Душанбе

Латифахои точикй - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, ДушанбеЛатифахои точикй - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе 2012 - Душанбе мой любимый город! Таджикистан, Таджик
Меню сайта
Сделать стартовой

[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
  • Страница 1 из 1
  • 1
Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе » Развлечение и отдых-Истирохат ва фароFат » Приколы-Хач,вия » Латифахои точикй (А.Дехотй)
Латифахои точикй
РафоДата: Четверг, 2007.04.19, 17:19 | Сообщение # 1
Подполковник
Группа: Почетные
Сообщений: 222
Награды: 1
Репутация: 6
Статус:
Дар хона касе нест
Рузу Мушфики ба дарбори подшохе омада хост, ки ба хонаи хоси амир дарояд. Аммом дарбор рох надода, гуфт:
_Дар хона касе нест.
Мушфикй гуфт:
-Ман хам медонам, ки дар хона касе нест, аммо ман на ба кас, балки ба подшох кор дорам.

Добавлено (2007.04.19, 17:13)
---------------------------------------------
"Ба галбер об андохта мондам"
Касе аз Афандй галберашро талабидааст.Афандй дар чавоб гуфтааст:
-Бо чону дил медодам. Афсус ки дар галбер об андохта мондаам.
-Магар дар галбер об андохта, нигох доштан мумкин аст?-таачубкорона пурсидааст он кас.
-Вакте ки барои надодан бахона лозим шавад, мумкин аст,-чавоб додааст Афандй

Добавлено (2007.04.19, 17:19)
---------------------------------------------
" Бояд худам хамрохи хат равам"
Касе аз Насриддин Афандй илтимос кард, ки барои у ба номи як дусташ як хат нависад.
Афандй пурсид:
-Дустатон дар кучо ва ин хатро ба кучо фиристодан мехохед?
-Дустам дар Багдод аст, ин хатро хам хамин руз ба он чо мефиристонам,-гуфт он кас дар чавоб.
-Мебахшед, ки ман фурсати Багдод рафтан надорам, он чо бисёр дур аст, барои рафтуомади он чо ду мох вакт лозим аст,-гуфт Афандй.
-Хатро дар хамин чо менависед, ман худам мефиристонам, ба Багдод рафтани шумо лозим нест.
-Хатеро, ки ман менависам, бояд худам хамрохаш рафта хонда дихам, зеро каси дигар хати маро хонда наметавонад.


Долой скуку!
 
nasrullo84Дата: Суббота, 2007.05.05, 16:55 | Сообщение # 2
Шифт-Менеджер
Группа: Почетные
Сообщений: 331
Награды: 0
Репутация: 1
Статус:
ШУТУР ДАР ҲАММОМ

Рӯзе Мулло Мушфиқӣ ба ҳаммом даромаданӣ шуд, аммо ҳаммомчӣ вайро даромаданӣ намонда гуфт:

— Имрӯз калонон — амиру қозикалон даромаданд, бинобар ин ба шумо барин касон имрӯз ба ин ҷо роҳ нест.

Мушфиқӣ рафта як шутури бисьёр калонро киро карда, ба вай ҷулу ҷағози нав занонда ва нӯхтаи тоҷдоре андозонда гирифт. Баъд ба бозор рафта як ҷомаи зарбофти калонеро ҳам киро карда, ба пӯшти шутур пӯшонд, ба сари чағозчӯби шутур дастори калонеро баст ва оварда ба ҳаммом дароварданӣ шуд. Ҳаммом-чй бо тааҷҷуб пурсид:

— Шумо чӣ кор карданиед? Мушфиқӣ гуфт:

— Модом ки имрӯз ҳаммоматон ба калонон мах-сус будааст, ман мехоҳам, ки шутурамро ҳамин рӯз ҳаммом кунонам. Зеро ки дар калонй шутури ман аз амиру қозикалон калонтар аст. Агар барои калон бу-дан тоҷу дастор ва ҷомаи зарбофт лозим бошад, ана тоҷу дастору ана ҷбмаи зарбофт.

