Мавриги часть 5, Бухарская классика Душанбе мой любимый город! Таджикистан, Таджик - Добро пожаловать - Welcome - Хуш омадед "Нури дида, точ,и сар"
--

Видео: dushanbetj.ru -Мавриги часть 5, Бухарская классика

  
Мавриги часть 5, Бухарская классика

"Мавриги" Мавриги – это уникальный жанр музыкального искусства, присущий древним бухарским традициям, который был широко распространен в XIX веке. Включающий в себя музыку и пение, он привлекает внимание своей утонченностью, насыщенностью колоритными мелодиями.

"Mavrigi" ensemble from Bukhara, Mavrigi folk music concert
Подшоҳи шаб баромад, э подшоҳи шаб баромад, 
банди дастамро гирифт
Ҳеҷ касе ба мисли ман дар роҳи ишқ расво нашуд, бераҳмо!

Аз таги долон гузаштам, наъли кафшат ёфтам
Аз барои наъли кафшат шиша-сандуқ сохтам
Шиша-сандуқ, ҷон тасаддуқ, хона меҳмон омадаст
Аз Бухорои Шариф як моҳи тобон омадаст

Аз Бухорои Шариф як моҳи тобон омадаст-е
Ёрат ман-е, ёрат ман-е, ёри вафодорат ман-е
Банда-ғуломат мешавам-е, асир ба номат мешавам-е
Асир ба мӯи чин-чинат-е, гулҳо дорад арақчинат-е
Биё бача гул мечинем-е, гулҳо ба сунбул мечинем-е
Монандаи мӯр мечинем-е, бо савти булбул мечинем-е
Инаш хубу ваяш хуб аст-е, абру думи мораш хуб аст-е
Зулфи чилу чораш хуб аст-е, чашми пурхумораш хуб аст-е
Мижгони қатораш хуб аст-е, рӯи беғубораш хуб аст-е
Дандони қатораш хуб аст-е, холи бешумораш хуб аст-е

Ай ҷон, амон амон, ҷон амон
Дили ман боз сӯҳбати дилдори дигар металабад, ёр амон

Субҳидам мурғи чаман бо гули навхоста гуфт:
«Ноз кам кун, ки басе чун ту дар ин боғ шукуфт»
Гул бихандид, ки «аз рост наранҷем, вале
Ҳеҷ ошиқ сухани сахт ба маъшуқ нагуфт»

Ёр омаду ман тоқати дидор надорам
Аз худ гилае дораму аз ёр надорам
Шодам ки ғами ёр зи худ бехабарам кард,,
Боре хабар аз таънаи ағёр надорам
Гуфтам ки биёӣ, ғами ту бо ту кунам шарҳ
Аммо чӣ кунам, тоқати гуфтор надорам
Ёр омаду ман тоқати дидор надорам
Аз худ гилае дораму аз ёр надорам
Ҳоли мани дилхаста хароб аст, Ҳилолӣ
Озурда диле дораму ғамхор надорам
Ёр омаду ман тоқати дидор надорам
Аз худ гилае дораму аз ёр надорам

Шабо ноз, саҳар ноз, саҳар ноз, саҳар ноз,
Дили ошиқ надорад тоқати ноз
Гулею булбулею боғбоне 
Чаро дар бӯса додан дилгаронӣ?
Ки имрӯз ту ба ман чанд бӯса бидеҳ
Ки фардоҳо шавӣ аз дигароне
Шабо ноз, саҳар ноз, саҳар ноз, саҳар ноз,
Дили ошиқ надорад тоқати ноз

Қадат аз гул ишорат мекунам ман
Лабат аз бӯса ғорат мекунам ман
Лаби ту Маккаю ман -- марди ҳоҷӣ
Шаби Ида зиёрат мекунам ман

Аҷаб сурат, аҷаб қомат, аҷаб қад
Аҷаб ошиқкушӣ, эй бемурувват
Каманде бастаӣ, пои дили ман
Наметарсӣ ту аз рӯзи қиёмат

Аҷаб абрӯ, аҷаб гесӯ аҷаб мӯ,
Аҷаб гардан, аҷаб ғабғаб, аҷаб рӯ
Аҷаб соҳибҷамоле дилбари ман
Мисоли дастаи гул медиҳад бӯ

Худат гул, қоматат гул, кафши по гул
Қади боло бинозам хирмани гул
Агар як шаб ба боғат ҷо бигирам
Бигардам шоха шоха мисли булбул

Рухат моҳу, рухат моҳу, рухат моҳ,
Сафеди суратат мисли саҳаргоҳ
Агар рӯзе дусад бор набинам

Ин ҳама ширинлабон афтода дар банди Шумо
Яъне аз ҷон бандаи лаъли шакарханди Шумо
Аз хироми дӯш дар даъвои раъное ба боғ
Банд карда найшакарро қомати қанди Шумо
Кай бувад, аз лутфатон бар орзуи дил расад
Айнии бечора, яъне орзуманди Шумо
//youtube.com/v/YOP2WACiwQI ссылка для скачивания
Рейтинг: 5.0/1






Схожие материалы:
Категория: Таджикские клипы-Tajik clip (Видеоклипы) 2013 | Просмотров: 1289 | Добавил: Admin | Теги: Марвиги, Бухарская классика
Всего комментариев: 0
avatar









































































Как искать?
Например: Шабнами Сураё или Шабнам. Гр.Эхсон или Эхсон Dj-Aladdin или Aladdin.
Другие клипы
Мавриги часть 5, Бухарская классика (0)1288

Fариби.Мусофир.Мухочир (0)1934

Andy in Tajikistan (4)4067

На севере Таджикистана вдали от цивилизации живут потомки древних племен (2)1938

По проспекту Ленина на троллейбусе в Душанбе видео (4)5320

Парк 850 летия Москвы, город Душанбе (0)2364

Wedding Surprise! Sharaf and Sitora wedding. Dushanbe July 25, 2009. Asia Grand Hotel. (10)1654

Shabnam Soraya Tanhae 2012 (0)1458

Comedy Tajikistan (0)2044

Для настроение посетителей (1)978

Статистика
Яндекс цитирования Находится в каталоге Апорт Яндекс.Метрика
Powered by Султанов Баходур Анварович © 2025