.27, 06:17 | Сообщение # 4
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Ayo dunyo,panohat bar Khudo ast,
Va man hastam,ki dunyo jo ba jo ast,
Charo tanho nasibam karda neshat,
Namedonam,ki nushi tu kujo ast


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
ГостьМУМТОЗ ВАЛИЗОДАДата: Вторник, 2008.05.27, 11:44 | Сообщение # 5
Группа: Гости





ГУФТ ПАЙЁМБАР,КИ ГАР КУБИ ДАРЕ,
ОКИБАТ З-ОН ДАР БУРУН ОЯД САРЕ

Добавлено (2008.05.27, 11:35)
---------------------------------------------
ДУСТЕ ГУФТ САБР КУН ЗЕРО КИ
САБР КОРИ ТУ ХУБ ЗУД КУНАД
ОБИ РАФТА БА ЧУЙ БОЗ ОЯД
КОРХО БЕХ АЗ ОН КИ БУД КУНАД
ГУФТАМ АР ОБИ РАФТА БА ЧУЙ БОЗ ОЯД
МОХИИ МУРДАРО ЧИ СУД КУНАД

Добавлено (2008.05.27, 11:44)
---------------------------------------------
MAN MUMTOZ DONISHJU HASTAM DUR AZ VATAN .DAR JUMHURII ISLOMII IRON TAHSIL DORAM .
DIRUZ USTODAMON GUFT KI SHERI TOJIKI AZ SHOIRONI MUOSIRATON TAYOR KARDA BIYORED
ZUD BA YODAM SHERI USTOD BOZOR SOBIR- ZABONI TOJIK OMAD .AMMO KAME FAROMUSH KARDA BUDAM
ALON IN SAYTRO YOFTA HUSHHOL SHUDAM VA PAYDO KARDAM

DAR HAKKAM DUO KUNED!!!!!!

 
ДобраяДата: Вторник, 2008.05.27, 16:41 | Сообщение # 6
Администрация
Группа: Администраторы
Сообщений: 2629
Награды: 24
Репутация: 44
Статус:
ГостьМУМТОЗ ВАЛИЗОДА, Корхоят иншооллох омад мекунад!

Нести добро людям!!!!
 
BonuДата: Понедельник, 2008.11.10, 08:32 | Сообщение # 7
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Боз ор, Бозори моро, боз ор! Соядасте барои ворисони осори Бозор Собир

Силсилаи мақолаҳоро шурӯъ аз мақолаи "Бозор Собир дар мо намеғунҷад" то мавзӯъи соядастҳои устод Бозор Собир ва атрофи фаъолияти адабӣ ва дигар паҳлӯҳои ҳаёташ мутолиа кардам. Ростӣ чунин ба назар мерасад, ки гӯё бузургони адабу фарҳанг ва ашхоси болаёқатро ҳамеша тақдир дар озмоишҳо қарор дода ва ба кӯи оворагиҳо тела медиҳад. Бо вуҷуди ин ҳама маҳрумиятҳо ва оворагиҳои иҷборӣ боз ҳамин бузургон эҷод мекунанду аз самараи фаъолиятҳои онҳо наслҳои минбаъда комёб ва баҳравар мегарданд.
Банда, ин ҷо аз оворагиҳои иҷборӣ ва маҳрумиятҳои бузургоне чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Камол, Н.Хисрав, Сино, Ҳилолӣ, Айнӣ ва дигару дигарҳо хотиррасон карданӣ нестам. Фақат ҳаминро холисона гуфтаниам, ки "Эй салоҳиятдорон, биёед, ворисонро овора, саргашта насозем. Охир на ҳар кас имкон ёфта метавонад, ки барои зиёрати турбати бузургони илму адаб, онҳое, ки дар саҳифаҳои иҷборан ториккардашудаи гузаштаҳои дуру наздик ва зиндагии ҳозираи мо аз ҳар ҷиҳат равшанӣ меандозанд ва барҳақ, боиси ифтихор ва сарфарозии миллат мебошанд, равад. Масалан, барои зиёрати устод Лоҳутӣ ба Маскав, барои Ибни Сино - ба Ҳамадон, барои Камол - ба Табрез, барои Мавлавӣ - Ба қуния, барои Ҷомӣ - ба Афғонистон, барои Бедил - ба Ҳиндустон ва ғайра ва ҳоказо чӣ хел метавон рафт?
Аз ин рӯ аз Худованди бузург ва ҳар фарди ба номуси Ватан хоҳонам, ки барои бо дили пур ва хотири ҷамъ зиндагӣ кардан дар Ватан, дар Тоҷикистони азиз ҳама ба якдигар мусоидат кунем. Ин ҷо якчанд пора суханро дар қолаби назм ё шеър (агар ин пораҳоро назм ё шеър гуфтан мумкин бошад-муаллиф) бо мақсади он, ки дар раванди ба Ватан бозгаштани (ё ба Ватан бозгардонидани) устод Бозор Собир ва дигар шахсони бузургу болаёқат андаке шояд саҳмгузор бошам, меоварам:

Тоҷико, ай миллати бонангу ор,
Миллате бо илму бо фарҳанг ёр,
Бо дуо, бо илтиҷо, бо чашми чор
Бозгӯ: Ай Холиқи Парвардигор,
Боз ор, Бозори моро, боз ор.

Он, ки аслат муайян карда ӯ,
Боғи табъатро музайян карда ӯ,
Шеъру назматро мутантан карда ӯ,
Бозгӯ: Ай Холиқи Парвардигор,
Боз ор, Бозори моро, боз ор.

Ҷаҳл бедору адолат хоб рафт,
Рӯшноӣ аз рухи моҳтоб рафт,
Аз Ватан он шоири ноёб рафт,
Бозгӯ: Ай Холиқи Парвардигор,
Боз ор, Бозори моро, боз ор.

Чанд аз зулму асоратҳо гашта хор?
Аз гапи тунду ҳақорат гашта хор?
Ҳар куҷо фарзанди зорат гашта хор?
Бозгӯ: Ай Холиқи Парвардигор,
Боз ор, Бозори моро, боз ор.

Гарчӣ мисли кӯҳи хоро мондаӣ,
Боз бингар, аз Бухоро мондаӣ,
Аз Самарқанди дилоро мондаӣ,
Бозгӯ: Ай Холиқи Парвардигор,
Боз ор, Бозори моро, боз ор.

Ҳиллаву тазвир ҳар ҷо ҷон гирифт…
…Носири Хисрав роҳи Юмангон гирифт,
Лоҳутӣ тарки Ватан - Ирон гирифт…,
Бозгӯ: Ай Холиқи Парвардигор,
Боз ор, Бозори моро, боз ор.

Подшоҳи шоирон охир чӣ шуд?!
Зулмро бингар, адиб Собирро чӣ шуд?!
Халқҳоро нолаи шабгир чӣ шуд…?!
Бозгӯ: Ай Холиқи Парвардигор,
Боз ор, Бозори моро боз ор.

Бар зиёрат то куҷо, эй ҷон равӣ?
Баҳри Мавлоно ба Туркистон равӣ?
Хоки Бедил, то ба Ҳиндустон равӣ?
Бозгӯ: Ай Холиқи Парвардигор,
Боз ор, Бозори моро, боз ор.

Подшоҳо, шоҳи олииқтидор,
Кардаӣ аҳде ба номи Кирдигор,
Бемуҳобо, ӯст моро ифтихор,
Бозгӯ: Ай Холиқи Парвардигор,
Боз ор, Бозори моро, боз ор.

Эй Худоё, зулмро бечора кун,
Зулм ҳар ҷо ҳаст, бандаш пора кун,
Чархиё, ҳар дам Худоро зора кун,
Бозгӯ: Ай Холиқи Парвардигор,
Боз ор, Бозори моро, боз ор.

Бисёр мехостам, ки ҳамватанони мо дар Ватан бошанд ва агар боре ҳам, аз Ватан берун мераванд, бо сафарҳои корӣ ва расмӣ раванд, на иҷборан ва на бо роҳи маҳрум карданҳо. Охир бузурге гуфтааст: "Зи ҳамроҳон ҷудоӣ маслиҳат нест".

Идораи нашрияи «Миллат» тасмим гирифтааст, то соядастҳои устод Бозор Собирро гирдоварӣ карда ва беҳтаринҳояшро дар рӯзи ҷашни шоир ҳамчун армуғон барояшон тақдим бидорем. Аз ҳамаи онҳое, ки соҳиби ҳамчунин «соядасти» устоданд, хоҳиш дорем, то он соядастро ба идораи нашрияи "Миллат" ирсол бидоранд. Соҳиби беҳтарин "соядасти" устод аз сӯйи идораи нашрия дар рӯзи таҷлил аз зодрӯзи Бозор Собир қадршиносӣ хоҳад шуд.

Холмуҳаммади Чархӣ.

