Душанбе

ЁДЕ АЗ МУҲАММАД ИҚБОЛ. - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, ДушанбеЁДЕ АЗ МУҲАММАД ИҚБОЛ. - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе 2012 - Душанбе мой любимый город! Таджикистан, Таджик
Меню сайта
Сделать стартовой

[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
  • Страница 1 из 1
  • 1
ЁДЕ АЗ МУҲАММАД ИҚБОЛ.
BonuДата: Вторник, 2013.02.05, 21:17 | Сообщение # 1
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Имшаб бидуни хеч муносибате ба ёди аллома Иқбол он ситораи дурахшони осмони тафаккур ва ҳикмат афтодам. Албатта шарт нест, ки ҳатман ба муносибат ва баҳонае аз бузургони худ ёд кунем. Онон ба мо ниёз надоранд, вале мо ба андешаҳои онҳо ниёзмандем. Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ аз поягузорони тафаккури ҷадиди исломӣ буд ва дар бедории зеҳнии мусалмонон хадамоти беназир анҷом додааст. Бисёре аз рӯшанфикрони мусалмон вақте ба Урупо рафтанд, маҷзуби ҷилваҳои фиребои дунёи пурнақшу нигори Ғарб шуданд ва аз як муҳаққиқ ба як муқаллид табдил шуданд.

Магар Иқбол, ки дар Урупо таҳсил кард, аммо бо ҷаҳонбинӣ ва шинохти бунёдӣ ва асиле, ки аз ҷаҳон дошт ва бо такя ба фитрати солим ва худогоҳии динии хеш ва муқоисаи Шарқи мусалмон бо Ғарби динситез ҳақоиқ ва дақоиқеро кашф кард, ки мояи баракат ва бедории мусалмонони худбохта хоҳад шуд.

Иқбол бо ақли солим ва рӯҳи бедори худ билофосила мутаваҷҷеҳ шуд, ки иллати шукуфоӣ ва пешрафти қораи Урупо аз чароғи илму дониш аст. Аммо бархе аз рӯшанфикрони охурбини мусалмон чунин бардошт карданд, ки иллати пешрафти ҷомеаҳои урупоӣ бархоста аз суннатшиканӣ, динситезӣ ва лоқайдии онон ба умури муқаддас аст ва ҷилваҳои хиракунанда ва паёмадҳои фалсафаи инсонмеҳварӣ ва динситезии урупоиҳоро ба унвони илм ба кишварҳои худ ба армуғон оварданд.

Аммо Муҳаммад Иқбол бо шинохти воқеии бунёнҳои ҷо¬меаи ғарбӣ ба хубӣ дарёфт, ки урупоиҳои зирак ва дунёталаб тамоми осор ва ҳикматҳои созандаи шарқу Ғарбро гирдоварӣ, таҳлил ва таҳқиқ намуда, барои рушду шукуфоии ҷомеаҳои худ ба кор гирифтаанд.

Иқбол дар манзумаи "Асрори худӣ" ба ҳамин нукта таваҷҷуҳи хос намудааст. Вай бо ишора ба "Суперман"-и Нитше мегӯяд, тамоми вижагиҳои ин "Суперман" айни хусусиёти "Инсони комил" аст, ки дар ирфони исломӣ матраҳ шудааст. Танҳо тафовути ин ду ин аст, ки "Суперман"-и Нитше як абармарди бехудо аст ва "Инсони комил" халифаи Худо дар замин.

Муҳаммад Иқбол бо шинохте, ки аз таърихи мусалмонони са¬д¬ри ислом дошт ва ҳамчунин бо ҷаҳонбиние, ки аз Қуръони карим ва аҳодиси Паёмбари аъзам дар зеҳнаш шакл гирифта буд, бовараш намеомад, ки уммате, ки ҳазрати Муҳаммад(с) паёмбари ӯст ва Қуръони карим китоби роҳнамояш ин қадар хору залилу заъифу нодон ба бор биояд.

Мусалмон фоқамасту жандапӯш аст,

Зи кораш Ҷабраил андар хурӯш аст.

Биё тарҳи дигар миллат бирезем,

Ки ин миллат ҷаҳонро бори душ аст.

Дар воқеъ ин на он миллатест, ки Муҳаммад паёмбар ва Қуръон ҳидоятгараш аст. Дар қалби ин уммат аз он шукуҳу ҷалол танҳо як иддао боқӣ мондаасту халос!

Банди ғайруллоҳ андар пои туст,

Доғам аз доғе, ки дар симои туст.

