Душанбе

МОДАРНОМА - Страница 2 - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, ДушанбеМОДАРНОМА - Страница 2 - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе 2012 - Душанбе мой любимый город! Таджикистан, Таджик
Меню сайта
Сделать стартовой

[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
  • Страница 2 из 2
  • «
  • 1
  • 2
МОДАРНОМА
gulijonДата: Четверг, 2012.11.08, 12:01 | Сообщение # 36
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Дар он соат, ки дилгирам, куҷоӣ, модари пирам?
Биё, бинмой тадбирам, ки дар гирдоби тақдирам.

Сарам хоҳад навозишҳои дастони туро имрўз,
Дилам хоҳад нигоҳи гарми чашмони туро имрўз.

Дилам хоҳад дуоятро –
Ду дастатро чу ду боли парастуҳо
Ба сўи қибла бикшода,
Худоро аз фалакҳо бар замин хонда,

Гуселам кардаӣ бар роҳҳои дур,
Сипас аз пушти ман гиристаӣ дар худ фурў монда...

Чӣ мепурсӣ?
Ту аз ман бештар медонӣ дунёрову қисматро,
Ту аз ман бештар медонӣ субҳу шоми давлатро.
Вале ман ҳар қадар аз ҳикмати дунё сабақ хондам,
Китоби куҳнаву навро чу болин зери сар мондам,
Фузун аз ту ҷаҳону зиндагониро надонистам,
Кашишҳои замину осмониро надонистам.

Надонистам, ки дар садсолагӣ ҳам боз
Ҳамчун кўдаки парпеч хоҳам мурд,
Надонистам, ки баъди шири поки ту
Фақат афсўс хоҳам хурд...


Худованд собиронро дуст дорад
 
Боец_Дата: Вторник, 2012.11.13, 12:15 | Сообщение # 37
Подполковник
Группа: Почетные
Сообщений: 215
Награды: 4
Репутация: 4
Статус:
Парвардигоро, зеботарин лахзахоро насиби модарам гардон, ки зеботарин лахзахои хаёташро ба хотири ман аз даст додааст.

Зоти Ту ғаниву мо ҳамма муҳтоҷем,
Муҳтоҷ ба ғайри худ магардон моро.
 
gulijonДата: Среда, 2012.11.14, 14:49 | Сообщение # 38
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Дилам хоҳад равам бар кўи модар,
Вуҷудам пур шавад аз бўи модар,
Тамоми рўи дунёро бигаштам,
Надидам рўи хуш ҷуз рўи модар.


Худованд собиронро дуст дорад
 
SumayaДата: Пятница, 2012.11.16, 11:29 | Сообщение # 39
Майор
Группа: Почетные
Сообщений: 108
Награды: 4
Репутация: 4
Статус:
МУНОҶОТ БА МОДАР

Мўйҳо даққиву рўмоли сиёҳ,
Ғабғаби пурчину абрўи дуранг,
Эй дареғ, ангуштҳо чангак шуда,
Зиндагӣ аммо раҳо гашта зи чанг...

Об меояд зи чашми обрав –
Обҳое, ки гузашта аз сарат.
Раъшаи дасту сару абрўю лаб –
Ларзаҳое, ки гузашт аз пайкарат.

Боли абрўят шикаста, модарам,
Гўӣ аз парвозҳо зер омада.
Пеши дар истодаӣ ҳайрону лол,
Оҳ мегўӣ, ки рўзат пур шуда...

Рўзу шаб варзидӣ фарзандони худ,
То ҳама бошанд ҷонбози Ватан.
Хурдӣ якумре ғами рўи замин,
Мехурӣ акнун ғами гўру кафан...

Ин мабодо, ки бибандӣ рахти умр,
Шаҳсутуни рўзгорам, модарам.
Ин мабодо, ки гузориям сағир,
Раҳнамуни рўзгорам, модарам.

Модари пирам, худо умрат диҳад,
Зинда бошӣ бар сари шўридаам.
Пеши ту то ҳол баски кўдакам –
Кўдаки нодону новарзидаам.