Добавлено (2008.10.22, 11:25)
---------------------------------------------
ФАЙЗОБОДИ МАН
Хӯҷаи Ҳотам зиёратгоҳи Файзободи ман,
Шукр аз тарбияти арвоҳи Файзободи ман.
Бо азони боди Элокаш дарахтон дар намоз,
Дар сари мӯи сафедам коҳи Файзободи ман.
Ширбии ширандомаш ба ман ҳамшира аст,
Тираки ҷуфташ арӯсу шоҳи Файзободи ман.
Гар ба девори каҷаш каҷ менишинам бок нест,
Роҳати ҷон як дами даргоҳи Файзободи ман.
Шишаи дорӯст, оре шишаи дорӯи дил,
Шишаи оби ҷароҳаткоҳи Файзободи ман.
Арвуғону лолазораш ҳарду ҳамхуни мананд,
Ҳамгили ман хушгили дилхоҳи Файзободи ман.
Сатри мӯраш сатри мавзуне, ки хоколӯда аст,
Сатри шеъри хокиам дар роҳи Файзободи ман.
Аз ҷаҳон дилмондаам ман, аз ҷаҳон сад бор беҳ,
Нохуни моҳи нави бегоҳи Файзободи ман.

Добавлено (2008.11.10, 08:32)
---------------------------------------------
БОЗОР МЕҲМОН ОМАДАСТ

(Ба шоири тоҷик, устод Бозор Собир, ки 20-уми апрели соли 2004

аз Амрико ба Тоҷикистон ташриф оварда буд)

Бо даъвати пире кӯҳан,

Аз баҳри як марди сухан.

Дар кохи "Боргоҳи Сухан",

Ороста маҳфил-анҷуман.

Даргоҳ чу пурмухлис, ки буд,

Бе шаҳнаву пулис, ки буд.

Ҷомеъа пуриблис, ки буд,

Як шоири муфлис, ки буд.

Ӯ шоири овора буд,

Ӯ шоири бечора буд.

Аз муфлисию бекасӣ,

Андар назар бекора буд.

Шеъраш, ки ном "Гулхор" буд,

То растаи "Симхор" буд.

Дар кору бори зиндагӣ

Бо номусу ҳам бо ор буд.

Ай модарони меҳрубон!

Ай додаракони қадрдон!

Бозори Собир омадаст,

Бозори шоир омадаст.

Марди муосир омадаст,

Ӯ чун мусофир омадаст.

Бо амри тақдир омадаст,

Шоири моҳир омадаст.

Хезед, ки пешвозаш равем!

Аз баҳри эъзозаш равем!

Бар хона фарёдаш кунем!

Аз банд, ки озодаш кунем!

Ман омадам хеле ба шаст,

Бо ҳаяҷон, гул ба даст.

Табрик, ки бинмудам варо,

Гаштем яке дастобадаст.

Он лаҳза аз дур дидамаш,

Чун дурри пурнур дидамаш.

Ӯро зиёрат кардаму

Чун шоҳи Фағфур дидамаш.

Густох,ки рафтам сӯи ӯ,

Бӯсе задам аз рӯи ӯ.

Андак шамидам бӯи ӯ,

Тарсида ман аз хӯи ӯ.

Ёд дорамаш чил соли, ки пеш,

Балки аз ин ғам буда беш.

Гоҳе будам меҳмони ӯ,

Ҳамчун рафиқу ёри хеш.

Андар замони кӯдакӣ,

Мухлис буда бар Рӯдакӣ.

Медид замони Рӯдакӣ,

Медид ҷаҳони Рӯдакӣ.

Ай додарон, ай хоҳарон!

Ай модарони меҳрубон!

Аз фитнаҳои бесарон,

Бозор гардид бе ватан.

Бозор аз тарси замон,

То ки бимонад дар амон,

Оре, панаҳ бурд он замон,

Аз тарсу қасди ҷоҳилон…

Эй ёру дӯсти меҳрубон!

Эй хоҳарону додарон!

Акнун, ки сер шуд иштиҳо,

Сер гашта нафси гушнаҳо…!

Дар ин сарои зиндагӣ,

Гум шуд балои бандагӣ.

Баҳри мафоду бардагӣ,

Гум шуд азобу гандагӣ.

Гум шуд садои тиру танк,

Гум шуд ҳама тиру туфанг.

Омад замони ору нанг,

Гум шуд ғубору дуди ҷанг…

Имрӯз,ки Бозор омадаст,

Аз баҳри дидор омадаст.

Баҳри ягон кор омадаст,

Бо шеъри бисёр омадаст.

Дар базму назми анҷуман,

Чун суфта шуд тири сухан.

Ҳам гуфта шуд шири сухан,

Гӯё ки гуфт пире кӯҳан.

Хулас, ки гап бисёр шуд,

Шеъру калом даркор шуд.

Ҳар маст,ки буд ҳушёр шуд,

Ҳар хоб ки буд, бедор шуд.

Дар сирру асрори сухан,

Дар саҳни гулзори чаман.

Суфта намуд дурри Яман,

Пошид ӯ дурри Сухан,

***

Бозор омаду Зариф бишуд меҳмонаш,

Дорад ҳавасе боре шавад мизбонаш.

Ноне шиканад дар сари дастархонаш,

"Сар дар қадамаш ниҳад, барояд ҷонаш".


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
ГостьДата: Вторник, 2008.12.02, 11:29 | Сообщение # 8
Группа: Гости





Хар кас, ки дар ин замона уро гам нест,
Ё одам нест ё аз ин олам нест!...
[size=16][i]

Добавлено (2008.12.02, 11:29)
---------------------------------------------
Бозоро боз биё бар диёри точикон...........

 
BonuДата: Пятница, 2008.12.05, 16:38 | Сообщение # 9
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
«МОРО ЗИ МО ҶУДО КАРДАН ХАТОСТ»

Лоиқу Бозор… Ду дарё, ду ошиқи шайдо, ду шоири имрӯзу фардо… Аз он рӯзе, ки мо Лоиқ Шералиро шинохтем, аз шеъру шоириаш огоҳ шудем, Бозор Собирро ҳам шинохтем, донистем. Ҳар шеъри тоза ва нави онҳо барои мо донишҷӯёни солҳои 70-80-уми асри 20 беҳтарин тӯҳфа, нодиртарин сухан буд. Аз ҳар шеъри нави онҳо мо як ҷаҳони дигарро пайдо мекардем, огоҳ аз санъати сухан мегаштем, тасвиру ташбеҳҳои тозаю обнорасидаи шоиронаро пайдо мекардем.

Мо медонистем, ки ин ду шоири соҳибистеъдод, ду шоири нотакрор дар шеъру шоирӣ доди суханро медоданд.

Мо огоҳ будем, ки ҳар шеъри онҳо зуд ба дилҳо ҷой мешуд, дари дилҳои ошиқонро боз мекард, захма ба тори дили ромишгарон мезаду ба парвоз меомад.

Дар маҳфиле агар Лоиқу Бозор набошанд, сухан қадр надошт, сухан завқ надошт, сухан бечора буд, нотавон буд.

Ҳар маҳфили эҷодӣ ва ё шеър агар дар Иттифоқи Нависандагон мешуд, мо донишҷӯёни ташнаи сухан, ташнаи шеърҳою суханҳои шоирони асил Лоиқу Бозор ба он ҷо мерафтем. Чун бубинем, ки онҳо ҳузур доранд, аз дару девор одам мерехт, одам меҷӯшид, одам рӯ мезад.

Ба қавле замин мекафиду одам мерӯид.

Агар набошанд, Наврӯз Наврӯз намешуд, маҳфили шеър фурӯзон намегашт.

Аз ин рӯ онҳо хуб медонистанд, медонистанд, ки онҳоро интизор мешаванд, онҳоро меҷӯянд, ташнаи сухан ва дидори онҳоянд ҳамагон…

Устод Лоиқ шаби эҷодӣ дошт.

Хама шоирон дар гирди ӯ парвона буданд. Дар саҳна танҳо буд. Шеър мешукуфт, шеър мерехт, шеър нуру зиё меафканд ва дар суруду таронаҳо пару бол баоварда ба сӯйи само, ба сӯйи дилҳои ташнаи меҳру садоқат парвоз мекард.

Пас аз суханронии шоири ширинкалом Боқӣ Раҳимзода Бозор Собир - шоири дилу дида ба саҳна баромад.

Чанд хушгӯйӣ карду ба устод Лоиқ бахшида шеъре хонд:

Дидаам шеъри туро дар пештоқи хонаву айвони тоҷик

Дидаам шеъри туро дар сангҳои гӯри фарзандони тоҷик

Марсияҳои туро чун аз паси тобути худ

Хонда - хонда рафтаам ман аз паси тобути Маҳмуд,

Бо ту гоҳе соқии базми сағирон будаам,

Бо ту гоҳе низ дар базми вазирон будаам,

Бо ту гаҳ сайри мазористону бӯстон кардаам

Орзуи гарди поҳои азизон кардаам

Дидаам,

Дар дидаат нам

Сабзаҳои хоки Турсунзодаро, бӯ мекашидӣ,

Мармари болои қабрашро ба паҳлӯ мекашидӣ,

Дина борон буду медидам димоғат тира буд

Чашми ту бар кӯҳсорон хира буд

Рӯзи боронӣ барои ҷумла фарзандони деҳ,

Нест ҷуз ёдоварӣ бому дари вайрони деҳ

Деҳа дар ёдат кунун бисёр дур афтода буд

Зери борон дар паси кӯҳи булӯр афтода буд.