Иқбол тақлидро офати ҷоме¬аи исломӣ медонист. Мусалмонон имрӯз ибтикор ва халлоқиятро аз даст додаанд ва муҳимтар аз ҳама ҳувияти хешро низ аз даст додаанд. Ин аст, ки пайравони ин дини васат ё худ муътадил акнун сар аз гиребони "Ифрот" ё "Тафрит" берун меоранд. Ба назари Иқбол яке аз авомили инхитот ва аз худбохтагии муслимин дар қарнҳои ахир ҳамин падидаи тақлид аст. Тақлид маншаи беҳувиятии инсон аст. Албатта тақлид ба маънои пайравӣ ва ба коргирии суннатҳои хуб ва писандида кори баде нест, аммо баҳси мо перомуни он навъ тақлидест, ки бар асари аз худбохтагӣ мунҷар ба беҳувиятӣ мешавад. Аллома Иқбол дар ин замина аҷаб неку мефармояд:

Қуввати Мағриб на аз чангу рӯбоб,

Не зи рақси духтарони бе ҳиҷоб.

Не зи сеҳри соҳирони лоларӯст,

Не зи урёнсоқу не аз қатъи мӯст.

Маҳкамии ӯ на аз лодинӣ аст,

Не фурӯғаш аз хати лотинӣ аст.

Қуввати Мағриб аз илму фан аст,

В - аз ҳамин оташ чароғаш рӯшан аст.

Ҳикмат аз қатъу буриди ҷома нест,

Монеи илму ҳунар аммома нест.

Илму фанро эй ҷавони шуху шанг,

Мағз мебояд на малбуси Фаранг.

Иқбол дар воқеъ рӯҳи Мавлоно дар асри хеш буд. Ӯ андешаҳои ҷонбахши ҳазрати Мавлоно дар бахши Худшиносӣ ва Худошиносиро ба умури иҷтимоии мусалмонон низ таъмим дод то аз ин тариқ пайкари нимаҷон ва рӯҳи фасурдаи уммати исломиро дубора зинда кунад.

Шиквасанҷи сахтии ойин машав,

Аз ҳудуди Мустафо берун марав.

Ҳар ки бар худ нест фармонаш равон,

Мешавад фармонпазири дигарон.

Ноиби ҳақ дар ҷаҳон будан хуш аст,

Бар аносир ҳукмрон будан хуш аст.

Ноиби ҳақ ҳамчу ҷони олам аст,

Ҳастии ӯ зилли исми аъзам аст.

Муҳаммад Иқбол аз зумраи ҳакимоне аст, ки бо дироят ва вусъати диди хеш ба макотиби гуногуни Ғарб баҳои сазовор додааст. Аз ҷумла ӯ дар бораи марксизм ва равиши Маркс фармудааст:

Дини он пайғамбари ҳақношинос,

Бар масовоти шикам дорад асос.

Иқбол ҳамчунин аз нахустин мутафаккирони мусалмон аст, ки ба таъсиси ҳукумати Шӯравӣ вокуниш нишон дода ва назарияҳои доҳии он - Ленинро нақд мекунад ва суоли кӯбандаеро матраҳ менамояд.

Кардаам андар мақомотат нигоҳ,

Ло салотин ло калисо ло илоҳ.

Эй ки мехоҳӣ низоми оламе,

Ёфтаи ӯро асоси маҳкаме?

Зиман аллома Иқбол шикасти шармандавор ва бе чуну чарои мактабҳои бепоя ва қудратҳои дурӯғинро ба таври фавқулода пешгӯӣ кардааст.

Зиндагӣ ҷӯи равон асту равон хоҳад буд,

Ин майи куҳна ҷавон асту ҷавон хоҳад буд.

Он чи будасту набояд зи миён хоҳад рафт,

Он чи будасту набудаст ҳамон хоҳад буд!

Албатта ман қасди навиштани матлаби мунсаҷиме дар бораи андешаҳои ҳазрати Иқбол надоштам, ҳамин тавр ба шакли маъмулӣ аз он бузургвор ёд кардем ва ин чанд андешаи ноқобилро нисори рӯҳи он бузургвор кардем.

Дар поён ин нуктаро мехоҳам тазаккур диҳам, ки агар аз ҳазрати Иқбол чизе дар зеҳнатон нест, ҳади ақал ҳар мусалмоне бояд ин байти он ҳакими доноро бояд бидонад:

Гар ту мехоҳӣ мусалмон зистан,

Нест мумкин ҷуз ба Қуръон зистан.