Пеши ту он кўдаки деринаам,
Кўдаки гарданшаху гапнодаро,
Кўдаке, ки мезадӣ бо химчааш
То надуздад сабча аз полезҳо...

Модари пирам, худо умрат диҳад!
Ин мабодо, ки бимирӣ ногаҳон,
Бо ту мирад давлату дунёи ман,
Баъди ту дигар набошам ман ҷавон...

Модари ҷонам! Ба пирӣ тан мадеҳ,
Пеши пирӣ аз ҷавонӣ ёд кун.
Ҳар нафас бо ёди тифли шоират
Хотири ошуфтаатро шод кун.

Чашми сар гарчи набинад дурро,
Чашми дил пур аз зиёи зиндагист.
Гўши ту гар нашнавад овозҳо,
Гўши дил пур аз садои зиндагист.

Зинда бошӣ, зиндагии ман хуш аст,
Бо ту ман бошам музаффар, модарам!
Гар бибандӣ рахт... (он соат мабод!)
Бо ту мемирам баробар, модарам!


Аз Аллох бубин, хар он чи меояд ба сар...
 
gulijonДата: Суббота, 2012.11.17, 14:04 | Сообщение # 40
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Ин шаби туршрўи боронӣ
Кулбаи модарам ба ёд омад.
Боми ў мечакад зи боронҳо,
Дар дилам оламе ба дод омад.

Дар чунин кулбаи фақирона
Бо дили рост модарам дорост.
Кўдаконаш ба ҳар куҷо рафтанд,
Монда дар кунҷи хонае танҳост.

Шояд ў бо умеди авфи гуноҳ
Рамазон асту рўза медорад?
Вақти ифтор чак-чаки шибдор
Ҳеҷ бар гўши ў намефорад?

Ё ки дар ҷонамози фарсуда
Зикри Аллоҳ мекунад дар дил?
Ё зи парвардигор мехоҳад,
Ки зи ҷаннат диҳад варо манзил?...


Худованд собиронро дуст дорад
 
alensikaДата: Пятница, 2012.12.21, 22:29 | Сообщение # 41
Полковник
Группа: Почетные
Сообщений: 330
Награды: 6
Репутация: 3
Статус:
Снилась мне мама,
снилась мне мама:
зима была белой,
белой зима была.
А мама шла
по тропинке зелёной,
по тропинке зелёной
мама шла.
- Откуда ты мама,
такой убелённой?
откуда ты мама,
такой убелённой?!
- Иду издалёка,
из очень далёка иду:
из зимы заснеженной,
из зимы заснеженной.
Но всё ж отыскала
тропку зелёную,
тропку зелёную
всё же отыскала,
чтоб ты заметил,
скорее заметил меня.
Снилась мне мама,
снилась мне мама.
Я тоже ей снюсь,
по тропке зелёной
идущим сквозь зиму,
сквозь белую зиму идущим…


ОДАМ АЗ ГУЛ НОЗУКУ АЗ САНГ САХТ АСТ
 
BonuДата: Понедельник, 2012.12.31, 17:08 | Сообщение # 42
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Модар мехостам номатро шабехи гул гуям, аммо гул хушк мешавад. Хостам шабехи хуршед гуям, аммо хуршед хам гуруб мекунад. Хостам номатро шабехи чонам гуям, чун ки рафти зи барам ман хам набошам!

Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
alensikaДата: Четверг, 2013.01.03, 12:28 | Сообщение # 43
Полковник
Группа: Почетные
Сообщений: 330
Награды: 6
Репутация: 3
Статус:
МЕҲРИ МОДАР ( Мӯъмин Қаноат)
Солҳои аввали эҷоди ман…
Лаҳзае аз кӯдакӣ дар ёди ман
Мондааст, гӯё ба рӯи мавҷи об
Хираю ларзон чу акси офтоб…
Хурд будам, бистарам гаҳвора буд,
Бистари ҷунбони ман сайёра буд.
Дар ҳамин ҷо буд хӯрду хоби ман,
Дар ҳамин ҷо минбару меҳроби ман.
Дар ҳамин ҷо бар сари гаҳвораам,
Аллагӯён модари бечораам,
Бо табассум, бо такаллум, бо шитоб
Мебаромад ҳар саҳар чун офтоб.
Савти аввалро, ки бишнидам аз он,
Ҳаст ҳоло дар забони кӯдакон…
Як замон гаҳвора бар ман танг шуд,
По ниҳодам, пойгоҳам санг шуд.
Даст бурдам, монд дастам дар ҳаво,
Боз модар дошт як дасти маро…
Дар ҳамин аҷзу ҳамин бечорагӣ,
Дар ҳамин хурдӣ, яку якборагӣ,
Хестам, дидам: надидам як саҳар
Аз ҳамон меҳри дурахшонам асар.
Бо ду чашми чор ӯро кофтам,
Кофтам, тимсоли ӯро ёфтам:
Аз баландӣ бо табассум, бе шитоб
Мебаромад ин пагоҳӣ офтоб.
Гарчи ҳамчун меҳри ман пурнур буд,
Аз бари ман, аз сари ман дур буд…


ОДАМ АЗ ГУЛ НОЗУКУ АЗ САНГ САХТ АСТ
 
BonuДата: Понедельник, 2013.01.07, 21:28 | Сообщение # 44
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Модар- фариштаи мехр ва нурафшони зиндаги , Падар - чароги равшан ва сутуну соябони хонадон. Хохару бародар, мевахои ширини боги мухаббати Модар ва Падар !!

Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
alensikaДата: Понедельник, 2013.01.07, 23:02 | Сообщение # 45
Полковник
Группа: Почетные
Сообщений: 330
Награды: 6
Репутация: 3
Статус:
Цитата
Модар- фариштаи мехр ва нурафшони зиндаги , Падар - чароги равшан ва сутуну соябони хонадон. Хохару бародар, мевахои ширини боги мухаббати Модар ва Падар !!

Мать – нежный ангел и луч жизни. Отец – светило и опора рода. Сестра с братом, как сладкие плоды из сада родительской любви...

Добавлено (2013.01.07, 23:02)
---------------------------------------------
***
Я в мамину комнату тихо вхожу...
Так пусто в ней... Трудно смириться!
Портрет на столе... «Здравствуй, мама,- скажу.-
Ты знаешь, как часто мне снится,
Что снова мы вместе…Улыбкой своей
Ненастье мне с сердца смываешь,
Серьёзный вопрос не решить мне – скорей
К тебе я бегу. Ты же знаешь,
Как надо, как лучше, как выход найти,
Всегда твоя мудрость спасает.
Вот я заблудилась, свернула с пути –
Ты рядом... И страх исчезает!
Как хочется снова прижаться к плечу -
Тебе так тепла не хватало!
«Прости меня!» - шёпотом маме кричу.
Но мама с портрета молчала...


ОДАМ АЗ ГУЛ НОЗУКУ АЗ САНГ САХТ АСТ
 
BonuДата: Понедельник, 2013.01.28, 21:56 | Сообщение # 46
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Эй хона Худо, ба мулку манзил, модар,
Аз нури Худо гирифта кандил, модар.
Ман кашфи бузургият бикардам, ки туи
Аз баъди Худо бузург дар дил модар.


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
alensikaДата: Вторник, 2013.02.05, 21:36 | Сообщение # 47
Полковник
Группа: Почетные
Сообщений: 330
Награды: 6
Репутация: 3
Статус:
Фикри ту доимо дар сарам,
Имрузу хама руз бо ёди туям.
Рузу шаб захматкаши бароям,
Умрамро бароят фигон надорам.
Зар ё тилло, хеч нашавад бо ту баробар,
Аз хама инсони мукаддастарин модар…


ОДАМ АЗ ГУЛ НОЗУКУ АЗ САНГ САХТ АСТ
 
gulijonДата: Пятница, 2013.02.08, 15:16 | Сообщение # 48
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Молитва матери.