Дар хаёлат мечакид ин лаҳза боми модарат

Мечакид ин лаҳза гӯё боми модар бар сарат

Дар хаёлат ашки модар буд ӯ, борон набуд

Пеши чашмат ёду армон буд, кӯҳистон набуд

Модар, эй модар,

Биҳишти кӯдакиҳои писар,

Ҳамроҳи афсонаҳои кӯдакиҳои писар,

Дар паси талҳои барфолӯда аст.

Бо намозу рӯза тафреҳ мекунад

Ҷомаҳои кӯҳна дарбеҳ мекунад

Ӯ намедонад,ки шоир зода аст.

Зал аз кафкӯби ба ларза омад. Чорқарс хомӯш намешуд. Дар ин шеъри Бозор Собир меҳр буд, ҳамдилӣ буд, садоқат буд. Пеш аз ҳама шеър шеъре буд, ки мо ташнагони суханро ба дод оварда, мафтун карда.Аз ин рӯ об дар чашму сад ҳазор меҳр дар дил барои сухани Бозор, барои шеъри баланди Бозор Собир, шоири ҳассосу дилогоҳ каф мезадем.

Дар ин шеър мо шеърҳои устод Лоиқро мехондем, ба ёд меовардем.

Ҳамон шеъри

"Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо модари пирам,

Ҳамон шеъри

Ин шаби туршрӯи боронӣ,

Кулбаи модарам ба ёд омад

Боми ӯ мечакад зи боронҳо,

Дар дилам оламе ба дод омад-ро медидем, меёфтем, мехондем.

Он рӯз мо ба ин ду шоири маҳбуб, ду шоири ҳамсозу ҳамнаво ва ба гуфти шоири ширинкалом Қутбӣ Киром "Ҳамболу ҳампар" аз дилу ҷон каф мекӯфтем.

Он замон дар дилҳо ишқ меҷӯшид, нуру сафо шӯъла мезад, ки мо ду шоир, ду суханвари тавоноро паҳлӯи ҳам медидем, паҳлӯи ҳам меёфтем.

Ва эҳсос мекардем, ки дӯстӣ дар байни онҳо то куҷост. Онҳоро сухани барин, шеъри олӣ ҳамдил карда, ҳамнаво намуда.

Он рӯз мисраи бисёр баланд ва шоиронаи Бозор Собир дар забони хурду бузург буд:

Ӯ намедонад, ки шоир зодааст…

Ҳар ҷашну иду айём барои ин ду шоири тавоно талош буд, баҳс буд.

Аҷиб он ки мехостанд дар ҳар иде, ҳар ҷашне ҳарду бошанд.

Лоиқу Бозор…. Бозору Лоиқ…

Онҳоро дар Наврӯзгоҳҳо гоҳ шеъру сухан дар забону ҳазор шӯру шавқ дар дил медидем, меёфтем.

Онҳоро дар рӯйи сабзаҳо, дар зери борони баҳорӣ сарбаланду сарсабз ва ҳамчун шоири қодирсухан медидему мегуфтем:

- Ана Лоиқу Бозор, Бозору Лоиқ-

- Ду дарё,

- Ду дӯсти босахо,

- Ду шоири тавоно

- Ду дардкашу ҳақгӯйи миллати тоҷик,

- Ду шоире, ки доди суханро дар шеъру шоирӣ дода….

Ростӣ, онҳо дӯстии худро дар қудрати шеър, сухан медиданд.

Онҳо бори маънии шеъру шоириро мекашиданд.

Эҳ, чӣ замони гулгулшукуфии сухан, шеъру шоирӣ буд, он вақт.

Дар Наврӯзии хонаи адибон одам ҷӯш мезад. Мо донишҷӯён аз ҳама пеш ҷойҳои худро пайдо карда будем.

Лоиқу Бозор ба саҳна баромаданд. Ҳам қад, ҳам китфу бозу, ҳам дил…

Нигоҳашон аҷиб… яке бо нигоҳи барқпош ба мо нигарад, дигаре бо нигоҳи бепарво, вале дар дил сад наво.

Устод Лоиқ бадоҳатан ба дӯсти шоираш шеъре бахшид:

Аҷаб расмест, расми одамизода,

Аҷаб дунёст ин дунёи вайрона,

"Классикҳо"-и мурда ҷумла беҳайкал,

"Классикҳо"-и зинда ҷумла бехона….

Толор ҷӯшид.

Устод Бозор бо нимнигоҳ, бо ҳамон солории ба худ хос бадоҳатан ба устод Лоиқ ҷавоб гуфт:

Селоба ба санг мезанад дар сангоб,

Ман пойи пиёда меравам то ба Лучоб,

То шеъри туро ба барги гул печонда,

Наврӯзӣ барам барои Турсунзода.

Чи шӯре нахест. Наврӯз бо ин ду шоир Наврӯз буд, шукӯҳу шаҳомат дошт ва чунон дар дилу дида нақше мегузощт, ки ҳеҷ гоҳ аз ёдҳо намерафт.

Он вақт ин ду рубоиро тамоми донишҷӯёни мо азёд карда буданд.

Ман ҳам навишта гирифта будам. Вале дар ягон китоби ин шоирон онҳоро дучор нашудаам.

Бале, бадоҳатан гуфтанду рафтанд. Вале барои мо ташнагони сухан ҳар мисраи онҳо, ҳар ибораи ин ду шоир чун дурру гуҳар қимат дошт, азиз буд…

Мо гоҳо аз бузургони худ мехоҳем душман созем, онҳоро ба муқобили ҳам гузорем.

Мушт ба сина мезанем, ки ин аз он бузургтар, он аз ин баландтар.

Ҳамин баҳсу талоши кӯрдилону маҳалпарастон буд, ки мо онҳоро гӯё аз ҳам ҷудо дидем, ҷудо ёфтем…

Ин шеъру шоирӣ, сухани асил чун зарраҳои хуршед бар сари ҳама яксон мерезад, яксон нур меафканад.

Лоиқу Бозор ду дарё, ду шоире буданд, ки дар он замону дар ин замон доди сухану суханвариро дода буданд.

Якеро бе дигаре наметавон тасаввур кард.

Устод Лоиқ бахшида ба Бозор Собир ғазале дорад, ки овардани онро ҷоиз медонем, на ин ки ҷоиз, ҳатто зарур мешуморем:

Нест осон бурдани бори сухан,

Сода набвад ин ҳама кори сухан.

Аз гули хору зи хори гул маро,

Кардӣ мафтуни гулу хори сухан.

Аз хасе дарёфтӣ бӯи касе,

Аз пари коҳе - пару боли сухан.

Эй бас озори сухан ҳам дидаӣ,

То биёбӣ сирри осори сухан.

Қадри шеър афзуд чун нарху наво,

Аз туфайли ту ба бозори сухан,

Мову ту дар шоирӣ ҷон медиҳем,

Оқибат дар кунҷи девори сухан.

Аҷиб… Бубинед, дар ин ғазал чӣ қадар равшан ва гӯё ишора шуда ба шеърҳои Бозор Собир.

Ҳамон Бозоре, ки барои шеъри "Забони модарӣ" озор дид, ҳамон шоире, ки аз "Гули хор" сухан чинду гулдаста намуда, боғи шеъру шоириро муаттар ва гулафшон намуд.

Ин ду шоири бузург бори суханро мекашиданд ва мехостанд бар арши аъло баранд. Ба ҳар ҳол бурданд, лек имрӯз ҷойи онҳо холист.

Устод Лоиқ зиндагиро падруд гуфтаю устод Бозор дар ғарибӣ ба ёди ёру диёр ҷигаркабобу муштоқу зор "дар кунҷи сухан" монда.

Вале аз ҳамон ҷо истода гоҳ - гоҳе чорпораҳо мефиристаду шеърҳои асил эҷод мекунад, ки онҳо гоҳ - гоҳ дар саҳифаҳои ҳафтаворҳо чоп мешаванд. Мо бо ташнаҷонӣ онҳоро ёфта мехонем.

Мехонему мегӯем:

- Шукр, ки Бозор Собир ҳаст ва шеъру шоирӣ ҳам ҳаст.

Ӯ баъди марги устод Лоиқ, ба ёди он рӯзҳо, он дӯстиҳо баъди хеле хомӯшӣ, ба фиғон омада бо оби чашм навиштааст:

Дидам қадаҳе, ки сарнагун мегиряд,

Қул - қул зада шиша аз дарун мегиряд.

Сад ҷому пиёла оби чашм аз майи сурх,

- Лоиқ, ту куҷоӣ? - гуфта хун мегиряд…

Лоиқу Бозор… Ду дарё, ду шоири бузурги халқи тоҷик.

Онҳоро наметавон дар шеъру шоирӣ беҳамдигар тасаввур намуд. Чун ки шеъри онҳо зодаи табъи худодод бошад ҳам аз як сарчашма ибтидо гирифта.

