Душанбе

Шайх Саъди - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, ДушанбеШайх Саъди - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе 2012 - Душанбе мой любимый город! Таджикистан, Таджик
Меню сайта
Сделать стартовой

[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
  • Страница 1 из 1
  • 1
Шайх Саъди
ГостьДата: Пятница, 2010.04.09, 14:10 | Сообщение # 1
Группа: Гости





Гар хаст туро хавои марди бар сар,
Магзор аёли хеш аз хона ба дар.
Шохе ки зи девор бурун ораду сар,
Аз меваи у тамаъ кунад рохгузар.
 
imomov_rДата: Пятница, 2013.02.22, 12:18 | Сообщение # 2
Лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 87
Награды: 3
Репутация: 3
Статус:
Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офаринищ зи як гавхаранд,
Чу узве ба дард оварад рузгор,
Дигар узвхоро намонад карор,
 
webmastДата: Четверг, 2013.03.14, 00:04 | Сообщение # 3
Сержант
Группа: Почетные
Сообщений: 54
Награды: 4
Репутация: 2
Статус:
Муcлиҳиддин Абӯмуҳаммад Абдуллоҳ ибни Мушрифиддин ибни Муслиҳиддин Саьдии Шерозӣ соли 1184 дар маркази Форс – шаҳри Шероз ба дунё омадааст. Аз рӯи гуфтаи худи Саъдии Шерозӣ хонаводаи ӯ ба табақаи зиёиён тааллуқ дошта, падару бобоёнаш аз арбобон ва донишмандони дин будаанд:

Ҳама кабилаи ман олимони дин буданд,
Маро муаллими ишқи ту шоирӣ омӯхт.

Таҳсили ибтидоии Саъдӣ дар зодгоҳаш гузаштааст. Дар пешравии маънавии ӯ ҳиссаи падараш хеле бузург буд. Баъдҳо суханвари бузург борҳо ба хотир меорад, ки чӣ навъ падараш ӯро ба омӯхтани илм, андӯхтани дониш ва ҳурмати муаллиму устод ташвиқ мекард. Ӯ он лаҳзаҳоро ба хотир оварла, бо камоли фахр мегӯяд:

Ман он raҳ сари тоҷвар доштам,
Ки cap дар канори падар доштам.
Агар дар вуҷудам нишастӣ магас,
Парешон шудӣ хотири чанд кас.

Мутаассифона, айёми кӯдакии бофароғати Муслиҳиддин дер давом намекунад. Тақрибан дар 12-13 солагии ӯ падараш аз олам мегузарад. Чашидани заҳри ятимӣ тамоми умр ӯро дар хотир мемонад. Ҳатто соли 1257 шоир ба ин мусибати айёми бачагии худ ишорат намуда, навишта буд:

Маро бошад аз дарди тифлон хабар.
Ки дар хурдӣ аз cap бирафтам падар.