В маленькой комнате пасмурным вечером
Тихо молилась уставшая мать
Голосом тихим и очень доверчивым
Стала с надеждою к Небу взывать
Боже всемилостив, сила Небесная
Будь милосерден к просьбе моей
Если виновна, карай меня грешную
Но не взыщи с моих дочерей
Если, когда то, десницею щедрою
Вдруг ты захочешь меня наградить
Я обращусь к тебе с просьбой последнею
Деток моих от беды оградить.


Худованд собиронро дуст дорад
 
BonuДата: Воскресенье, 2013.02.10, 19:21 | Сообщение # 49
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Падар гар шуълаи чашми замон аст.
Вале Модар чароги хонадон аст. 
Падар гар давлату ганчи замон аст. 
Вале Модар чахони бекарон аст. 
Падар гар шахсутуни зиндагонист. 
Вале Модар ба дунё човидонист.


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
imomov_rДата: Среда, 2013.02.13, 10:43 | Сообщение # 50
Лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 87
Награды: 3
Репутация: 3
Статус:
Модар модаро шири сафедам доди,
Дунё ба умед асту умедам доди.
 
gulijonДата: Четверг, 2013.03.07, 09:17 | Сообщение # 51
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Ҳамаи модаронро бо фарорасии идашон, ки худи Президенти кишварамон рӯзи ҳаштуми мартро ҳамчун Иди Модарон номгузорӣ карданд, табрик намуда, ба онҳо тамоми хушиҳои зиндагониро таманно мекунам! Бигузор ҳамеша сарбаланду хонаобод бошанд ва насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намоянд.

Ҷавонбахту ҷаҳонороӣ, ай зан,
Ҷамолу зинати дунёӣ, ай зан.
Садаф хон асту соҳибхона ғаввос,
Ту дар вай гавҳари яктоӣ, ай зан.
Ту якто гавҳарӣ дар дурҷи хона,
В-аз он беҳтар, ки гавҳарзоӣ, ай зан.
Ту дар айни латофат зўрмандӣ,
Ту ҳам гавҳар, ту ҳам дарёӣ, ай зан.
Чу мағз андар сару чун ҳуш дар мағз,
Баҷову лоиќу шоёӣ, ай зан.
Ту нури дидаи равшандилонӣ,
Азеро дархўру дарбоӣ , ай зан.
Табиат худ чу коне пур зи лафз аст,
Ту он алфозро маъноӣ, ай зан.
Таолиллаҳ, ки дар боғи накўӣ,
Чу гул покизаву зебоӣ, ай зан.
Хато гуфтам, зи гул некўтарӣ ту,
Ки ҳам зебову ҳам доноӣ, ай зан.
Туро ҳоҷат ба ороиш набошад,
Ки худ по то ба сар ороӣ, ай зан.
Наъими зиндагиро бо ту бинам,
Ҳамоно нури чашми моӣ, ай зан.
Муаммои ҷаҳон ҳал кардию боз,
Ту худ асли муаммоҳоӣ, ай зан.
Набудӣ зиндагӣ, гар зан набудӣ,
Вуҷуди халќро мабдоӣ, ай зан.
Бинои некбахтиро ба гетӣ,
Ту ҳам меъмору ҳам банноӣ, ай зан.
Кавокиб ҷумла тан гўшанд, чун ту,
Шабонгаҳ гарми ло-лолоӣ, ай зан.
Биғалтад ашки анҷум чун бари тифл,
Ту чашм аз хоби хуш бикшоӣ, ай зан.
Табиат ҷазбаи ишќ аз ту омўхт.
Ки ту худ ишќро мабноӣ, ай зан
Табоеъ гоҳ лутфу гоҳ ќаҳранд,
Ту лутф аз фарќи сар то пой, ай зан.
Биҳишти воќеӣ ҷоест, к-аз меҳр,
Ту бо фарзандгон он ҷоӣ, ай зан...
Дареғо, гар ту бо ин ҳушу идрок,
Ба ҷаҳл аз ин фузунтар поӣ, ай зан.
Дареғо, к-аз ҳисоби худ ватанро,
Ба ниматан фалаҷ фармоӣ, ай зан!