Рӯҳаш шод ва хонаи охираташ обод бод!

Миср. Шаҳри Қоҳира. Ноябри соли 2001. Шуморе аз донишмандони адабдӯсти мисрӣ дар як маҷлиси содае гирдиҳам омада буданду аз Иқбол ёд мекарданд ва ҳар кадоме бо тамоми нируи зарфияти дониши хеш осори ӯро баҳои баланд медоду ба ҳадде васф мекард, ки пеш аз он дар ҳеч ҷойе нахондаву нашунида будам. Яке мегуфт, ки дар донишгоҳу пажӯҳишгоҳҳои Миср дар бораи Иқболу осори ӯ онгуна таҳқиқоту пажӯҳишҳои зиёде ба анҷом расидааст, ки ночор ҳар пажӯҳишгареро ба иқболшиносӣ мебарад.

Дигар мегуфт, ки маҳз муҳаббат ба андешаи Иқбол маро форсидон кард. Яке дигар Иқболро шоири озодагони ҷаҳон мегуфту мутолиаи осори ӯро барои ҳар инсони озода воҷиб медонист.

Он лаҳзаҳо бароям басо хотирмонанд. Зеро ҳамон маҳфили ёдбуди Иқбол маро дубора ба ҷустуҷӯ дар осори он озодмард бурду барои ҳамеша Иқболро роҳнамои хеш дар асри ҳозир ёфтам. Пас аз он нишасти муборак яке аз ҳамдарсонамро, ки аз Покистон буд, фармудам, ки ҳатман бароям "Куллиёт"-и форсии Иқболро пайдо кунад. Он дӯстам, ки Амҷад Азиз ном дошт, мегуфт, ки Покистони мо барои он бузург аст, ки Иқбол дорад.

Агар аз ҳикмату волоияти андешаи Иқбол чандон, ки бигӯем, ҳамагӣ "қатрае аз баҳр" аст. Зеро осору ашъори ӯ саршор аз панду ҳикмату фалсафаву андешаҳоест, ки инсони ғофилро рӯҳи тоза мебахшанду хуфтагони деринаи шаҳри афсӯсро барошуфта, раҳнамуни роҳи росташон мешаванд. Ҷустуҷӯ дар андешаи Иқбол роҳи вусул ба ростист, чаро ки ӯ худ ҳақиқатро ҷуставу ростиро гуфтааст. Дуруст аст, ки ҷаҳон шахсе ҳамчун Иқболро камтар дидааст, ки бо илму ҳикмати худ ҷаҳонро зери таъсир қарор бидиҳад. Иқбол аз ҷумлаи он суханваронест, ки танҳо ба фикри файласуфона иктифо накард, балки ба ҷаҳон як низоми фикрӣ ироа кард. Ин гуфтаҳоро бешакку шубҳа ҳар касе, ки бо осори Иқбол заррае ошност, таъйид хоҳад кард.

Иқбол шефтаи забону адабиёти форсӣ буд ва форсиро барои баёни орову андешааш баргузид. Ӯ батадриҷ аз як шоири ватанӣ ба шоире исломӣ-ҷаҳонӣ таҳаввул ёфт. Бархе муътақиданд, ки Иқбол аз нахустин мунодиёни ваҳдати исломӣ дар қарни бистум будааст.

Иқбол шеър мегуфту дури маънӣ месуфт. Ӯ ҳамеша дар роҳи талошу ҷиҳод буд. Шеър гуфтанро, ки мақсуд аз он одамгарӣ бошад, идомаи паёмбарӣ медонист. Дар шоири ростраву ростгӯ расонандаи рисолати ҳақро медид. Бо ин роҳ мехост рисолати хешро дар ин дунёи дун анҷом диҳад:

Шеърро мақсуд агар одамгарист,

Шоире ҳам вориси пайғамбарест.