************************
«ХУДОИ 17999 ОЛАМ»

Рӯзе амири Бухоро ба Мулло Мушфиқӣ гуфт:

— Агар як рӯз тахти худамро ба ихтиёри ту супо-рам, дар ҳаққи ман чӣ мекунӣ?

Мушфиқӣ ҷавоб дод:

— Дуо мекунам, худои 17999 олам ба шумо амирони охиратро бахшад!

(Яъне бимиред).

— То ҳол, — гуфт амир, — мардум дар вақти дуо «худои ҳаждаҳ ҳазор олам» мегуфтанд, ту чаро як оламро кам кардӣ?

— Зеро як олам мамлакати шумо буд, ки аз шара-фи ҳукмронии шумо тамоман несту нобуд шуд ва дар натиҷа 17999 олам боқӣ монд.

*********************
«ДУ ХАРА БОРАШ»

Рӯзе подшоҳу вазир Афандиро ҳамроҳ гирфта ба саёҳат баромаданд, ҳаво гарм буд, либоси рӯяшонро кашида ба Афандӣ бор карданд.

Подшоҳ, Афандиро масхара карданй шуда, гуфт:

— Афандй, як хара бор бардоштед-а! Афандй дарҳол ҷавоб дод:

— Не, тақсир, бори ду хара!

********************



Always welcome!
 
nasrullo84Дата: Суббота, 2007.05.05, 16:56 | Сообщение # 3
Шифт-Менеджер
Группа: Почетные
Сообщений: 331
Награды: 0
Репутация: 1
Статус:
ҚОЗИ ЯКПОЯ

Афандӣ як қоз дошт, ки онро кушта, пухта ба подшоҳ пешкаш карданӣ шуд.

Азбаски худаш гурусна буд, дар роҳ як пои қозро хӯрду қози якпояро бурда ба подшоҳ тақдим кард,

Подшоҳ, қозро дида пурсид:

— Афандӣ, як пои дигари қоз чй шуд?

Афандй гӯё дар ҳайрат монда ба ҳар тараф нигоҳ карду дид, ки қозҳои подшоҳӣ дар сояи сарҳавз ҳама якпоя истодаанд.

Аз ин ҳолат илҳом гирифта, ба подшоҳ гуфт:

- Имсол ҳамаи қозҳо аз тухм якпоя баромадаанд, намебинед, ки қозҳои худи шумо ҳам ҳамагӣ якпояанд.

Подшоҳ ба ясавули худ ишора кард, ки ки чӯбдасташро ба тарафи қозҳо ҳаво диҳад. Қозҳо якбора рамида, пойҳои ба таҳи шикам кашидаашонро фароварда, дупоя гурехтанд.

Подшоҳ ба Афандӣ гуфт:

— Чаро дурӯғ мегӯед, дида истодаед, ки қозҳои мо дупояанд?!

Афандӣ фавран чавоб гардонд:

— Агар он чӯбдаст ба сари шумо меомад, шумо чорпо ҳам шуда мегурехтед!

*****************

ЛИБОСИ ХОСАИ АМИР

Шоири ҳозирчавобе бо теззабонй ва қофиягуй ҳар вақт амирро меранчонид. Амир хост, ки шоирро дар пеши аъёну ашроф шарманда карда, аз вай ниқори чандинсолаи худро гирад.

Барои ин кор як рузи ид ҳамаи аъён ва ашрофи шаҳрро хабар карда оварда, дар айвони боргоҳи худ шинонид ва ба шоир, гуфт, ки болотар аз ҳама, дар пешгоҳи айвон гузашта шинад.

Баъд аз он амир ба буғчабардори худ амр дод, ки ба пеши ҳар кадоми ҳозиромадагон либосеро, ки барои вай таъин шудааст, бурда монад.

Буғчабардор ба пеши ҳар кас буғчае оварда гу-зошт, буғчае, ки ба пеши шоир оварда монд, аз ҳамаи бӯғчаҳои дигар калонтар ва бӯғчапечаш ҳам зарбофт буд.