Аз рӯди Рӯдакӣ, аз ҷоми Хайём, аз шоҳномаи Фирдавсӣ, аз ғазалҳои шӯрангези Мавлавию Ҳофизу Соиб, аз меҳру муҳаббати ёру диёр, аз ишқи сарзамини саросар кӯҳсор.

Лоиқу Бозор,

Ду дарё, ду шоири ошиқи шайдо, ду абармарди шеъру сухани воло.

Онҳоро наметавон аз ҳам ҷудо кард, дар шеъру шоирӣ, дар сухану суханварӣ. Ба гуфти устод Лоиқ "Моро зи мо ҷудо кардан хатост".

То шеър ҳаст, шоир ҳаст, оламу одам ҳаст, он ду нафар баҳри мо тоҷикон дӯст, ҳамдил, ҳамсадо ва ҳамкору ҳамбол мемонанд дар олами сухану суханварӣ!

Добавлено (2008.12.05, 16:38)
---------------------------------------------
"Эй бародарам, шеър савдои хуш аст,

Дӯзах андар шоирӣ ҷои хуш аст".

Дар дами танҳоиву ночориҳо,

Эй азизо, шеър овои хуш аст.

Зинда будан хоҳӣ ҳамчун Рӯдакӣ,

Дар ду олам шеър даъвои хуш аст.

Чун уқобон шеър парвозе кунад,

Кӯи мақсуд роҳпаймои хуш аст.

З - ибтидо то интиҳои зиндагӣ,

Баҳри инсонҳо таманнои хуш аст.

Хоҳӣ гардӣ ҷилвагар чун ахтарон,

Сӯи дониш рав, ки авзои хуш аст.

Шоиру шеъри мунираш зинда бод,

К - ин ҷаҳон бо шеър маъвои хуш аст.

ё ҷои дигар байти мазкур омада:

Эй бародар, шеър оёти дил аст,

Баҳри муштоқон мукофоти дил аст.


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
ДобраяДата: Суббота, 2008.12.13, 17:28 | Сообщение # 10
Администрация
Группа: Администраторы
Сообщений: 2629
Награды: 24
Репутация: 44
Статус:
http://www.millat.tj/rsz.php?file=b.sobir2.jpg&w=230&type=1
«ОБИ ШИРИН ҲАМА ХӮРДЕМ ЗИ ҶӮИ ШЕЪРАШ…»
(ангорае аз ёду хотираҳо ва дидорҳои устод Бозор Собир)
«ОБИ ШИРИН ҲАМА ХӮРДЕМ ЗИ ҶӮИ ШЕЪРАШ…» (ангорае аз ёду хотираҳо ва дидорҳои устод Бозор Собир)

…Он замонам кай равад аз ёд,

Лаззате буд, дар ҳавою маззае дар бод…

…Ин як байти ошиқонаи устод Бозор Собир аст. Ва ҳамсони ҳазорон мисраҳои дигари ашъораш зебост. Ширину гуворост. Бо он соне, ки устод Бозор "лаззат"-у "мазза"-и "ҳавою бод"-и лаҳзаҳои ошиқиҳояшро ҳич гоҳе фаромӯш накардааст, Ману Мо низ ҳамчуноне… ӯро ва шеърашро фаромӯш накардаем…

"Лаззат"-и шеъру "лазат"-и дидори устод то кунун барои Ману Мо ширину гуворо ва азиз мондааст… Ва хоҳад монд…

Ману Мо кистем? Ман ошиқи шеъри устод Бозор ва ҳам як хушбахте, ки шарафёб ба дидори устод ва ҳам баҳраманд аз сӯҳбату шеърхониҳояшон дар маҳфилҳо…

…Ва Мо - киҳоянд? "Мо" зумрае аз ҷӯяндагони илму дониш, ҳаводору мухлис ва дӯстдорони ашъори волои устод Бозор Собир, яъне дӯстону ҳамсабақони азизи ман - хатмкардаҳои факултаи филологияи тоҷики ДДМТ (солҳои 1985 -1990) ва ҳам садҳо нафар аз Мо пеш ва аз Мо баъдинаҳо.

…Ҳамагӣ дӯст медоштем устодро ва ҳам шеърашро… Ва ҳам баробари устод Бозор Собир дӯст медоштем устодони дигари шеър, шоирони он замон маҳбубу азиз Лоиқу Гулрухсор ва чанд тани дигарро, ки ҳамакнун "мешукуфтанд…"

Муштоқи дидорашон будему ҷӯёи шеъри ноб ва маҷмӯъаҳои тозаашон. Маҳфилҳои шеърашон моломоли ошиқону дӯстдорони ашъор ва ҳам худашон буд..

Дидорашон ҳам чун шеърашон лаззате дошт… Он замон Шеъру Шоир қадр дошт… Садҳо ошиқон бо шеъри онҳо "ошиқӣ" мекарданд.

Ману Мо ҳам, ки ҷавонони хушбахти он замон будем, яъне он замоне, ки то кунун бароямон чун "Айёми тиллоӣ" боқӣ мондааст…

…Ва он айёму замони "тиллоӣ" - и моро шеъри устод Бозор Собир тиллоитар мекард.

Бо вижа он замоне, ки бо дархост ва даъвати раҳбарияти факулта, тайи чанд муддат устод Бозор Собир ба Мо, умуман ба хоҳишмандон ва дӯстдорони Шеър, дарси "Шеър ва Сухан" мегуфтанд, ҳич гоҳе аз хотирҳо фаромӯш нахоҳад шуд.

Дарси устод Бозор лаззате дошт чун шеъраш ва ҳам чун дидораш, ки то ҳанӯзам аз ёду хотираи Ману Мо нарафтааст…

…Ва гумон мекунам, ки он замон қариб ҳама ҳамсабақони ман, дӯстдорони шеъри устод Бозор аз ӯ ҷиҳати хотира соядаст ҳам гирифта буданд ва то кунун ифтихор, азизу табаррук медонанд, он сатрҳои мубораки шоири тавонои шеъри муосири тоҷик устод Бозор Собирро…

…Ва чанд соле пештар аз оғози дарсҳои "шеър"-и устод Бозор Собир дар як рӯзи баҳор (шояд нахуст дидор ва сӯҳбати кутоҳе бо устод буд), муяссарам шуда, ки дар маҷмӯаи ашъорашон бо номи "Офтобниҳол", ки соли 1982 баъд аз китобҳои "Пайванд", "Оташбарг", "Гули хор", "Палакҳои сангин" (бо забони русӣ) ва "Мижгони шаб" ба чоп расида буд, соядасти устодро бигирам, ки то кунун маҷмӯа бо соядасти устод Бозор бароям азизу қиммат аст. Инак он сатрҳо:

Барои Шарифи Азиз!

Бирав ба хоб бигӯ, ки маё ба дидаи ман,

Ҷазирае, ки макони ту буд об гирифт.

Бозор Собир, Баҳори соли 1986.

…Ва баъд аз ин ҳам "айёми тиллоӣ" - и Мо бо ташнагиҳои Шеър ва ҳам дидори устод Бозор мегузашт…

Ва ахиран боз дар ду маҳфили дигар иттифоқ уфтода, ки устод Бозор Собирро аз наздик бубинем ва ҳам "ба серӣ" бишунавем… Бо ҳамон симову сурат ва шукӯҳу салобати шоирона, табассум ва хандаҳои ба худаш зебанда ва садои ба худаш хоси дар қироати шеър, ки ҳамвора ёдам меояд, он лаҳзаҳои ширину нотакрор…

Яке аз дидорҳо маҳфили "Ширу шакар" буд, бо ҳамроҳии ҳофизи зиндаёд, устод Одинаи Ҳошим (дар собиқ толори ВДНХ), ки тӯли панҷ соат ду устоди бузурги Шеъру Сухан ва тарона мухлисону дӯстдорони худ ва ҳунару ашъорашонро "шодоб" намуда буданд…

Ва ман низ чун дӯстдори шеъри устод Бозор он ҷо будам ва муяссарам шуда буд, ки яке аз шеърҳои хеле зебову ошиқонаи устод "Номаҳо" -ро қироат намоям ва ба аҳсану дуои устод Бозор мушарраф бигардам.

Он лаҳзаи хушбахттарини ҳаётам буд, ки ҳамвора ёд меорам…

…Ва дидори дигар тантанаи "Базми Наврӯз" - и устодон ва муҳассилини ҳамаи факултаҳои ДДМТ буд, ки бори аввал дар шаҳраки донишҷӯён воқеъ дар Буни Ҳисорак, соли 1989 бошукӯҳу ҷило таҷлил шуда буд. Ва дар ин базм низ устоди шодравон Одинаи Ҳошим, устод Бозор Собир ва чанд тан аз шоирону адибон даъват шуда буданд.

Ва ёдам ҳаст, ки чун ба устод Бозор сухан дода буданд, ӯ бо эҳтирому ихлос навбаташро ба устод Одинаи Ҳошим доданд ва устод Одина чанд ғазал ва фалакӣ хонда буданд, ки мо аъзои ансамблҳои "Бунафша" ва "Наврӯз"- и Донишгоҳ бо устод ҳамроҳӣ карда будем.