Иқбол, ки дар Ҳинд зиндагӣ дошт, бо зиндагии ҳамкешони хеш - мусулмонони ранҷдидаву ситамкашида аз наздик ошно буд ва ранҷу ситамкашии ҳамдинонаш ӯро бетараф намегузошт. Паёмбарон, ки рисолати аслии онҳо ислоҳи ҷомеаи башарӣ буд, меомаданд то вазифаву масъулияти хешро адо кунанд. Иқбол мехост мусулмонони Ҳиндро аз ҳақиқат огоҳ кунад ва онҳо бо арзиши ҷавҳари инсонии хеш ошно шаванд. Ӯ медонист, ки танҳо огоҳиву худогоҳӣ ҳаст, ки миллати ӯро дар баробари бегонагони истеъморгар тавоно месозад. Шеъри Иқбол, ки умдатан бедоргар аст, мусулмонони Ҳиндро, ки солҳо боз истеъморгарон онро ба банд кашида буданд, бапо хезонда, ҳушдор медиҳад, ки ба дигаргун кардани вазъи асафбори хеш бипардозанд. Иқбол, ки парвардаи муҳити рӯҳонии хонаводаи хеш буд ва аз Қуръон ҳама чизро омӯхта буд, албатта аз ояти 11-и сураи Раъд беилҳом намондааст: "Худованд ҳолу аҳволи ҳеч қавмеро дигаргун намекунад, магар ин, ки худашон дигаргун кунанд".

Иқбол мусулмонони Ҳиндро бечора мегӯяд, вале бо ин дар вуҷуди онҳо шӯру шавқи озодагиро бедор мекунад. Ӯ бо лаҳни диловезе мегӯяд:

Шаби ҳиндӣ ғуломонро саҳар нест,

Ба ин хок офтоберо гузар нест.

Ба мо кун гӯшаи чашме, ки дар Шарқ,

Мусулмоне зи мо бечоратар нест.

(Армуғони Ҳиҷоз)

Иқбол ошкоро ба интиқоди муллоҳои даврони хеш, ки ба масоили умдаи мусулмонон бетафовутанду хомӯшу ҳатто ба фасод рӯй овардаанд ва барои мактаб, ки маншаи бедории фикрии насли ҷадид аст, таҳаввулеро қоил нестанд, мепардозад. Ӯ кофиронро мебинад, ки фаъол ҳастанд ва кори на танҳо мусулмонони омӣ, балки мулло - парваришгари онҳо дар иштибоҳ аст:

Мактабу муллову асрори китоб,

Кӯри модарзоду нури офтоб.

Дини кофир фикру тадбири ҷиҳод,

Дини мулло: фӣ сабилиллоҳи фасод.

(Ҷовиднома)

"Фӣ сабилиллоҳи фасод" - яъне фасод дар роҳи Худо. Шоирро ин чиз ба ҳайрат меорад, ки мулло ба ҷойи ҷиҳод дар роҳи фасод аст. Ӯ ба муллову сӯфӣ паём мефиристад ва онҳоро аз ҳайрон шудани Худову Ҷабраилу Мустафо дар ростои таъвили эшон хабар медиҳад:

Зи ман бар сӯфиву мулло саломе,

Ки пайғоми Худо гуфтанд моро.

Вале таъвилашон дар ҳайрат андохт,

Худову Ҷабраилу Мустафоро.

ИҚБОЛ ВА АНДЕШАИ ХУДӢ

Тарош аз тешаи худ ҷодаи хеш,

Ба роҳи дигарон рафтан азоб аст.

Агар аз дасти ту кори нодир ояд,

Гуноҳе ҳам агар бошад, савоб аст.

Ин гуфтаи Иқболи рӯшанфикр аст, ки инсонро ба ғавру андеша вомедораду мегӯяд, ки ҷодаи хешро бо тешаи худ бисоз. Дар талошу кӯшиш бош, кори нодир анҷом бидеҳ. Яъне инсон бояд худ ҷодаи хешро бисозаду дар он роҳ биравад.

Чунонки гуфтем, осори Иқбол саршор аз ҳикмату андешаи волои инсонист. Дар ин навишта аз "худӣ" дар нигоҳи Иқбол гуфтанӣ ҳастем, ки он ҳам аз баракоти нимқатрае аз баҳри гавҳарбори ашъори он бузургвор ҳаст.

Иқбол мутафаккиру шоири навандеш буд. Ӯ мехост ба мардум бигӯяд, ки инсон худгар, худшикан, худнигар аст ва ба шунавандаву хонандаи ашъораш ҳамин қазияро ҳам расонд. Иқболи мутафаккир дар қолаби шеъри форсӣ месарояд:

Наъра зад ишқ, ки хунинҷигаре пайдо шуд,

Ҳусн ларзид, ки соҳибназаре пайдо шуд.

Фитрат ошуфт, ки аз хоки ҷаҳони маҷбур,

Худгаре, худшикане, худнигаре пайдо шуд.

Хабаре рафт зи гардун ба шабистони азал,

Ҳазар! Ай пардагиён, пардадаре пайдо шуд.