Ҳадьягирифтагон бӯғчаҳоро кушода, либосҳои тақ-димшударо пӯшидан гирифтанд, шоир бӯғчаашро ку-шода дид, ки як полони хар будааст.

Ҳозирон бо дидани ин ҳол қаҳқосзанон хандиданд. Аммо шоир ба хурсандии тамом шукр мекард.

Яке аз аҳли маҷлис гуфт: '

— Ин чо чи шукру хурсандист?! Ту бояд ба ҳоли худ гирья кунй.

— Шумо ғалат кардед,— гуфт шоир ба он кас,— амир дар сурате, ки ба дигарон ҷомаи инъомӣ баҳшиданд, ба ман либоси хосаи худро марҳамат карданд, ки ниҳояти меҳрубонӣ аст.


Always welcome!
 
ГостьДата: Воскресенье, 2007.05.06, 13:19 | Сообщение # 4
Группа: Гости





smile smile smile smile smile smile biggrin biggrin biggrin
 
alensikaДата: Пятница, 2013.02.01, 12:24 | Сообщение # 5
Полковник
Группа: Почетные
Сообщений: 330
Награды: 6
Репутация: 3
Статус:
"Латифахо" – юмористические рассказы из устного творчества таджикского народа. Таджикский поэт А. Дехоти собрал эти рассказы и издал их отдельной книгой.
Афанди и Мушфики – герои таджикского фольклора. Мушфики (Мулло Мушфики) - тад.поэт (1538-1588), оставил немалое поэтическое наследие: касыды, газели, поэмы.Был большим мастером сатиры. Впоследствии вместе с Мулло Насреддином Афанди вошел в тад. фольклор как положительный герой народных анекдотов, в XX веке его именем был назван сатирический журнал.

ДУЗД ВА МУШФИКИ

Шабе ба хонаи Мушфики дузд даромад, харчанд хар тарафро кофт, чизе наёфт. Аммо дузд умедашро наканда токчахо, зери болорхо ва таги синчхоро даст-даст карда медид...
Мушфики, ки бедор буд, баъд аз хеле саргардон шудани дузд ба вай гуфт:
- Бародар, бехуда ташвиш накашед. Ман аз ин хона дар рузи равшан чизе намеёбаму шумо дар шаби торик чи меёбед?

Однажды ночью к Мушфики залез вор. Сколько он не шарил по сторонам, но ему ничего не попадалось. Но, не теряя надежды, вор стал ощупывать все полочки, рыться во всех уголках и щелках. Мушфики не спал и все видел. Наконец он не вытерпел и сказал: "Напрасно, друг мой, трудишься! Я и ясным днем ничего не могу найти в этом доме, что же ты пытаешься найти в нем темною ночью?"


ОДАМ АЗ ГУЛ НОЗУКУ АЗ САНГ САХТ АСТ

Сообщение отредактировал alensika - Пятница, 2013.02.01, 12:59
 
webmastДата: Вторник, 2013.03.12, 00:37 | Сообщение # 6
Сержант
Группа: Почетные
Сообщений: 54
Награды: 4
Репутация: 2
Статус:
Як хирс тамоми зимистонро бедор гузаронд ва ҳамеша зери лаб касеро таҳқиркунон мегашт. Аз ӯ пурсиданд, ки ту киро ҳақорат мекунӣ? Гуфт касеро на. Пас чӣ мегӯӣ зери лаб ки ин гапро тамоми зимистон такрор кардӣ? Хирс ҷавоб дод, ки мани аҳмақ дар аввали зимистон қаҳва хӯрдам

www.TojAdabiyot.com - Сомонаи Адабиёти Тоҷик
www.DonishOmuz.com - Форуми Фанҳои Омӯзишӣ
 
Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе » Развлечение и отдых-Истирохат ва фароFат » Приколы-Хач,вия » Латифахои точикй (А.Дехотй)
  • Страница 1 из 1
  • 1
Поиск:

Приветствую Вас Гость

Логин:
Пароль:

Кнопка сайта



Друзья сайта
Статистика
Powered by Султанов Баходур Анварович © 2024