Худованд собиронро дуст дорад
 
BonuДата: Пятница, 2013.03.08, 20:41 | Сообщение # 52
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
То пои равон доред,сад шукри Худо гуед
То нимаи нон доред,сад шукри Худо гуед
Аз ганчи хама дунё,болотару волотар
Чун модари чон доред,сад шукри Худо гуед!


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
webmastДата: Среда, 2013.03.13, 23:40 | Сообщение # 53
Сержант
Группа: Почетные
Сообщений: 54
Награды: 4
Репутация: 2
Статус:
Модарнома
Устод Лоиқ Шералӣ аз нахустин қадамҳои эҷодияш ба мавзӯи модар таваҷҷӯҳ пайдо кардааст. Яке аз аввалин шеърҳои шоир «Ба модарам» ном дорад, ки бори нахуст ибтидои соли 1965 ба табъ расидааст. Баъдҳо ин мавзӯъ дар тамоми эҷодиёти шоир мавқеи аввалиндараҷа пайдо намуд.
Вақте ки «Дасти дуои модар» ном маҷмӯаи шоирро варақ мезанем, ба панҷоҳу панҷ шеъри ба модар ва зан бахшида дучор меоем. Ҳамаи ашъори ба модар бахшидаи Лоиқ, аз ҷумла, шеърҳои «Модар», «Суруди модар», «қарз», «қасидаи модар», «ҷомаи гадоӣ», «Чордард», «Ту монанди замин танҳоӣ, модар», «Дар сари гӯр», «Ҳасрат», «Муноҷот ба модар» ва рубоиву дубайтиҳои маҷмӯаи «Дасти дуои модар» ҷовидонаанд. Дар ин шеърҳо хусусиятҳои соф миллию шарқии модари одии тоҷик, ботини поку беолоиш ва ҷаҳони орзуву ҳавасҳои модари рустоӣ мавриди тасвир қарор гирифтааст. Тасвирҳо чунон содаву самимӣ ва ифодаҳо чунон моҳирона ба ҳам омадаанд, ки хонанда беихтиёр ҷавҳари ҳастии инсонро пеши назар меорад:
Наёбад чашми камбинат ба ҷустан чашми сӯзанро,
Биларзад дасти пурэъҷози ту дар қабзаи пирӣ,
Валекин боз медӯзӣ ту дастурхони гулдӯзӣ,
Ки рӯзи маърака дар байни мардум обрӯ гирӣ
Чи дунёест дунёи умеди ту,
Аё модар, аё модар!
(«Ба модарам»)
Дар Модарномаи Лоиқ рӯҳи халқии тасвир пурқувват аст. Шоир дар тасвири ҳастии модар аз урфу одат ва анъанаҳои қадимии мардуми тоҷик устодона истифода кардааст. Дар шеъри «ҷомаи гадоӣ» модар бо ният ба дари хонаи занони серфарзанд, пирони ботадбиру солор, одамони бодавлату бонанг ва арӯсони хушбахт гашту гузор карда, пораҳои матоъ ҷамъ месозад ва аз ин пораҳо ҳамроҳи пиразанҳои худоҷӯ ҷомаи садпораву садранг дӯхта ба кӯдакаш мепӯшонад. Ин ҷома мувофиқи одатҳои мардумӣ бахосият буд:
Тамоми халқ гӯйӣ бар қади ман ҷома пӯшонид,
Тамоми халқ гӯйӣ қисматам бахшид.
Ту гӯйӣ ҷома неву ҷавшани ман буд,
Ту гӯйӣ пора-пора меҳри мардум дар тани ман буд.
Ҳамин пайвастагии ногусастанӣ фарзандро водор мекунад, ки назди модар ва Ватан қарзи фарзандии хешро бо тамоми масъулият эҳсос намояд ва ҳастиву истеъдодашро пурра сарфи роҳи хушбахтии халқи азизаш намояд:
Ба ҷойи пораи талбидаат ҳар бор
Орам пораи ашъор,
Ки дар ҳар пораи ашъор
Бошад порае иқбол…
Суханшиносон Модарномаи Лоиқ Шералиро дар радифи модарномаҳои Мирзо Турсунзода, шоирони эронӣ Эраҷ Мирзо, Раҳими Муайирӣ, «Эй, вой модарам» ном шеъри машҳури Шаҳриёр, «Мактуб ба модар» ва «Мактуби модар» ном шеърҳои шоири рус Сергей Есенин гузошта, услуби нигориши онро саҳли мумтанеъ гуфтаанд.
 Мавзӯи модар ба Лоиқ имконият додааст, ки давоми матн