Ва ин дидор низ бо устод Бозор чун баҳори сабз ҷовидона дар ёду хотираҳои Ману Мо мондааст.

…Ва ахиран китоби дигари устод Бозор Собир бо номи "Бо чамидан, бо чашидан…" нашр шуд. Беҳтарин маҷмӯъаи ашъори устод буд, ки мухлисонаш бо хушнудӣ пазируфта буданд. Аз ҷумла Ману Мо низ. Ва қариб ҳама дӯстону ҳамсабақони ман аз ин китоб доштанд.

Ин маҷмӯъаи ашъори устод ҳамеша бо ман буд. Ва ахиран боз ҳам як рӯзи баҳори дигари ҳамон "айёми тиллоӣ" ҳангоми як лаҳзаи дигари дидор бо устод Бозор Собир соядасти дигари устодро бигирам;

"Барои Шарифи азиз, ки Шариф аст:

Мурғе шарифтар аз мурғи бахт нест,

Афсӯс, ин парранда бо шохи дарахт нест…

Бо дур Борзор Собир

… Ва медонам баҳор буд, аммо рӯзу моҳу солаш дар китоб монда…

Ва он маҷмӯъаи ашъори устод ҳоло дар дасти кадоме аз дӯстонам "шайдо" - ёни шеъри устод Бозор аст, намедонам…

…Кош аз дӯстони дигар низ ҳамчунин соядастҳои устод Бозор Собирро дастрас кардаву ҷамъ меовардам, аммо афсӯс бештари онҳо низ чун устод Бозор аз ман дуранд ва қисмати дигаре "парешон" ҳар ҷое, пайи зиндагӣ…

…Вале чун майли хоҳиши навиштани ин сатрҳоро доштам, як тан аз дӯстони фарҳангиам, набераи шоири хушбаён Муллоёрӣ Дарвозӣ, ки ҳини меҳмонӣ дар хонааш, ноҳияи ба номи Ҷалолиддин Румӣ маҷмӯъаи ашъори устод Бозор Собир "Гули хор" - ро бароям нишон дод, ки бо ҳамон хатти хонову зебои устод соядасте ба ёдгор монда:

"Барои Чӯпони азиз:

Додар, додарро, дигар нарав чӯпонӣ,

Сӯзад кафи по, арақ кунад пешонӣ…

Бозори Собир, Баҳори соли 1981"

…Ва дӯсти шоирам, набераи шоир, Чӯпон Бадали Ванҷӣ, то кунун шукрона ва ифтихор дорад, ки аз устод Бозор Собир дуову фотеҳа гирифтааст ва дар ҷодаи шеъру шоирӣ ба муродаш хоҳад расид, зеро ду маҷмӯаъи ашъораш дар дасти чоп аст…

…Ростӣ, ёду хотираҳо зиёданд, аз лаҳзаҳои дидору ошноиҳо ва мулоқоту сӯҳбатҳо бо даҳҳо нафар аз бузургону шахсиятҳои шинохтаи миллат, чун устод Бозор Собир.

…Ин сатрҳо бо таваҷҷӯҳ ва дастгирӣ аз иқдоми хеле хубу шоистаи аҳли эҷоди рӯзномаи "Миллат" дар мавориди ҷамъоварӣ ва чоп кардани соядастҳои устод Бозор Собир дар ҳошияи 70 солагии зодрӯзаш рӯйи коғаз омаданд.

Ва ин рӯзҳо чун ангораҳои нотамомест, аз ҷониби як нафар "ошиқу шайдо" ва ҳаводору мухлиси шеъри устод Бозор Собир. Меҳр, ихлос, эътиқод ва эҳтирому самимияти шогирдона, чун як нафаре, раҳнаварди ҷодаи калому сухан ба Шоиру ба Шеър!

Шоире чун Бозор, шеъре чун шеъри Шоир, - устод Бозор Собир…!

…Анҷоми нотамоми ин меҳрномаи ман сенуқтаҳост..

…Вале чун ин ҷо мехоҳам суханамро анҷом бахшам, боз ҳам лаззати шеъру дидори шоире чун устод Бозори Собир фарогирам мешавад…

Ва садое дар оғӯши ҷонам "наво" мерезад ва дар хиёлам пеши дидагонам бо ҳамон қомати болову баланду зебо ва табассуму хандаҳои ба худ хосаш устод БозориСобир шеър мехонад…

Аз минбари баланд, бо сари баланд, барои Ману Мо ва барои Шумо…!

…Ва бо ҳамин хиёлу андеша миёни варақҳои зиёди зардшуда, варақеро меёбам, ки солҳо дар ҷустуҷӯяш будам. Як варақи шеър…

…Шеъре бо унвони "Сари боло…" - и дӯсти шоирам, шогирди мактаби шоирии устод Бозор ва ровии ашъори устод Бозори Собир аз ноҳияи Файзобод Саъдии Қутбиддинро, ки қариб 20 сол пеш дар ҳаққи устод Бозори Собир гуфта буд…

…Ва матлаъ ва мақтаъи он шеър чунин аст:

Сари болои Бозор ин замон болотар аз дунёст,

Қаламаш боз волотар бувад аз ганҷи дунёӣ.

Агарчанде, ки шеърашро ба чашми хира мехонанд,

Назаркӯрон чӣ медонанд, қадри шеъри тиллоӣ?!

…Хаёлам ин замон Бозори Собир дар сари минбар,

Барои чанд фарди кӯҳна шеъри тоза мехонад.

Вале чормисрааш нахонда имрӯз аз сари минбар,

Варақҳои сафеди дафтараш накшода мемонад…

…Ва орзуи Ману Мо ҳам ҳамин аст, ки устод Бозори Собир биёянд. Ё ин ки биёрем ӯро!

Ва устод аз минбари баланди саҳнаи гулбезу гулрези ҷашни 70 - умин соли зодрӯзашон ба ҳамон қомати болову баланд ва садои шевояшон барои Ману Мову Шумо ва барои "Миллат" шеър бихонад!

…Зеро ба таъбири боз ҳам як тан аз шогирдони мактаби шеъри волои устод Бозори Собир, шоири тавонои имрӯзи тоҷик Низом Қосим:

Он ки як умр ватан сохт зи хишти суханаш,

Худ чу маънии ғариб асту сухан чун ватанаш…

…Оби ширин ҳама хӯрдем зи ҷӯйи шеъраш,

Ёди мардона биёрем чу як Кӯҳканаш!

Ӯ нағунҷид дигар дар ватани кӯчаки хеш,

Ки бузург аст…

Бузургӣ ту, аё ҳамватанаш?!
2008-11-21 11:17:18
Шарифи МИСАЙЗОД
хабарнигори радиои "Садои Душанбе"


Нести добро людям!!!!
 
BonuДата: Четверг, 2013.04.11, 19:53 | Сообщение # 11
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
УСТОД БОЗОР МАҲАЛГАРО НЕСТ

Ёд аз шоире, ки дар Амрико мезияду онро

"Бушизм" ва "Фашизм" меномад

Устод Бозор Собир ҳафтодсола шуд. Дӯстдорони адабиёт, аз ҷумлаи омӯзгорони ориф, аҳли фарҳангу санъат, бемансабҳои соҳаҳои кишоварзию сохтмон, мухлисони ашъори ӯ дар мактабу масҷид, дар кӯчаю бозор мепурсанд ки "Бозор аз Амрико меомада бошад?", манзури ҳама ин аст, ки дар зодгоҳаш - Тоҷикистони азиз ҳафтодсолагии ӯро ҷашн мегиранд ё не?

Ошноҳои мо медонанд, ки банда мухлиси ашадии ашъори ӯям. Ба суоли онҳо ҳеч ҷавоби аниқ дода наметавонам. Аз ҳоли устод бештар дар матбуоти озодандеши кишвар мехонам, бештар дар "Миллат" ва дар остонаи 70 солагиаш, "Нигоҳ" - у "Тоҷикистон" ҳам чанд маводе навиштаанд. "Адабиёт ва санъат" хомӯш буд.

Гуфтугӯи телефонии Сайёди Ғаффорро бо устод дар "Тоҷикистон" хонда хушҳол шудам. Хеле самимӣ, латиф ва ҷигарӣ сӯҳбат кардаанд. Қиёмиддини Чақал гуфт, ки нависанда Теша Раҷаб сари ҳар моҳ ба устод занг мезананд. Ихлосу эътиқоди сахт дорад, Теша Раҷаб, додараш мегӯяду Мавлонояш мехонад. Устод ҳам ӯро дар рафоқат эътироф мекунад. Бинед, ки аз Амрико барои ӯ чӣ мегӯяд:

Ҳамсояи ман Теша Раҷаб ранги малак буд,

Ҷояш на замин, чархи фалак, чархи фалак буд.

Бар даргаҳи ӯ, гӯӣ ту, пешонии лухташ,

Пешонӣ набуд, дар назарам нону намак буд.