Пажӯҳишгари иронӣ Муҳаммад Ҷовид Саббоғиён дар мақолааш бо номи "Худӣ ва таолӣ дар нигоҳи Иқбол" дар бораи ин ғазал навиштааст: "Агар дар ин ғазал, ки яке аз турфатарин ҳуллаҳои танида аз дили бофта, аз ҷони сохта, аз имони инсонгаронаи инсоншиносонаи Иқбол аст, тааммул кунем, дармеёбем, ки ҳастаи марказии фикри Иқбол, ки ҳамон "худӣ"-ву "бехудӣ" ва "инсони бахуд"-у "инсони бехуд" аст дар тамомии ғазал алалаъам (ба таври умумӣ) ва дар шоҳбайти он алалахасс (ба таври махсус) нуҳуфта аст; яъне дар: Фитрат ошуфт, ки аз хоки ҷаҳони маҷбур, / Худгаре, худшикане, худнигаре пайдо шуд".

Дар "Асрору румуз" Иқбол бо таваҷҷуҳи хос ба шарҳи масъалаи "худӣ" пардохта, шеъри гаронмояеро сурудааст, ки бо сарлавҳаи зер омадааст: Дар баёни ин, ки асли низоми олам аз худӣ аст ва тасалсули ҳаёти таъиноти вуҷуд бар истеҳкоми худӣ инҳисор дорад. Дар мисраъҳои ҷудогонаи ин шеър Иқбол "худӣ"-ро шарҳу тафсир кардааст. Шоир пайкари вуҷудро аз осори худӣ дониста, ҳама чизро аз асрори он мебинад. Ба андешаи Иқбол ҳар зарра ҳам дорои нируйи худист. Ӯ низоми ҷаҳону идома ёфтани ҳаётро ба худиву устувории он сахт алоқаманд медонад. Чунончи мегӯяд:

Пайкари ҳастӣ зи осори худист,

Ҳарчӣ мебинӣ зи асрори худист.

Хештанро чун худӣ бедор кард,

Ошкоро олами пиндор кард.

Дар забони Иқбол худӣ ва бехудӣ таъбири "ИНСОН" аст дар нигоҳи ӯ. Ӯ як мутафаккир ва шоири инсоншинос аст. Иқбол хоҳони он аст, ки ҳар фарди мусулмонро ба сарчашмаи поки хуршеди даруни хеш раҳнамун шавад, то гарду чанги нодониву хурофотро аз ҷомаи хеш дур гардонад. Танҳо баъд аз он инсони бахуду мустақил шуда, озодона метавонад дар паҳнаи пайкори зиндагӣ пойдор гашта, миллате якдилу якзабонро бо се шохисаи бориз; қудрат, имон ва огоҳӣ ташкил бидиҳад. Иқбол бо ин ормони баланд мехоҳад нағмаи мавзуни сози фитрати нодирнавои худро ба хонандаи шеъраш бирасонад.

ХУДӢ - НУҚТАИ НУР ВА ИНСОН - НОИБИ ҲАҚ

Ин шоири тавоно ва абармарди ҷаҳони андеша худиро нуқтаи нур медонад, ки рӯшанӣ аз он мехезад. Худӣ бо ишқу муҳаббат истеҳком мепазираду ишқ нерӯи худиро қувват медиҳад. Бо ҳамин роҳ одамӣ омодаи боло рафтан ба ситеғи баланди камол мешавад:

Нуқтаи нуре, ки номи он худист,

Зери хоки мо шарори зиндагист.

Аз муҳаббат мешавад пояндатар,

Зиндатар, сӯзандатар, тобандатар.

Хулоса Иқбол андешаманду шоирест, ки башарро ба худшиносӣ мехонад ва мехоҳад, ки бо дарки ин маънӣ инсон дар ҳар ду саро хушбахт бошад. Ӯ инсонро ноиби ҳақ медонад ва ба ниёбати ҳақ шоиста будани инсонро мояи хушбахтӣ медонад:

Ноиби ҳақ дар ҷаҳон будан хуш аст,

Бар аносир ҳукмрон будан хуш аст.

Ноиби ҳақ ҳамчу ҷони олам аст,

Ҳастии ӯ зилли исми аъзам аст.

Добавлено (2010.02.20, 11:35)
---------------------------------------------
Биё,ки сокии гулчехра даст бар чанг аст.
Чаман зи боди бахорон чавоби арчанг аст.
Хино зи хуни дили навбахор мебандад.
Аруси лола чи андоза ташнаи ранг аст!

