Модар.... чихел калимаи ширин ва дилагез аст.Вактеки Модар мегуем тамоми баданамону рухамонро як эхсоси хубе фаро мегирад, ки мо аз он халоват мебарем.
Модар ба мисли замин якто аст ва мухабати у барои мо фарзандон беканора ва човидона аст.
Як шаба ранче , ки Модар кашид
Бо ду чахонаш натавон баркашид. Модар,модар ба ҷон баробар модар,
Дубора нашуд ба кас муяссар модар.
Нолам зи ғамат,хок бар сар гирам,
Кошке бимирам дар пеши пои модар.
Добавлено (2009.12.12, 18:22)
---------------------------------------------
[i]Муоз ибни Ҷабал (р) ривоят мекунанд, ки Мӯсо алайҳиссалом дар муноҷоти
худ гуфтанд: «Илоҳо, маро васияте кун!» Нидо омад, ки «Ризои модар
ҷӯй!» Ҳамин тавр то ҳафт бор нидо омад: «Эй Мӯсо (а), ризои модар ҷӯй
ва ҳурматашро бишнос!»
Марде назди Расул (с) омаду гуфт: «Ё Расулуллоҳ (с) , модари ман пир
шудааст, бо дасти хеш нон дар даҳони вай мениҳам ва об медиҳам. Ӯро ба
пушти худ мебардорам. Оё ҳаққи фарзандии худро адо кардаам?
Пайғамбар (с) ба ӯ гуфтанд: - Аз сад якеро нагузоридаӣ. Лекин Худованд туро савоби бисёр медиҳад.
Боре ҷавоне назди ҳазрати Муҳаммад (с), омада гуфт: «Ё Расули Худо (с), иҷозат диҳед, ки ба ғазо» (ҷиҳод) равам».
Он Ҳазрат (с) гуфтанд: -Модар дорӣ?
Ҷавон гуфт: -Бале, модарам ҳастанд.
Паёмбар (с) фармуданд: -Бирав, ӯро нигаҳдорӣ кун, ки биҳишт зери қадами вай аст.
Яъне,касеро модараш розӣ бошад, биҳишт ба ӯ наздиктар аст.
Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст,
Ҳарчи доранд ин ҷамоат аз дуои модар аст.
Он чӣ дар васфи биҳишт фармуд Қуръони Карим,
Соҳиби Қуръон бигуфто, зери пои модар аст.
Дар як ҳадиси мубораки Расули Худо (с) омадааст: «Се тоифаро оташи
дӯзах намесӯзад: Зане, ки итоаткори шавҳар бошад, фарзанде, ки барои
падару модар накӯкорӣ кунад, шахсе, ки ба халқи Худо раҳм кунад»