www.TojAdabiyot.com - Сомонаи Адабиёти Тоҷик
www.DonishOmuz.com - Форуми Фанҳои Омӯзишӣ
 
alensikaДата: Вторник, 2013.03.19, 23:27 | Сообщение # 54
Полковник
Группа: Почетные
Сообщений: 330
Награды: 6
Репутация: 3
Статус:
Бихишт дар зери пои модарон аст,
Модар номаш хамеша човидон аст.
Буи модар атри хуши бихишти,
Номаш дар сардари бихишт навишти.
Рухаш бо мехрубонихо сиришти,
Модар, зебоихои сарнавишти.


ОДАМ АЗ ГУЛ НОЗУКУ АЗ САНГ САХТ АСТ
 
BonuДата: Среда, 2013.03.20, 10:39 | Сообщение # 55
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
ЭЙ МАН САДКА ШАВАМ,БА ХУСНИ РУЯТ МОДАРАМ.
БА ЛАЪНИ ХУШУ,БА ГУФТУГУЯТ МОДАРАМ.
ЯК ЛАХЗА АГАР ТУРО НАБИНАМ БА БАРАМ.
ОН ЛАХЗА РАВАМ БА ЧУСТУЧУЯТ МОДАРАМ.


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
gulijonДата: Пятница, 2013.03.29, 14:39 | Сообщение # 56
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Ҳардуоимодаронидилкабоб 
Дарҳақифарзандгардадмустаҷоб
Дарҳадиси Мустафодидамнавишт: 
Дарқудумимодаронбошадбиҳишт.


Худованд собиронро дуст дорад
 
BonuДата: Суббота, 2013.03.30, 13:04 | Сообщение # 57
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Ай модаричон, ба хоки поят садка,
 Бар шеваву шеваи дуоят садка, 
Одам зи дуо сабзаду аз об дарахт, 
Бар панду насихату садоят садка!!


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
gulijonДата: Среда, 2013.04.03, 09:15 | Сообщение # 58
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Ҳар дуои модарони дилкабоб,
Дар ҳақи фарзанд гардад мустаҷоб.
Дар ҳадиси Мустафо дидам навишт:
Дар қудуми модарон бошад биҳишт.


Худованд собиронро дуст дорад
 
SumayaДата: Пятница, 2013.04.05, 08:47 | Сообщение # 59
Майор
Группа: Почетные
Сообщений: 108
Награды: 4
Репутация: 4
Статус:
Гӯянд маро чу зод модар,
Пистон ба доҳон гирифтан омӯхт.
Шабҳо бари гаҳвораи ман
Бедор нишасту хуфтан омӯхт.
Шаб ҳастии ман зи ҳастии ӯст,
То ҳастаму ҳаст дорамаш дӯст.


Аз Аллох бубин, хар он чи меояд ба сар...
 