Мо, ки дар ҷамъомади хоксоронаи 70 солагии Теша Раҷаб ширкат доштем, аз Бозор Собир ёд кардем. Садри маърака академик Бӯрӣ Карим буд. Онҷо нависанда Нур Табар, ҳунарманди театри Лоҳутӣ, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қиёмиддин Чақалов, боз панҷ - даҳ нафари дигар сухан карданд. Гулчеҳраи янгаамон, бонуи Бозор бо Шогунаи духтараш ҳам буданд. Аз ҷамъомад баромада раҳораҳ янгаро аз омадани устод пурсон шудем, ҷавоби дилгармона нагирифтем. Ин ки гӯё калонҳои Тоҷикистон Бозорро даъват мекардаанд, дурӯғ аст, - гуфт Гулчеҳрабону.

Рӯзи 19 марти соли 2008 банда дар вохӯрии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли зиёи кишвар навбати сухан гирифта хоҳиш намудам, ки сардори давлат барои омадани устод мусоидат кунанд. Президент гуфтанд, ки барои омадани Бозор Собир ба Ватан ҳич монеъае нест.

Се - чор рӯз пеш дар як ҷамъомади калони Файзобод аз забони сардори як идораи сохтмон шунидам: "Ба муносибати ҳафтодсолагии Бозор Собир роҳи Сӯфиёнро соз мекунанд", "Ин тавр ки бошад, устод меомадааст - да" хулоса кардем мо. Балки устодро ба шарафи 70 солагиаш Ҳукумати Тоҷикистон даъват кардагист…

Дидани дидори устодро орзу дорем, пазмонаш шудем. "Дилам гум мезанад аз ёди устод". Охирин бор ӯро 20 апрели соли 2004 дар маҳфили "Боргоҳи сухан" - и Бӯрӣ Карим воқеъ дар кӯчаи Ҳамадонии шаҳри Душанбе дида будам.

Устод аз Амрико 11 декабри соли 2003 ба Душанбе расиданд. Дар ин хусус аз Саидакрам Ҳикматуллоеви мухлиси бӯстонии ӯ огаҳӣ ёфтем. Ҳамроҳи рассоми шеърдон Искандари Олим рӯзи сездаҳуми декабр ба суроғаш рафтем. Саидакрам нишонии хонаи хоҳари устодро дар рӯ ба рӯи бозори "Саховат" нишон дод. Рафтем, ки дари хона қулф буд. Гуфтанд, ки дӯстдоронаш устодро Ҳисор бурдаанд. Баъди се рӯз боз аз Файзобод ба дидорбинии устод ба ҳамон суроға рафта, ин дафъа ҳам наёфтемаш.

Шарафи дидор бо устод Бозор дар назди бинои Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон, ки он ҷо вохӯрии ӯ бо мухлисонаш барпо мегардид, насиби мо шуд.

Низом Қосим ровии маҳфил буду устод Мӯъмин Қаноат ва сухандони хушлаҳн Ортиқи Қодир аз бузургии Бозор Собиру шеъри ӯ ҳарф заданд. Ҳунарманди халқӣ Ҷӯрабек Муродов гуфт, ки ба хотири Бозор Собир аз Хуҷанд омадааст. Устод хеле шеърхонӣ намуду аз тақдири худ ришта - ришта ёд кард.

Чӣ пинҳон кунем, ки ҳини суханони аламии устод ашки чашмони мо аз алам ғӯра - ғӯра рехт. Хусусан вақте ки аз шаҳди талхи ғарибӣ гуфт, аз он хусус ки хушомаду тамаллуқ дар пӯсти ӯ намеғунҷаду "бадбахтиаш дар ҳамин аст". Дидем, ки устод аз шеърхонии Ортиқи Қодир хеле кайфият бардошт. Ортиқ "Забони модарӣ" - ро дар таҳрири нави устод аз ёд хонд. Суханҳои дар он маҳфил шунидаам, хаёл кардам, ҷавобе буд ба профессори соҳаи тиб Муҳаммадҷон Расулӣ, ки дар ду шумораи нашрияи "Тоҷикистон" зери унвони "Бозор Собир бозори иғворо метафсонад" мақола чоп карда, менигошт, ки "навиштаҳои Бозор Собир бо азму иродаи дигарон рӯи коғаз" меояд. Профессори мӯҳтарам, инсоф пояи тоат гуфтаанд! Ин гап ҳатто дар ҷӯроби кӯҳнаи устод намечаспад. Шоире, ки дар Амрико зиста онро "бушизму фашизм, террористи ҷаҳонӣ" номида, президенташро "ҷиноятпеша аст", мегӯяд, магар "азму иродаи дигарон" аст?!

Не! Бозор Собир шоири озодандешу якрӯст! Ҳини эҷод ба касе вобаста нест, ба ҷуз ақлу андешаи худ. Ӯ дунёи худро дорад, шеъре мегӯяд, ки дигарон гуфтани онро орзу мекунанд. Бозор Собир дар фикри сарват нест, хокӣ аст, дар рӯи оинаи мансаб туф мекунад, шӯҳрати харидаро ба саргини маркаб баробар медонад. Як исботи ин фикр ҳамин аст, ки дар вақташ дафтарчаи депутатиро бо дасти худ супурд. Ӯ метавонист аз ҳисоби Маҷлиси Олӣ хона бигирад, мошинсаворӣ кунад.

Бозор Собирро шеърашу содагиаш бузург кардааст. Ӯ бо ҳарфи калон ИНСОН аст ва ШОИР. Ӯро пеш аз ҳама ватансароияш, гуфтани дарди миллат ва ошкорбаёнӣ ба ин мартабаи баланд расонидаанд.

Ҳар касе, ки ба маҳфили "Боргоҳи сухан" рафта буд, яктоӣ "Аз гули хор то симхор" тӯҳфа гирифт. Баъди маҳфил мухлисони шеър барои соядаст ғавр карданд. Аз ҷумлаи аз Файзобод омадаҳо ин шараф ба муаллимон Ҷамшед ва Қурбон Ҷомиевҳо ва байторҳо Раҳмон Абдусамадову Раҷабмурод Зоиров муяссар гардид. Ба банда навбат нарасид.

Дар боло аз мақолаи профессор Муҳаммадҷон Расулӣ ёд кардам. Мӯҳтарам Расулӣ эрод нагирад, ки банда коҳи кӯҳнаро бод мекунам. Профессор Расулӣ устодро бо маҳалгароӣ муттаҳам кардаанд. Иллои азим, ин ҷурмро дар гиребони шахсияте чун Бозор Собир часпонидан гуноҳест азим. Дар инкори ин ақида ҳамон солҳо Додихудои Дониёри Ҳисорӣ, Толиби Сангин, баъдтар дигарон ҳам навишта буданд.

Устод Бозор ҳини мудири шӯъбаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будан маҷмӯъаи ашъори 70 нафар "Навниҳолони боғи адабиёт" - ро бо унвони "Риштаборон" мураттаб кард. Аз омодасозии ин китоб маро директори хонаи адибони Тоҷикистон, шоири ҳамдарсам Муҳаммад Юсуф дарак дод. Гуфт: "Устод фармудааст, ки Ҷӯрабек шеърҳояшро биёрад". Банда 5 шеърамро бурда, ба Муҳаммад Юсуф додам. Худам ба назди устод рафтанро ҷуръат надоштам. Дар "Риштаборон" ду шеъри ман бо таҳрири устод ҷо гирифт (Ва ногуфта намонад, ки аз ду шеър 45 сӯми даврони шӯравӣ ҳаққи қалам гирифтам, ки ними маоши ҳамонвақтаам буд).

Аз лутфу меҳрубонии Бозор Собир хотираи дигаре дорам. Боре ба мошини шахсӣ Душанбе назди Муҳаммад Юсуф рафтам. Онҷо бо устод вохӯрдам, ки барои кадом коре ба деҳаи Чавалай мерафтааст. "Ҷӯрабек, маро ба Чавалай гуфтани ҷо мебарӣ?" - гуфт. Ин хоҳиш ба ростӣ маро чунон хурсанд кард, ки аз шодӣ гуфтам: "Устод, ба канори дунё гӯед, шуморо мебарам". "Набошад, аввал ба Чавалай меравем, баъд ба матбааи назди гӯристони Ҳазрати Мавлоно" - хушҳолона ба забон овард устод.

Раҳораҳ дар бораи мақолаи мунаққиди барҷастаи тоҷик, устод Соҳиб Табаров гап кушодам. Муаллим С.Табаров шеърҳои лирикии маҷмӯъаи "Офтобниҳол" - ро зери тозиёни сахт гирифта, ашъори "фаҳш" номида буд. Устод гапи маро об надод, аз танқид ҳич парво ҳам надошт. Ӯ сӯҳбатро дигар сӯ тофт: "Чаро ба шеърнависӣ ҷиддӣ машғул намешавӣ?" - гуфт. "Агар сӣ фоизи истеъдоди шуморо медоштам, ба ин кор ҷиддӣ машғул мешудам ва қатори шоирони номӣ ҷо мегирифтам". Устод баъди фосилае андешманд гуфт: "Дар ин гапат ҳикмат ҳаст".