Марги падар зиндагии хонаводаро дигаргун сохт, Бародари Муслиҳиддин хонданро партофта, ба дӯкондоре шогирд истод, то маоши оиларо таъмин намояд. Муслиҳиддин баръакс ба хондан бешгар меҳр монда. баъди дар тахсил аз тамоми имкониятҳои Шероз истифода бурдан барои хонданро давом додан дар охирҳои асри XII роҳи Бағдодро пеш гирифт. Вай ба мадрасаи калонтарини Бағдод Низомия, ки аз тарафи Низомулмулки Тӯсӣ (1017-1092), вазири Салчуқиҳо сохта шуда буд, дохил шуда, таҳсили худро давом дод. Мадрасаи Низомия аз мадрасаҳои дигари Бағдод бо он фарқ мекард, ки машҳуртарин олимони замон дар он дарс мегуфтанд. Адабиёт дар доираи мударрисон ва донишҷӯёни он мақоми азим дошт. Дар китобхонан Мадраса беш аз 200 000 ҷилд китобҳои қаламӣ нигоҳ дошта мешуд. Дар саҳни Мадраса мулоқотҳо, ваъзгӯиҳо ва баҳсҳои аҷоиб барпо мегардиданд.
Саъдӣ дар нн муҳит тарбия меёфт ва чун донишҷӯи пешқадам маош (идpop) мегирифт. Ҳангоми таҳсил дар Мадраса Саъдӣ ба тасаввуф ва ирфон майл намуда, таълимоти Абдулқодири Ҷелонӣ (ваф. 1127)-ро пазируфт. Ниҳоят дар солҳои 1215-1216 Саъдӣ аз Бағдод ба саёҳат баромад. Вай аввал роҳи шаҳрҳои муқаддаси мусулмонӣ Маккаю Мадинаро пещ гирифт. Дар ибтидо Саъдӣ фақат нияти ҳаҷ дошт. Вале дар тули роҳ ӯ бо мардумони гуногун вохӯрда, дар бисёр маҳфилҳо маҷлисҳои ваъз орост, осори харобию зулмро дида, бо насиҳатҳои ҳакимонаи худ мехост, ки ба дарди мардум марҳам шавад. Бинобар ҳамин сафари ӯ бо ҳаҷгузорӣ ба охир нарасид. Шоир саёҳаташро қариб чиҳил сол давом дода, пиёда ва ҳамроҳи корвониён Ҳиҷозу Шом, Мисру Фаластин, вилоятҳои Мағрибу Озарбойҷон, Арманистон, Осиёи Хурду Эрон, Мовароуннаҳру Хуросон, Қошғару Хиндустон, Ҳабашистону Африкои Ҷанубӣ ва ғайраро давр зад. Хангоми ин сафарҳо Саъдӣ аз халиҷи Форс, баҳрҳои Уммону Миёназамин, Сурху Ҳинд ва ғайра низ убур кард. Баъди истилои муғул бисёрии нн кишварҳо холати ҳузноваре доштанд. Вале Саъдӣ ҳангоми истиқоматаш дар шаҳрҳои Балху Бомиён, Исфаҳону Рай, Табрезу Байлақон, Басраю Кӯфа, Днмишқу Байтулмуқаддас, Диёрибакру Баълабак, Қохираю Ҳалаб, Тароблису Қуния, Қошгар ва ғайра бештар ба гуфтани ваъз машғул мешуд. Дар ин ҷаҳонгардӣ Саъдӣ аз халқҳои гуногун меомӯхт, таҷриба меандӯхт ва донишу таҷрибаи хосилкардаи худро ба онҳо меомӯзонд.
Дар суханрониҳои Саъдӣ тарғиби донишу ҳунар, ташвиқи омӯхтани илм талқини одамгарӣ, ситоиши сулҳу сафо ва осоиш мақоми асосӣ дошт. Вай зулм, тааддӣ, ҷаҳолат, хиёнату ҷиноят ва ҷангро маҳкум мекард. Ин замони қатлу ғорат ва талаю тороҷи муғул буд, ки қариб баьди 40 соли cap шуданаш сояи шуми он ба Бағдод низ расида, соли 1258 шаҳрро ба харобазор табдил дод. Саъдӣ натанҳо бо нафрат истилои муғулро маҳкум мекард, балки ниҳоди нопоки хиёнаткорони маҳаллиро низ, ки бо истилогарон зуд забон як мекарданд, фош намуда, халқро хабар медод, ки аз ин турфа мардум бархазар бошанд:

Бишӯй, эй хирадманд, аз он дӯст даст.
Ки бо душманонат бувад ҳамнишаст.

 Дар давоми сафари чиҳилсолаи худ Саъди борҳо   давоми матн


www.TojAdabiyot.com - Сомонаи Адабиёти Тоҷик
www.DonishOmuz.com - Форуми Фанҳои Омӯзишӣ
 
BonuДата: Пятница, 2013.03.22, 14:09 | Сообщение # 4
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
ПАНДИ ГУХАРБОРИ САЪДИ
Забони баста беҳтар, ки гӯё ба шар.
Сухан дар миёни душманон чунон гӯй, ки гар дӯст гарданд шармзада нашавӣ.
Сими бахил аз хок вақте бар ояд, ки вай дар хок равад.
Сабр талх аст, валекин меваи ширин дорад.
Сад чандон ки доноро аз нодон нафрат аст, нодонро аз доно ваҳшат аст.
Олими беамал ба чӣ монад? Ба занбури беасал.
Олими беамал дарахти бебар аст ва зоҳиди беилм хонаи бедар.
Қадри офият касе донад, ки ба мусибате гирифтор ояд.
Мол аз баҳри осоиши умр аст, на умр аз баҳри гирд кардани мол.
Муҳол аст, ки ҳунармандон бимиранд ва беҳунарон ҷои эшон бигиранд.
Мушк он аст, ки худ бибӯяд, на он ки аттор бигӯяд.
Нодонро беҳ аз хомӯшӣ нест.
Нокас ба тарбият нашавад эй ҳаким кас.
Ҳар кӣ бо бадон бишинад, некӣ набинад.
Ҳар кӣ бо бадон нишинад, агар табиати эшон дар ӯ асар накунад, ба тариқати бадон муттаҳам гардад.
Ҳар кӣ хиёнат варзад, дасташ аз ҳисоб биларзад.
Ҳар киро зар дар тарозуст, зӯр дар бозуст.
Ҳар киро сабр нест, ҳикмат нест.
Ҳунарманд ҳар ҷо, ки равад қадр бинад ва дар садр нишинад.
Мутакаллимро то касе айб нагирад, суханаш салоҳ напазирад.


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
SumayaДата: Четверг, 2013.03.28, 15:05 | Сообщение # 5
Майор
Группа: Почетные
Сообщений: 108
Награды: 4
Репутация: 4
Статус:
Салом

Добавлено (2013.03.28, 15:05)
---------------------------------------------
Тадбири савоб аз дили хуш бояд ҷуст,
Сармояи офият кифоф аст нахуст,
Шамшери қавӣ наёяд аз бозуи суст,
Яъне зи дили шикаста тадбири дуруст.