BonuДата: Четверг, 2016.04.14, 09:26 | Сообщение # 60
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Аё модар, ба қурбони ту мирам,
Чу мӯҳри меҳри паймони ту мирам.
Ҷаҳон пурмакру дастон аст, бигзор,
Ки ман дар рӯи дастони ту мирам.

Добавлено (2016.04.14, 09:26)
---------------------------------------------
Модарам буд рохнамою рохкушо,
Кутбнамои дасти у, як каф дуо.
Як нигохаш буд кофи суи ман,
То бифахмад дар дилам чист муддао.
Чехрааш тобанда буд берангу бор,
Дошт тароват бар худаш хамчун бахор.
Дар чахон монанди модар кас надошт,
Пеши чашмам эхтирому эътибор.
Баъди модар рости болам шикаст,
Мохии тилло рахо хурдам зи шаст.
Ханда дигар дар лабонам гул накард
Чанги хасрат бар гилеми дил нишаст.
Меравам суяш аёдат бар мазор,
Дар сари гураш намоям рафъ хумор.
Модарон доранд он кадр кудрате,
Баъди марг хам медиханд бар калб карор.


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.
 
gulijonДата: Среда, 2016.04.20, 16:26 | Сообщение # 61
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 652
Награды: 10
Репутация: 9
Статус:
Дар қиёси гӯри мардон пештар
Гӯри занро жарфтар мекофтанд,
Гӯйӣ ӯ дорад гуноҳони азим –
Аз шариат ҳилаҳо меёфтанд.
Гӯри занро жарфтар мекофтанд,
То гуноҳаш жарфтар пинҳон шавад.
То зи хоки ӯ нарӯяд сабзае –
Боиси маъсияти покон шавад.
Бехабар аз он ки зан модар бувад,
Ҷурмаш он бошад, ки инсон зодааст.
Бар чунон одатшиносони дурушт
Ӯ насиби зиндагонӣ додааст.
Бехабар аз он, ки модар холиқ аст,
Зиндагӣ ёбад аз ӯ такрорҳо.
Аз гуноҳи ҷумла фарзандони худ
Мекашад дар гӯр ҳам озорҳо…
Бехабар аз он, ки зан – ҷони ҷаҳон
Чашмашонро бар ҷаҳон бикшодааст.
Гар гуноҳе дорад, он ҳам ин бувад,
К-он чунон ноқадрдонон зодааст…


Худованд собиронро дуст дорад
 
BonuДата: Четверг, 2016.04.21, 13:09 | Сообщение # 62
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 896
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Модар, ту давои дарди ҷонам боши
Модар, ту замину осмонам боши.
Аз ҳар нафасат қасри дилам қад бикашад,
Модар ту ҳакими хонадонам боши.
Ёди ту кунам, ёди ҷаҳонам ояд,
Аз дасту дуои ту дилам осояд,
Ҳар ҷо ки равам, дуои некам бидиҳи,
Дунёи ту дунёи маро орояд.

Добавлено (2016.04.21, 13:09)
---------------------------------------------
Модар, ғами ту ғаби-ғаби ҷонам бошад,Дур аз бари ту будан, гаронам бошад.
Ҳар бор, ки дур меравам аз назарат,
Он рӯзи баҳор, фасли хазонам бошад.
Модар - Модар, ту шоҳбайти асарам,
Ганҷинаи пурмаъониву тоҷи сарам.
Монанди ту меҳрубон надидам дигаре,
Овозаи ту ба рӯ олам бубарам!


Ассалом, эй хоки гулафшони ман, Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман. Ассалом, эй гавҳари ноёби ман, Ассалом, эй Вахш, эй Сурхоби ман. Ассалом, эй қиблаи шабҳои ҳаҷр, Ассалом, эй матлаи анвори фаҷр.

Сообщение отредактировал Bonu - Четверг, 2016.04.21, 13:07
 
  • Страница 2 из 2
  • «
  • 1
  • 2
Поиск:

Приветствую Вас Гость


Кнопка сайта



Друзья сайта
Статистика
Powered by Султанов Баходур Анварович © 2025