Мерасад марде,ки занҷири ғуломон бишканад,
Дидаам аз равзани девори зиндони шумо...

Дар ҷаҳон натвон агар мардона зист,
Ҳамчу мардон ҷон супурдан зиндагист...

Гар ту мехоҳӣ мусалмон зистан,
Нест мумкин ҷуз ба Қуръон зистан...

Добавлено (2013.02.05, 21:17)
---------------------------------------------
Куввати магриб на аз чангу рубоб,
 На зи ракси духтарони бе хичоб.
 На зи урёнсоку,на зи катъи муст,
 На зи сехри духтарони лоларуст.
 Куввати магриб аз илму фан аст,
 Аз хамин оташ чарогаш равшан аст.
 Илму фанро эй чавони шуху шанг,
 Магз мебояд,на малбуси фаранг.

 Аз Урупо ту биё таклид макун,
 Хурмати дини Худо тахдид макун.
 Дар хиёбон чехрапардози макун,
 Назди мардон хайма шаб бози макун


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
imomov_rДата: Среда, 2013.02.20, 12:14 | Сообщение # 2
Лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 87
Награды: 3
Репутация: 3
Статус:
Гарчи хинди дар узубат шакар аст,
Лафзи ширини дари ширинтар аст.
 
BonuДата: Понедельник, 2014.09.22, 21:08 | Сообщение # 3
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
АЗ ХОБИ ГАРОН ХЕЗ!!
Эй ғунчаи хобида, чу наргис нигарон хез!
Кошонаи мо рафт ба торочи ғамон, хез!
Аз нолаи мурғи чаман, аз бонги азон хез!
Аз гармии хангомаи оташнафасон хез!
Аз хоби гарон, хоби гарон, хоби гарон хез!
Аз хоби гарон хез!
Хуршед, ки пироя ба симои сахар баст,
Овеза ба гӯши сахар аз хуни чигар баст,
Аз дашту чабал қофилахо рахти сафар баст,
Эй чашми чахонбин, ба тамошои чахон хез!
Аз хоби гарон, хоби гарон, хоби гарои хез,
Аз хоби гарон хез!
Ховар хама монанди ғубори сари рохест,
Як нолаи хомӯшу асарбохта охест,
Хар зарраи ин хок гиреххӯрда нигохест,
Аз Хинду Самарқанду Ироқу Хамадон хез!
Аз хоби гарон, хоби гарон, хоби гарон хез,
Аз хоби гарон хез 
Дарёи ту дарёст, ки осуда чу сахрост,
Дарёи ту дарёст, ки афзун нашуду кост,
Бегонаи ошӯбу наханг аст, чи дарёст?
Аз синаи чокаш сифати мавчи равон хез!
Аз хоби гарон, хоби гарон, хоби гарон хез,
Аз хоби гарон хез!
Ии нукта кушояндаи асрори нихон аст,
Мулк аст тани хокиву дин рӯхи равон аст,
Тан зиндаву чон зинда зи рабти тану чон аст,
Бо хирқаву саччодаву шамшеру синон хез!
Аз хоби гарон, хоби гарон, хоби гарон хез,
Аз хоби гарон хез!
Номуси азалро ту аминк, ту амини,
Дорои чахонро ту ясори, ту ямини,
Эй бандаи хоки, ту замони, ту замини,
Сахбои яқин дар кашу аз дайри гумон хез!
Аз хоби гарон, хоби гарон, хоби гарон хез,
Аз хоби гарон хез!
Фарёд зи Афрангу диловезии Афранг,
Фарёд зи Шириниву Парвезии Афранг,
Олам хама вайрона зи Чингизии Афранг,
Меъмори Харам! Боз ба таъмири чахон хез!
Аз хоби гарон, хоби гарон, хоби гарон хез,
Аз хоби гарон хез!

Добавлено (2014.09.22, 21:08)
---------------------------------------------
Бе таҳалли зиндаги ранҷури аст,
А
қл маҳҷурию дин маҷбури аст.
ҚБОЛ)
Қолро бигзору боби ҳол зан,
Нури 
Ҳақ бар зулмати аъмол зан.
ҚБОЛ)Биё то кори ин миллат бисозем,
Қимори зиндаги мардона бозем.
Чунон нолем андар мас
ҷиди шаҳр,
Ки дил дар синаи мулло гудозем.
ҚБОЛ) 


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
  • Страница 1 из 1
  • 1
Поиск:

Приветствую Вас Гость


Кнопка сайта



Друзья сайта
Статистика
Powered by Султанов Баходур Анварович © 2025