Хуласи калом, агар Бозор Собир маҳалгаро мебуд, мегуфт, ки навишта биёр, худам туро шоир мекунам. Охир, ҳастанд шоироне, ки бо мадади ҳамшаҳриёнашон соҳибдевон шудаанд.

Хотираи дигар. Дар Файзобод ба шарафи панҷоҳсолагии устод 27 декабри соли 1988 таҳти номи "Шаби шеъри Бозор Собир" маҳфили фарҳангие ороста, аз ин хусус устодро дарак додем. Шоир Муҳаммад Юсуф пешакӣ хабар дод, ки ҳамроҳи Бозор Собир устод Мӯъмин Қаноат ҳам мераванд. Бозор Собир бе устод Мӯъмин Қаноат се соат дер омад. Маҳфили соати чори зимистон эълоншуда, дар Қасри маданияти ноҳия соати ҳафти бегоҳ оғоз шуд. Тасаввур кунед, ки соати ҳафти зимистон чӣ вақт шом мешавад, лекин ҷамъомадагон (беш аз 400 нафар) ҳич пароканда нашуданд. Он шаб устод шеърхонӣ кард, даҳ нафар духтарони атласпӯш аз эҷоди ӯ шеър гуфтанд. Саидқул Билолови ҷавон хеле суруд хонд. Банда ровии ин маҳфил будам ва як шеъри лирикии устодро қироат намудам. Чунин мисраъҳо дошт.

Оғӯши ту буд ҷои мадҳушии ман,

Мадҳуш будам, ки хуш будам аз будам.

Сар то ба қадам зи ғояти мадҳушӣ,

Ман будаму ман набудаму ман будам.

Устод маро "Ошиқи зотӣ" хонда иқрор шуд, ки ин шеърро кайҳо фаромӯш кардааст. Воқеан ин гуна шеърҳои ба қавли устод "сусту фулуст" дар китобҳои минбаъдаи ӯ ҷой нагирифтанд.

Ва дар ҳамон маҳфили "Боргоҳи сухан", ки дар боло ба ёд овардем, устод гуфт, ки ба ғайри шеърҳои "Аз гули хор то симхор" дигарашро ба Ортиқи Қодир мебахшад. Ортиқ ҳам аз "бозёфт"- и муфт хеле хушҳол шуд.

…"Шаби шеъри Бозор Собир" дар Файзобод хуб гузашт. Устод ҳини гусел бо арзи миннатдорӣ даст ба китфам гузошта гуфт: "Ҷӯрабек нағз"

Ҳоло фикр мекунам, агар каси дигар мебуд, сад бор ташаккуру таҳният мегуфт. Устод бошад, бе ягон хушомад, одию нармакаку хушрӯ "Нағз" гуфту монд.

Аз устод хотираҳо зиёд ҳастанд. Вале бо ин иктифо карда дар анҷоми сухан мегӯем, ки нашрияи "Миллат" бо кушодани саҳифаи махсуси "Шоири миллат" аниқан исбот кард, ки Бозор Собир шоири тавоно ва нотакрор аст ва дар садсолаи охир дар Тоҷикистон ҳамсангу ҳамтои Ӯ нест.
2008-12-05 08:42:57
Ҷӯрабеки МӮЪМИН

http://www.millat.tj/?menu=adabiyot&page=420

Добавлено (2008.12.22, 08:06)
---------------------------------------------
БОЗОР СОБИР ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Ба гуфтаи бузургон, ҳар як инсон дар колбади худ бо фикру андешарониҳои худ як ҳокимият, як давлатест ва дар шинохти андеша ва фалсафаи бузургмардони таърих каминаи камтарин чун як тоҷики миллатдӯст ва миллатшинос фикру ақидаи хешро дорам.

Ин андеша зиёда аз 20 сол, аз овони мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ вобаста ба мутолиаи адабиёти тоҷику рус ва адабиёти ҷаҳонӣ дар андешаи банда пайдо гаштааст ва фикр мекунам, ки фарзандони худогоҳи миллат низ ин фикри маро тасдиқ мекунанд.

Хулосаи банда аз он давраи пуршӯри бозсозии горбачёвӣ ҳамин ҳаст, ки агар замини Тоҷикистонро ба мизи чорпоя ташбеҳ диҳем, он гоҳ бешубҳа ва бечуну чаро аз ин чаҳорпоя тахтаи болои ҳамвораш замини пур аз кӯҳ (Тоҷикистон 93 фоизаш кӯҳ ва 7 фоизаш ҳамворӣ ҳаст) ва он ин чаҳор пояаш пеш аз ҳама устодони шеъри тоҷикӣ Мӯъминшоҳи Қаноат, Лоиқи равоншод, Бозор Собиру Гулрухсор ҳастанд.

Онҳо буданд, ки ба маротибаи аввал аз ибтидои солҳои 60-уми асри ХХ бо ашъори соф миллии худ дар васфи Ватан, модар, забони тоҷикӣ, таърихи миллат дар дили хонандаи тоҷик баъди хоби гарони зиёда аз сӣ солаи шахспарастӣ, тарси террору панҷараҳои ГУЛАГ-и Сурх, як шӯру шар, як ҷунбишеро ҷой дода, инқилоби фикриеро бо номи "Ман", ки имрӯз худшиносии миллист, эҳё кардаанд ва бо дилпурӣ метавон гуфт, ки ин чаҳор тан шоири миллии мо, чаҳор тан шаҳсутуни адабу фарҳанги мо дар зарфи қариб ним аср парчами худшиносии миллиро заковатмандона, бузургворона, пеш - пеши оммаи мардум то кунун бурда истодаанд ва боварӣ дорам, ки боз чандин даҳсолаҳо, то он замоне, ки тоҷик ва Тоҷикистон вуҷуд дорад, байрақбардорони худшиносии миллии мо онҳо хоҳанд буд.

Устод Бозор Собир аз нахустин шеърҳои худ ва нахустин маҷмӯаи ашъораш "Пайванд" (1972) ба дили хонандаи тоҷик роҳ ёфт ва оҳиста-оҳиста ашъораш дили хонандагон - ҷавонони тоҷикро, солҳои 70-ум ва 80-уми асри гузашта тасхир намуд.

Хонандаи тоҷик баъдан ҳар як маҷмӯаи хурд, вале дар айни замон як дунё маъно, як ҷаҳони бузурги маънавиро бо қаноатмандӣ қабул ва мутолиа мекард.

Рӯ овардан ба Бухоро ва хонадони Сомониён, бедор кардани эҳсоси шинохти аввалин Шоҳи тоҷикон Амир Исмоил дар адабиёти шӯравии тоҷик як падидаи наве буд, ки бо иборае Тоҷикистонро ларзонид ва ин ашъори саропо моломоли худшиносии миллӣ, ки дар рӯзномаи "Маориф ва маданият" бо пуштибонии сардабири вақти рӯзнома, бонуи воқеан мубориз Бӯринисо Бердиева (рӯҳаш шод бод!) соли 1981 рӯи чопро дида буд, Кумитаи Марказии фирқаи - коммунистии Тоҷикистонро бо роҳбаронаш ба даҳшат ва қаҳру ғазаб афканд.

Бахусус аз таъсири сахти шеъри "Забони модарӣ"-яш, ки солҳои 70-ум рӯи чоп омад, бояд хотиррасон намоем.

Шоир чи хуш гуфтааст:

"Ҳарчӣ ӯ аз моли дунё дошт дод,

Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод.

Суннати волою Девон дошт, дод,

Тахти Сомон дошт дод.

Ё дар ҷои дигар меоварад:

"Дар миёни тангчашмоне, ки

чашми тангашонро,

Ҳеҷ ганҷе пур намекард,

Ҳафт хони Рустамашро

барҳадар густурд.

Ҳафт ганҷи қиммати Афросиёбашро,

Барҳадар рехт,

Ҳафт мулкашро фидо кард!

Барои чунин сатрҳои ҷонсӯз ва ошкорогӯӣ дили шерона бояд дошт ва воқеан устод Бозор Собири миллатдӯст ҳамин гуна шердилу ғаюр ҳаст.

Ёд дорам, замоне, ки шогирди мактаби миёна будем ва соли 1980 ҷашни 1000 солагии Шайхуррраис Абӯалӣ Сино бо сарпарастии Созмони Миллали Муттаҳид дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешуд, дар Тоҷикистон низ ба ин муносибат ҷашни бузурге барпо гашт ва расонаҳои хабарии кишвар шеърҳои зиёди шоирони тоҷикро бахшида ба ин ҷашн чоп намуда буданд, дар ин миён шеъри ба тозагӣ навиштаи устод "Теғи Сино" дар байни шеърҳои чопгашта мавқеи асосӣ дошт ва ду сатри охири он:

"Халқи тоҷик теғи дармонбахши Синоро гирифт,

Теғи дармонбахши Сино рӯи дунёро гирифт."