Аз Аллох бубин, хар он чи меояд ба сар...
 
gulijonДата: Четверг, 2013.03.28, 15:11 | Сообщение # 6
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Ба дарёи ғамат ғарқам, гурезон аз ҳама халқам, 
Гурезад душман аз душман, ки тират дар камон бошад.
Халоиқ дар ту ҳайронанду ҷойи ҳайратаст, алҳақ, 
Ки маҳро бар замин бинанду маҳ бар осмон бошад.


Худованд собиронро дуст дорад
 
BonuДата: Четверг, 2013.04.18, 11:36 | Сообщение # 7
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Саричонон надорад, хар ки ўро хавфи чон бошад,
Ба чон гар сўхбати чонон барояд, ройгон бошад.
Мугелон чист, то хоч,и инон аз Каъба барпечад?
Хасак дар рохи муштокон бисоти парниён бошад.
Надорад бо ту бозоре, магар шўридаасроре,
Ки мехраш дар миёни чону мўхраш бар дахон бошад.
Парирўё, чаро пинхон шави аз мардуми чашмам?
Париро хосият он аст, к-аз мардум нихон бошад.
Нахохам рафтан аз дунё, магар дар пойи деворат,
Ки то дар вакти чон додан сарам бар остон бошад.
Гар аз рои ту баргардам, бахилу ночавонмардам,
Равон аз ман таманно кун, ки фармонат равон бошад.
Ба дарёи гамат гаркам, гурезон аз хама халкам,
Гурезад душман аз душман, ки тират дар камон бошад.
Халоик дар ту хайронанду ч,ойи хайрат аст, алхак,
Ки махро бар замин бинанду мах бар осмон бошад.
Миёнатрову мўятро агар сад рах бипаймойи,
Миёнат камтар аз мўйеву мўят то миён бошад.
Ба шамшер аз ту натвонам, ки рўйи дил бигардонам,
В-агар милам каши дар чашм майлам хамчунон бошад.
Чу Фарход аз чахон берун ба талхи меравад Саъди,
Валекин шўри Ширинаш бимонад, то ч,ах,он бошад.

Добавлено (2013.04.18, 11:36)
---------------------------------------------
Чу инсонро набошад фазлу эҳсон,
Чӣ фарқ аз одамӣ то нақши девор?!…
Ба даст овардани дунё ҳунар нест.
Якеро гар тавонӣ, дил ба даст ор!


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
gulijonДата: Пятница, 2013.04.19, 15:54 | Сообщение # 8
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Бигуфтем дар боби эҳсон басе,
Валекин на шарт аст бо ҳар касе.
Бихӯр мардумозорро хуну мол,
Ки аз мурғи бад канда беҳ парру бол.
Барандоз бехе, ки хор оварад,
Дарахте бипарвар, ки бор оварад.


Худованд собиронро дуст дорад

Сообщение отредактировал gulijon - Пятница, 2013.04.19, 16:03
 
BonuДата: Суббота, 2013.04.27, 15:11 | Сообщение # 9
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Чилсолу панҷоҳсол, ба хӯpдан ақл наомӯхт,
Хӯpдан аз баҳpи зистану зикp гуфтан аст.
(Саъдии Шеpозӣ)


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
imomov_rДата: Четверг, 2013.06.06, 12:51 | Сообщение # 10
Лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 87
Награды: 3
Репутация: 3
Статус:
Қиёмат мекунӣ, Саъдӣ, бад-ин ширин сухан гуфтан,
Мусаллам нест тўтиро дар айёмат шакархоӣ.
 
BonuДата: Четверг, 2013.06.06, 12:53 | Сообщение # 11
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Касе ки аз гаму темори ман наяндешад,
Чаро ман аз гаму темори вай шавам бемор.(.Саъди)


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
SumayaДата: Среда, 2013.06.12, 09:08 | Сообщение # 12
Майор
Группа: Почетные
Сообщений: 108
Награды: 4
Репутация: 4
Статус:
Гили хушбӯй дар ҳаммом рӯзе, 

Расид аз дасти маҳбубе ба дастам. 

Ба ӯ гуфтам мушкӣ ё абирӣ, 

Ки аз бӯи диловези ту мастам. 

Бигуфто ман гили ночиз будам, 

Валекин муддате бо гул нишастам.


Аз Аллох бубин, хар он чи меояд ба сар...
 
imomov_rДата: Четверг, 2013.07.04, 11:59 | Сообщение # 13
Лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 87
Награды: 3
Репутация: 3
Статус:
Дӯст машмор, он ки дар неъмат занад,
Лофи ёрию бародархондагӣ.
Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст
Дар парешонҳолию дармондагӣ.
 
  • Страница 1 из 1
  • 1
Поиск:

Приветствую Вас Гость


Кнопка сайта



Друзья сайта
Статистика
Powered by Султанов Баходур Анварович © 2025