Чун сархат бо ҳарфҳои калони сиёҳ дар ҳарду саҳифаи рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ чоп гашта буданд ва чун чашми хонанда ба ин сатрҳо меафтод, ӯро беихтиёр як ҳиссиёти аҷиби ифтихори миллӣ, ифтихор аз фарзанди фарзонаи миллат ва ифтихор аз тоҷик будан фаро мегирифт.

Ҳамон давра ба мани шонздаҳсола ин пораи шеър ҳамон гуна таъсири сахт расонида бд, ҳамчунин достони "Гаҳвораи Сино"-и устод Мӯъминшоҳи Қаноат, «Шинохти Сино» шеъри ба Шайхурраис бахшидаи шодравон, устод Лоиқ маро водор ба он сохтанд, ки он сол китобу мақолаҳои зиёдеро бо диққат дар бораи пури Сино хонам, ки китобҳое аз қабили "Пири ҳакимони Машриқзамин", "Сурат ва сирати Сино", "Пирӯзинома" ва ғайраҳо аз ин қабиланд.

Устод Бозор Собир дар шеърҳои лирикии худ ба замми он, ки табиати зебои диёрро хуб тасвир менамояд, ба ҳамин монанд воқеъаҳои таърихӣ, дарду доғи миллати басо ҷафокашидаи худро бо ҷумла, калима ва ибораҳои суфта ва зебо, равон ва шоирона ифода менамояд, ки чунин тасвирҳои пурсӯз беихтиёр шахсро ба риққат оварда, ба фикр намудан маҷбур месозад.

Оё чунин сатрҳои шеъриеро ба мисли:

Халқи тоҷик,

Халқи ормон,

Об дар чашм,

Чун ятимон.

Дар лабаш хаш,

Чун асирон.

Аз Ватан то бар кафан, ҳар буду нобуде, ки дошт

Бар Ватанталбу кафанталбандаҳо бахшиду дод.

- ро метавон бе эҳсосу ҳаяҷон ва бефикр қироат намуд? Фикр мекунам, ки он касе, ки тоҷики "хасакӣ" нест ва барояш дарду доғи ин миллати ҷигарсӯхта ва тӯли садсолаҳо дардкашида бефарқ нест, ҳеҷ гоҳ чунин сатрҳои ҷонсӯзро наметавонад ором ва бе шӯру эҳсоси ботинӣ бихонад.

Шоир тасвири мардони таърихӣ ва кору пайкори онҳоро чун рассоми мониқалам тасвир мекунад.

Масалан, дар шеъри Фирдавсӣ мегӯяд:

Ин ровии қаламраси Сосониёни вақт,

Ин шоири қаламрави Сомониёни вақт.

Дар маркази замин қалами тези хешро,

Чун яккамех, кӯфта лангар намудааст,

Бо лангари забони дарӣРахши шеърро.

Бо чунин услуб ӯ рӯзгор, хидмат ва фоҷиаи устод Айнӣ, Аҳмади Дониш ва дигаронро пурра ва возеҳу равшан баён сохтааст.

Шоири бузурги миллии мо аз ҳодисаҳои таърихии даврони бозсозии Шӯравӣ ва давраи пасошӯравӣ чун як узви ҷомеа ҳеҷ гоҳ дар канор ва бетараф набуда, ҳодисаҳои хунини Тоҷикистон, чун баҳманмоҳи хунуни соли 1990, воқеаҳои ҷанги таҳмилии солҳои 1992-1997 дили поки ӯро ба дард оварда, боиси инъикоси ин мавзӯъҳо дар асарҳои баъдияш гардидаанд.

Дар шеъри "Чашмҳои дурбинҳо кӯр бодо, кӯр!" оид ба воқеаҳои ҷанги таҳмилии тоҷиккуши солҳои 1992-1997 овардааст:

Кокули сабзи наистоне ба чанги мавҷи Омӯ,

Ҳамчу аз гесӯи занҳои "шиновар" мекашад ӯ.

Як наистон нолаам ман, як наистон печу тоб,

Як ҷигар дарёи хунам, як ҷигар дарёи об.

Дар ин сатрҳо, бо пуррагӣ даҳшати ҷанги ба ном шаҳрвандӣ, вале дар асл генотсиди халқи тоҷик бо пуррагӣ тасвири худро ёфтааст.

Бархе аз ашъори шоир чун шеъри миллӣ, ба гимни мардумӣ ва суруди миллии халқи тоҷик табдил ёфтаанд.

Чунончи, ба ин шеъри бисёр маъруфи "Исмоили Сомонӣ - девори Бухоро буд", мисол шуда метавонад, ки тариқи садо ва симо қариб ҳаррӯз такрор гашта, ба дӯстдоштатарин, маҳбубтарин шеъри ҳар як хонадони тоҷик табдил ёфтааст.

Аз хуни Сиёвушем, ҳамхуни Сиёвушем,

Аз ҷомасафедонем, ҳар ҷома намепӯшем,

Ҳамсоли "Авасто"-ем, ҳам оташи Зардуштем,

Мо оташи Зардуштӣ, нокушта намекуштем.

* * *

Исмоили Сомонӣ, девори Бухоро буд,

Мо ҳамватани ӯем, ӯ ҳамватани мо буд,

Мо ҳам кӯҳи хороем, девориБухороем,

Девори Бухороем, мо ҳам кӯҳихороем.

Оре, чунин ашъори бузург, чунин ашъори пуртаъсир метавонад сарҷамъкунандаи миллат бошад ва ҳаққо, ки чунин низ ҳаст.

Ҳақ ба ҷониби пешвои миллиамон Президент Эмомалӣ Раҳмон аст, ки пайваста ва доиман оид ба баланд бардоштани рӯҳияи худшиносии миллати тоҷик дар ин давраи ҷаҳонишавии тамаддунҳо ва вазъи на он қадар хуби сиёсии ҷаҳон ҳарф мезананд.

Оре, дар ин давраи нозуки таърихӣ агар мехоҳем, ки чун миллат боқӣ монем ва пешрав шавем, бояд худшиносии миллиамонро ба ҳадди комил боло бардорем, маҳз наҷоти миллатро ман дар худшиносии миллии комил мебинам.

Дар ин асос адабиёт, таърих ва фарҳанги мо нақши аввалия ва ҳалкунанда дорад ва фикр мекунам, ки ашъори бузурги ватандӯстонаи устод Бозор Собир чун як мактаби бузурги худшиносии миллӣ барои баланд бардоштани эҳсоси худшиносии миллати мо, алалхусус боло бурдани сатҳи маърифату фарҳанги ҷавонону наврасон хизмати бузургеро анҷом дода метавонад.

Мавзӯи ашъори пасошӯравии устод ва алалхусус шеърҳои дар он сӯи ӯқёнус эҷоднамудаи ӯ, ки ҳам аз лиҳози вазн ва ҳам мазмун дар бисёр ҳолатҳо ба чаҳорчӯбаи назми форсӣ намеғунҷанд, аз лиҳози маънӣ ва мақсуд дар сатҳи хеле паст нисбати навиштаҳои даврони ҷавониаш қарор дошта, аз ҳазёне беш нестанд. Фикр мекунам он ҳама дар оянда таҳқиқоти адабӣ ва равонии худро интизор буда, сабабҳои пайдо шудани чунин ашъор омӯхта шуда баҳои худро дар доираи адабиёти навини тоҷик хоҳад гирифт. Ба ҳар ҳол ин навиштаҳои "амрикоӣ" ва аёми пиронасарии ӯ қадру манзалати устодро дар адабиёти худогоҳии тоҷик заррае кам нахоҳад кард ва ӯ чун шоири бузург барои ин миллат аллакай хидмати хешро ба анҷом расонидааст. Вазоратҳои маориф, фарҳанг, иттифоқи нависандагон барои тарғиби ашъори чунин шоирони бузурги миллӣ ва тарзи дурусти таълими эҷодиёти онҳо дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, коллеҷу омӯзишгоҳҳо, макотиби олӣ бояд чораҳои аввалиндараҷаро андешанд, зеро замон, пешрафти ҷомеа ва вазъи имрӯзаи ҷаҳон ҳаминро тақозо менамояд. Миллату ақвоми дунёро маҳз бо шуарои бузургу донишмандони саршиносаш мешиносанд ва ба ҳамин маънӣ Аллома Иқболи Лоҳурӣ дуруст фармудаанд, ки:

Шоир андар синаи миллат чу дил,

Миллати бешоире анбори гил.

Варқаи ЗАЙНИДДИН,
ҳуқуқшинос

Добавлено (2013.04.11, 19:53)
---------------------------------------------
Гўянд, ки шеър мояи дарду ғам аст,
Шоир нашавад касе, ки ӯ беалам аст.
Ҳар қатраи вожае, ки дар дафтари мост,
Чун хуни чакида аз димоғи қалам аст.


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.

Сообщение отредактировал Bonu - Воскресенье, 2008.12.14, 10:58
 
  • Страница 1 из 1
  • 1
Поиск:

Приветствую Вас Гость


Кнопка сайта



Друзья сайта
Статистика
Powered by Султанов Баходур Анварович © 2025